МАҲФИЛИ НАВБАТИИ “ФИРИСТОДАГОН” ДОИР ГАРДИД

8

Бо ташаббуси кафедраи дипломатия ва муносибатҳои байналмилалии факултети дипломатия ва сиёсати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили навбатии илмии донишҷӯён ва магистрантон — “Фиристодагон” баргузор гардид.

 

Дар рафти чорабинӣ як қатор устодони кафедра, аъзоёни маҳфил ва донишҷӯёну магистрантон дар мавзӯи “Равандҳои нави сиёсии Афғонистон ва таъсири он ба минтақа” андешаронӣ карданд.

 

Маҳфилро ассистенти кафедраи дипломатия ва муносибатҳои байналмилалӣ, роҳбари маҳфил Махфирати Диловаршо оғоз намуда, кулли иштирокчиёни чорабиниро хуш омадед намуда, кори маҳфилро оғоз бахшид.

 

Сипас, магистранти курси якум, шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Каримӣ Муҳаммад Қосим дар мавзӯи “Давраи дуюми ҳукмронии Толибон дар Афғонистон ва сиёсати онҳо”, магистрант Ҳасанова Нурия дар мавзӯи “Аҳмадшоҳи Масъуд-қаҳрамони миллии Афғонистон”, Холмуродов Азимҷон дар мавзӯи “Вазъи имрӯзи Афғонистон ва нақши он ба минтақа ва ҷаҳон” ва донишҷӯи курси 4 Зиёдулло Олимов дар мавзӯи “Вазъи сиёсӣ ва иқтисодии Афғонистон” маъруза намуданд.

 

Дар қисмати дуюми маҳфил бахши муҳокима ва музокира доир гардид. Дар рафти он устодони кафедра ва донишҷӯёну магистрантон фаъолона иштирок намуда, фикру андешаҳои худро вобаста ба мавзӯи пешниҳодшуда баён намуданд.

 

Дар фарҷом муаллими калони кафедраи дипломатия ва муносибатҳои байналмилалӣ Анушервон Алуев дар асоси саволҳо ва пешниҳодҳо маҳфилро ҷамъбаст намуда, ба иштирокчиёни маҳфил ҷиҳати иштироки фаъолонаашон миннатдорӣ намуд.

Похожие записи