ПАРЧАМ — РАМЗИ ИТТИҲОДУ САРҶАМЪӢ

парчам

Қадршиносӣ ва гиромӣ доштани Парчами миллӣ эҳтиром ба миллат, давлату давлатдорӣ, ба Ватани маҳбубамон мебошад, зеро парчами мо дар замони истиқлолияти давлатӣ василаи асосии таҳкими Ваҳдати миллӣ, роҳнамои мардуми кишвар ба сӯи ояндаи нек ва нишонаи побарҷо будани давлати соҳибистиқлоли мо дар арсаи ҷаҳон гардидааст.

Эмомали Раҳмон

 

Инкишоф ва ташаккули ҳар як давлати миллӣ ба рамзҳои давлатии он робитаи ногусастанӣ дорад. Дар моддаи 3-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ зикр шудаанд, ки онҳо боиси ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд.

 

Миллати тоҷик ҳанӯз аз замони қадим соҳиби парчами худ буданд ва онро чун рамзи озодию истиқлол ва саодати миллӣ гиромӣ медоштанд. Дирафши Ковиён нахуст парчами ориётаборон аз тамаддуни қадимаю бойи тоҷикон дарак медод. Тоҷикон дар тӯли таърихи хеш зери парчам бар зидди аҷнабиён мубориза бурда, истиқлолияти хешро ҳифз намудаанд.

 

Дар парчам нишонаҳои муҳиму арзишманди фарҳанги ҳар як халқу миллат, роҳи таърихии тайкардаи он ва дигар аломатҳои ифодакунандаи истиқлолияти давлатӣ инъикос меёбанд. Рангу аломатҳои парчам ифодагари воқеияти роҳи таърихии халқи бостонии мост.

 

Дар солҳои 20-уми асри ХХ баробари таъсиси Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурии мухтор соҳиби парчами нав гардид. Минбаъд дар замони Шӯравӣ низ Тоҷикистон парчами давлатӣ дошт, лекин бо мурури замон бартарият ба парчами давлатии ИҶШС дода мешуд. Хушбахтона, 9-уми сентябри соли 1991 Тоҷикистон истиқлолият ба даст овард, вале дар оғоз то қабули парчами нав бо парчами замони Шӯравӣ муаррифӣ мешуд.

 

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи таърихии 16- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи давлатдории навини тоҷикон кабул гардид. Сарвари давлат фаъолияти давлатдории хешро бо бӯсидан ва арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ шурӯъ намуданд.

 

Боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистони маҳбуби мо зери Парчами давлатӣ собитқадамона ба сӯи ояндаи нек қадам мегузорад. Пешвои миллат, таъкид намудаанд, ки: “Мо бояд чунин фазоеро фароҳам созем, ки минбаъд низ тамоми аҳли ҷомеа ва хурду бузурги кишвар таҳти Парчами давлатӣ муттаҳиду сарҷамъ гардида, барои вусъати амалҳои ободкорӣ ва ҳимояи дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ омода бошанд”.

 

Парчами давлатии мо на танҳо аз лиҳози бузургӣ, балки интихоби мазмуну муҳтавои рангҳои он — сурх, сафед ва сабз низ ифодакунандаи орзуву ормонҳои миллати тоҷик мебошад. Нақши тоҷ ва ҳафт ахтар дар меҳвари он бозгўи миллати аз қадим соҳибдавлат ва тоҷдор будани онро нишон медиҳанд.

 

Нангу номуси ватандорӣ барои ҳар як инсони ватандӯст, ифтихору ғурури баланди миллӣ дошта, волотар аз ҳама гуна сарватҳои моддӣ мебошад, чунки бидуни ин ҳама фард, миллат озод ва соҳиби Ватан буда метавонад.

 

Арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, аз ҷумла ба Парчами давлатӣ, арҷгузорӣ ба тамоми арзишҳои дирӯзу имрӯз ва фардои миллат аст. Ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами давлатӣ ба хотири эҳтиром ва бузургдошти қаҳрамонони миллат ба хотири онҳоест, ки барои ҳимояи нангу номус ва марзу буми ин кишвар ҷоннисорӣ намуда, забон, фарҳанг ва ҳуқуқи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро ҳифз намуда, бегазанд то ба замони мо расонидаанд.

 

Муҳаббат ва садоқат ба Парчами давлатӣ ифодагари ҳақиқии эътиқоду имон ба миллат, давлат, сарзамин, тамаддуну фарҳанг ва тамоми арзишҳои миллии халқи тоҷик мебошад.

 

Ишкинисо МАХКАМОВА,

омӯзгори калони кафедраи

технологияи иттилоотӣ ва амнияти иттилоотии Академия

 

Похожие записи