ДАСТОВАРДҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЗАРФИ 30 СОЛ

истиқлол дастовард

Дастоварди бузургтарини мо дар тӯли 30 соли истиқлол барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ байни табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик муяссар гардид.

 

Мутахассисони Маркази татқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди кишвари моро дар солҳои Истиқлоли давлатӣ бо овардани рақамҳои мушаххас чунин номбар намуданд:

  1. Бунёди нерӯгоҳи барқии хурду бузург дар кишаар, аз ҷумла “Роғун” ва даҳо неругоҳои барқии дигар;
  2. Дар тӯли 30 соли охир 50 маротиба зиёд гардидани маҷмӯи маҳсулоти дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  3. Тахминан 97 маротиба афзудани даромадҳои буҷети давлатӣ;
  4. Нисбат ба соли 1951 тақрибан 35 маротиба афзалият ёфтани гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ, ки бо арзи хориҷӣ ҳисоб шудааст;
  5. Соли 1991 358 корхонаи саноатӣ ва ҳоло ба 2500 адад расидани теъдоди онҳо;
  6. Ба беш аз 200 ҳазор гектар расонидани боғу токзори кишвар, ки нисбат ба соли 1991 2,5 маротиба зиёд аст;
  7. Баланд бардоштани мақоми занон ва ҷавонон дар ҷомеа;
  8. Афзудани теъдоди муасссисаҳои тандурустии давлатӣ, пеш 374 адад буд, ҳоло бошад ба 1750 адад мерасад.

 

Расидан ба истиқлолияти давлатӣ воқеан ҳам ба талошҳои маънавии тоҷикон мазмуни тозаи созанда бахшид. Дар солҳои аввали даврони истиқлолият, новобаста ба идома ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ, буҳрони сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ, касоди маънавӣ дар ҷомеа, мардуми шарифи тоҷик бахусус аҳли илму фарҳанг дар самтҳои фаъолияти хеш чароғи илму маърифати миллиро фурӯзон намуда, барои ба вуҷуд омадани ҳувияти миллӣ ва ифтихори давлатдорӣ пайваста талош меварзиданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлолу демократӣ дар арсаи байналмилалӣ бар он пайваста талош дорад, ки бо барқарор намудани муносибатҳои дипломатии иқтисодӣ ва тиҷоратӣ бо мамлакатҳои ҷаҳон, доштани узвият дар созмонҳои бонуфузи иқтисодию тиҷоратии байналмилалӣ ва минтақавӣ сиёсати иқтисодии хешро бо назардошти манфиатҳои миллию давлатӣ пеш барад. Айни замон, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 100 кишвари дунё робитаҳои иқтисодиро барқарор намудааст.

 

Дар фарози сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 соли даврони истиқлолият марҳилаи муҳим арзёбӣ мешавад. Тӯли солҳо ба мутобиқат бо равандҳои печдарпечи минтақа ва ҷаҳон сиёсати хориҷии ҷумҳурии тозаистиқлоли мо низ бо назардошти манфиатҳои миллию давлатӣ ташаккул ёфтаву рушд намуд.

 

Тоҷикистон равобити хубу самарабахшро бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ, аз ҷумла бо Бонки Ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки таҷдиду рушди Аврупо, Бонки Осиёии рушд, Бонки рушди исломӣ ва як теъдод хазинаву фондҳои кишварҳои мухталиф барқарор намуда, такя ба моҳияти сиёсати хориҷии “Дарҳои кушод” ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои Ғарбу Шарқ ва ҷаҳони исломро мувофиқи мақсад мешуморад. Бинобар ин, дар густариши равобити устувори дуҷониба ва бисёрҷонибаи байнидавлатӣ барои ҳарчи бештар ҷалб намудани сармояҳои кишварҳои Россия, Чин, Амрико, Аврупо, Ҷаҳони ислом ва дигар давлатҳои дунё аз прагматизми иқтисодӣ ва ҳусни тафоҳум кор мегирад.

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти вобаста ба об дар сатҳи ҷаҳонӣ пайваста иштирок мекунад. Аксарияти ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи об рабт доранд.

 

 

Тавре аён аст, бе инкишофи маориф пешравии мамлакат ғайриимкон аст. Соли 1997 дар ҷумҳурӣ қариб 700 ҳазор мактабҳо ба таҳсил шуруъ карданд. 27-июни соли 1993 Маҷлиси Олӣ Қонун “Дар бораи маориф”-ро қабул кард.

 

Дар баробари ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзиш ва таваҷҷуҳ ба забонҳои хориҷӣ низ мақоми хоса пайдо кард. Рӯзи байналмилалии забони модарӣ бо мақсади ҳифзи забонҳо ва фарҳангҳои гуногуни ҷаҳон дар иҷлосияи 30-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО, ки 17-уми ноябри соли 1999 баргузор гардида буд, эълон шуд.

 

Орзу мекунем, ки 30 соли истиқлол чун 30 зинаи камолоти миллату давлат дар дили ҳар як фарзанди бонангу номуси Тоҷикистон оташи меҳр, ҳамдиливу ҳамфикриро фурӯзон нигоҳ дорад ва донаҳои умеду эътимодро ба фардои неки Ватан ба тулуъ оварад. Бигзор, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот поянда, ормонҳои волои истиқлол ба ҳадафҳои наҷиби созандагӣ раҳнамои ояндаи неки пиру ҷавони мамлакат гардад.

 

Умеда МИРЗОЗОДА,

муаллими калони кафедраи

дипломатия ва муносибатҳои байналмилалии Академия

Похожие записи