АЗ ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ ТО ВАҲДАТИ БУНЁДГУЗОР

Ijlosiya 13.11.12

Дар таърихи навини миллати тоҷик саҳифаҳои дурахшон сабт шудаанд, ки бо мурури замон ҳар чӣ бештару бештар моҳият ва манзалату арзишҳои онҳо барои пешрафти ҷомеаи мо аёнтар мегардад. Саҳифаҳои муосири давлатдории навини миллии мо аз ду санаи муҳим — Иҷлосияи таърихии тақдирсоз ва имзошавии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ оғоз мешаванд. Аз ин рӯ, барои миллати шарафманди мо санаҳои мазкур моҳият ва арзиши бузурги ҳам сиёсӣ ва ҳам идеологию иҷтимоӣ доранд. Маҳз ин ду воқеаи таърихӣ миллати моро аз вартаи ҳалокат ва сарсонию саргардонӣ эмин нигоҳ дошта, сарҷамъ оварданд ва ба ин рӯзҳои неку созанда оварда расониданд.

 

Дар кори Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон пас аз ба вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ интихоб шуданашон, зимни суханронии нахустин Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз доштанд: “…Ман кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард… Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам. Мо бояд ҳама ёру бародар бошем,  то ки вазъиятро ором намоем…”.

 

Ҳамин тариқ, ин ду мафҳум ва падидаҳои таърихӣ бо ҳам тавъам буда, барои омӯзиш ва таҳқиқ масъалаҳои хеле мубрам маҳсуб меёбанд. Агарчӣ дар ин бобат дар адабиёти илмӣ, сиёсӣ ва илмӣ-оммавӣ маводҳо ба табъ расонида шуда бошанд ҳам, ҳоло паҳлуҳои дигари баррасии онҳо анҷом дода нашудааст. Хушбахтона, вақтҳои охир дар матбуот ва нашрияҳои мухталиф маводҳои арзишманд доир ба мавзӯи мазкур бо мундариҷа ва мазмуни баланд ба нашр мерасанд. Ҳамаи ин фаъолиятҳо, таҳқиқотҳо ва омӯзишҳо барои наслҳои оянда як заминаи бунёдии пешрафт, мустаҳкамии зинаҳои давлатдорӣ хоҳанд шуд.

 

Дар адабиёти илмии замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ доир ба таъсисёбии ҶМШС ва ҶШС Тоҷикистон одатан менавиштанд, ки “… Тоҷикистон аслан дар макони холӣ бунёд карда шуд…”, яъне ин ҷумҳурӣ дар солҳои 20-уми садаи ХХ ягон зерсохтори коммуникатсионӣ, ҳатто пойтахт надоштааст. Дар айёми соҳибихтиёрӣ низ мо дар солҳои 90-уми қарни ХХ бинобар сабаби ҷанги дохилӣ хисороти азиме дида, солҳо аз пешрафт ақиб мондем.

 

Ҳамин тариқ, Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Тоҷикистон як падидаи таърихии тақдирсози миллат гардид, ки миллати азияткашидаи мо бо роҳбарияти бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи нави эҳёшавӣ, рушд ва созандагиро пеш гирифта буд. Иҷлосия дар як вазъи мураккаби сиёсӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 бо иштироки 193 нафар вакили мардумӣ аз теъдоди умумии 230 нафар вакили мардумии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт. Иҷлосияи мазкур дар маҷмуъ 23 масъалаҳои мубрами рӯзро ба муҳокима гузошт, ки аз онҳо муҳимтаринаш ин муроҷиати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил; дар бораи тартиби ба ҷойи истиқомати муқимиашон баргаштани гурезаҳо; дар бораи Нишон ва Парчами давлатии Тоҷикистон; дар бораи интихоби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон; дар бораи авфи умумӣ; дар бораи аз муҳосираи иқтисодӣ раҳо додани минтақаҳои ҷудогонаи ҷумҳурӣ; дар бораи ба эътидол овардани вазъияти ҷамъиятию сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра буда, аз рӯйи онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

 

Дар ин лаҳзаҳо кулли ҷомеаи Тоҷикистон интизори дарёфти роҳи саҳеҳи ҳалли масъалаи ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ буд. Оммаи мардум рафти кори Иҷлосияро бо диққати ҷиддӣ мушоҳида ва навоҳии дурдасти кишвар бошад, тавассути радио гӯш мекарданд.

 

Дар кори Иҷлосия 19 ноябри соли 1992 пас аз истеъфои Акбаршо Искандаров аз вазифаи Раиси Шӯрои Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон ба ин вазифа таъин гардиданд. Аз рӯзҳои аввали фаъолият Эмомалӣ Раҳмон дар гирди худ ҷонибдорони ҳар чӣ тезтар ба кишвар овардани сулҳро ҷамъ оварда, тамоми неруҳои дигари онвақта дар кишвар фаъолбударо барои тақдири минбаъдаи Тоҷикистон, ба охир расидани ҷанги бародаркуш, ба даст даровардани сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ, барпо намудани Ҳукумати конститутсионӣ даъват намуданд.

