МАҲФИЛИ “ТЕХНИКОНИ ҶАВОН” ДОИР ГАРДИД

photo_2021-10-20_14-42-03

Имрӯз, 20 октябри соли 2021, бо ташаббуси кафедраи технологияи иттлоотӣ ва амнияти иттилотии факултети дипломатия ва сиёсати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили илмии “Техникони ҷавон” доир гардид.

 

Дар маҳфил муаллимони кафедраи технологияи иттилоотӣ ва амнияти иттилотӣ Одинаев Р, Холмуродов Р, Умарализода М., Раҳимов Ф.. Умарзода С. ва аъзоёни маҳфили илмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Дар маҳфил гуфта шуд, ки дар ҷомеаи муосир технология мавқеи муҳимро ишғол мекунад. Он ба тамоми соҳаҳои ҳаёт таъсири худро мерасонад ва барои осон намудани инкишофи ҳаёти мо бениҳоят кумаки калон мерасонад.

 

Дар охир баҳсу мунозираҳо ва саволу пешниҳодҳо доир ба мавзӯи маҳфили илмӣ миёни иштирокдорон сурат гирифт.

Похожие записи