ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ ДАР АРСАИ  БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Президент в ОООН

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли даврони истиқлолият мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам намуда, ҳамчун як кишвари фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масоили глобалӣ шинохта шудааст. Ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон равобити судмандро бо ҷаҳони хориҷ барқарор кардааст. Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон 29 сентябри соли 1993 бори нахуст аз минбари Созмони Милали Муттаҳид сухан ронда, ҷомеаи ҷаҳониро бо ҳадафҳои сиёсии сулҳҷӯёнаи Тоҷикистон ва таҳкиму тақвияти ҳамкорӣ бо кишварҳои дӯсту сулҳпарвари ҷаҳон ошно намуд.

 

Тавсеаи равобит бо кишварҳо ва созмонҳои олам бо ҳифзи манофеи миллӣ ва риояи манфиати шарикон мақсади ногузирпазири Ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад. Имрӯз Тоҷикистон бо аксари кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои дуҷониба барқарор намуда, 161 давлат истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман эътироф кардааст. Илова бар ин, Тоҷикистон аъзои беш аз 350 санади байналмилалӣ ба мисли Конвенсияҳо, Хартияҳо ва Эъломияҳои байналмилалӣ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуда, aйни ҳол, дар 57 созмони минтақавию байналмилалӣ ба узвият шомил гаштааст. Аз ҷумла, Созмони Милали Муттаҳид (март, 1992) Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (ЭКОСОК июн, 2016), Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (OECD, 1992), Созмони умумиҷаҳонии савдо (ВТО, 2013), Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, Хазинаи байналмилалии асъор (МВФ, 1993), Бонки ҷаҳонӣ (ВБ,1993), Созмони байналмилалии меҳнат (МОТ, 1994), Бонки авруосиёии рушд (ЕБР,  2009), Корпоратсияи  байналмилалии молиявӣ (МФК, 1994) ва дигар ташкилотҳо, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо кишварҳо дар ҳаллу фасли мушкилоти сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷаҳон нақш мегузорад.

 

Дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла омадааст:Тоҷикистон риояи тавозуни байни раванди ҷаҳонишавӣ ва манфиатҳои миллии ҳар як кишвар, эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва истиқлоли ҳар як давлат, фароҳам сохтани имкониятҳои баробар, низоми амниятии фарогир ва мақоми сазовори ҳамаи кишварҳо ва халқҳоро, сарфи назар аз иқтидор, нақш ва мартабаи онҳо дар тақсимоти геополитикии неруҳо, ба ҳайси асоситарин ва муҳимтарин меъёрҳои ҳаёти ягонаи байналмилалӣ дар амал мешиносад ва итминон дорад, ки ҷаҳонишавӣ ва манфиатҳои миллии кишварҳо бояд якдигарро пурра созанд ва кафили боэътимоди рушди устувори муносибатҳои байналмилалӣ бошанд”.

 

Бояд тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ дарҳои худро ба рӯи кишварҳои олам боз кард ва бо эъломи «сиёсати дарҳои боз» равобити байналмилалиро баҳри муаррифии Тоҷикистон дар ҷаҳон ва ҷалби сармояи хориҷӣ барои бозсозии кишвар шурӯъ намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон равобитро бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Иттиҳоди Аврупо, Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва кишварҳои арабии ҳавзаи Халиҷи Форс густариш дода истодааст.

 

Сиёсати оқилонаи Тоҷикистон боис гардид, ки мақом ва нуфузи худро дар арсаи байналмилалӣ қавитар сохта, дар ҳалли масоили минтақавӣ ва ҷаҳонӣ фаъолона иштирок намояд. Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ як кишвари фаъолу ташаббускор шинохта шудааст. Ташаббусҳои созандаи Президенти кишвар мансуб ба ҳалли мушкилоти ҷаҳону минтақа, оид ба мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм, низоъангезӣ ва ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккилонаи байналмилалӣ инчунин масъалаҳои глобалии иқтисодӣ ва экологӣ ба ҷаҳониён расонида мешавад.

 

Дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ гардидани ташаббусҳои Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи “Соли байналмилалии оби тоза, 2003”, Даҳсолаи байналмилалии амалиёт “Об барои ҳаёт, 2005-2015”, “Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013” ва  Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” гувоҳи обрую эътибори хоса мебошад.

 

Ҳукумати кишвар сиёсати хориҷии бисёрвекторӣ, воқеъбинона ва фаъолро амалӣ карда, дар рушд ва татбиқи масъалаҳои байналмиллалӣ ва минтақавӣ дар соҳаи амният, ҳамкорӣ ва рушд саҳми арзанда мегузорад. Раёсати Тоҷикистон дар Созмони паймони аҳдномаи амнияти дастаҷамъи (СПАД) Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИТД), далели эътибори баланди байналмилалии Тоҷикистон дар тӯли солҳои истиқлолият шудааст.

 

Натиҷаҳои 30 соли Истиқлолият гувоҳи онанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист дар арсаи ҷаҳонӣ як модели хоси давлатдории мустақили миллиро эҷод кунад. Арзишҳои бунёдии ин модел ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ мебошанд, ки дар атрофи ғояҳои миллӣ муттаҳид шудаанд.

 

Сарвиноз ИКРОМОВА,

иҷрокунандаи сардори

раёсати робитаҳои байналмилалӣ

Похожие записи