 

Баъд аз анҷомёбии кори Иҷлосия Ҳукумати нави Тоҷикистон кори худро дар Душанбе оғоз намуд. Ҳукумати Тоҷикистон 12 декабри соли 1992 ба шаҳрвандони мамлакат муроҷиат намуда, нақшаи асосии сохтмони ҷомеаи демократиро муайян кард. Дар ин бобат Пешвои миллат баъди гузашти мурури вақт, чунин гуфтаанд: “Ба назари аввал иҷрои нақшаҳое, ки дар он иҷлосияи таърихӣ ба хотири оштии миллӣ ва таъмини сулҳи деринтизор кашида шуданд, ғайриимкон менамуд. Зеро ханӯз оташи ҷанг аланга мезад ва кишвар харобазор гашта, садҳо ҳазор шаҳрвандони мо дур аз Ватан ва сарсону саргардон умр ба сар мебурданд. Вазъият боз аз он сабаб печидаву мураккаб буд, ки сохторҳои асосии ҳокимияти давлатӣ пурра фалаҷ гардида буданд. Бо вуҷуди ҳамаи ин шуълаи умед дар дилам лаҳзае хомӯш намешуд”.

 

Бад-ин минвол хишти аввали давлатдории навини кишвари маҳбубамон гузошта шуд. Аз он хотир Иҷлосияро таърихию тақдирсоз ном мебаранд, зеро маҳз ин воқеа имкон дод, ки Тоҷикистон як кишвари орому осоишта ва рӯ ба инкишоф шавад.

 

Пас аз чандин марҳалаҳои мушкили дигари сулҳофарӣ ва расидан ба Ваҳдати миллӣ бо роҳбарияти оқилонаи Сарвари мамлакат, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди созандагию ободонӣ ва ба нақшагирию амалигардонии нақшаҳои стратегии рушд, рушди устувор шуруъ мешавад. Самтҳои асосии марҳалаи рушди давлатдориамон ба тариқи мушаххас дар суханрониҳои Пешвои миллат чунин баён ёфта буданд:

“Самти аввал, ҳифзи давлатдории миллӣ мебошад. Мо то имрӯз марҳалаи бисёр мураккаби эҳё ва барқарорсозии давлатдории миллии худро асосан ба анҷом расонидем ва бисёр масъалаҳоеро, ки хоси ин давра буданд, ҳал кардем. Вале масъалаи ҳифзи ин дастоварди бузург, яъне ҳимояи давлату давлатдории миллӣ ҳамчун масъалаи бисёр муҳими ҳаётӣ ҳамоно боқӣ мемонад.

Самти дуввум, ин масъалаи ҳамаҷониба баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ маҳсуб мсшавад. Ин масъала хусусан дар раванди ҷаҳонишавӣ ва асри иттилоот аҳамияти хосса пайдо мекунад.

Самти сеюм, ба таври огоҳона муттаҳид намудани мардуми кишвар дар атрофи “Тоҷикистони соҳибихтиёр – Ватани ягонаи мо” мебошад.

Самти чорум, рушду такомули фарҳанги сулҳ ва ризоияти миллӣ ба ҳисоб меравад, ки он бояд ҷавҳари фаъолияти ҳамешагии мардуми мо бошад.

Самти панҷумро метавон сиёсати рӯ овардан ба ҷавонон номид. Моҳияти асосии ин самт аз он иборат аст, ки барои беҳбуди шароити рушди маънавию ахлоқӣ ва таҳсилу кор ба ҷавонон имкониятҳои муносиб фароҳам оварда шаванд.

Самти шашум, ҳифзи ҳувияти миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ”.

 

Чандин лоиҳаҳои хурду бузург доир ба баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, саноатикунонӣ амалӣ шуда, лоиҳаҳои нав таҳия гардида истодаанд.

 

Ҳамин тариқ, аз Иҷлосияи тақдирсоз то Ваҳдати бунёдгузор миллати мо дар тӯли 30-соли Истиқлоли давлатӣ ба бисёр комёбиҳо ва дастовардҳои оламшумулу бузург ноил гашт, ки ин ҳамаи моро водор мекунад, то бо масъулияти баланд онҳоро нигоҳ дорем ва барои пешрафти кишвари азиз саҳми худро гузорем. Зеро моҳияти таърихӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии ин ду падида, воқеаи бузурги таърихи миллати тоҷик низ дар ҳамин аст. Чунончӣ омадааст: “То ранҷ набарӣ, ганҷ муяссар намешавад”. Миллати ранҷбурдаи мо акнун дар айёми истифодаи озод аз ганҷу файз ва баракати Истиқлол қарор дорад.

 

Карамалишо КАРАМАЛИШОЕВ,

сардори раёсати илм ва инноватсияи Академия

Похожие записи