НАҚШИ СОҲИБКОРЗАНОН ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ МАМЛАКАТ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раванди мунтазам баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, махсусан нақши муассири занон дар рушди соҳибкорӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

 

Дар ин радиф, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 30 соли Истиқлоли давлатӣ сараввал ба масъалаи дастгирии давлатии занон ва ташаббусҳои созандаи онҳо эътибори ҷиддӣ дода, пайгирона кӯшиш менамояд, ки ин неруи бузурги ободгар ва созандаро барои рушди устувори кишвар ва корҳои ободонӣ равона созад.

 

Тавассути чунин дастгирӣ ҳиссаи фаъолияти занон дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди ҷумҳурӣ меафзояд. Бо назардошти тақвият бахшидани фаъолияти пурсамари занони соҳибкор дар мамлакат тадбирҳои иловагии дастгирии онҳо давра ба давра амалӣ гардида истодаанд.

 

Бо мақсади дастгирии занон як қатор барнома ва стратегияҳои давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробар барои занони Тоҷикистон ба тасвиб расидаанд. Ҳамзамон, масъалаи мазкур дар ҳуҷҷатҳои стратегии рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар, аз ҷумла дар Стратегияи миллии рушд барои солҳои 2015-2030 дарҷ гардидаанд, ки заминаҳои ҳуқуқии дастгирии соҳибкории занону духтаронро дар мамлакат устувор мегардонанд.

 

Яке аз самтҳои асосии дастгирии занон таъсис додани грантҳои президентӣ бо мақсади дастгирии фаъолияти соҳибкории бонувон, ба касбомўзӣ ҷалб намудан ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва донишу малакаи касбии онҳо маҳсуб меёбад. Иқдоми мазкур аввалан сатҳи некуаҳволии занонро баланд мегардонад, сониян боиси рушди иқтисодии кишвар мегардад.

 

Бонувони ташаббускор ва бунёдкори тоҷик бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар ҳамаи бахшҳои иқтисодиёти миллӣ, аз ҷумла кишоварзӣ, чорводорӣ, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, сохтмон, тандурустӣ, маориф, хизматрасониҳои машваратӣ, молиявию қарзӣ, технологияҳои иттилоотӣ, нақлиёт, алоқа, инфрасохтори сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ фаъолияти пурсамар доранд.

 

Занон тавассути масъулияти хоси иҷтимоӣ, лаёқати баланди эҷодкорӣ ва навоваронаи худ ба ширкатҳои соҳибкорӣ сатҳи баланди даромаднокӣ, самаранокӣ ва мавқеи устувор дар бозорҳоро таъмин менамоянд.

 

Дар ин радиф, бо мақсади рушди соҳибкорӣ байни занон давоми солҳои 2013-2020-ум 34 лоиҳаи тиҷоратии занони соҳибкор ба маблағи зиёда аз 22,8 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки айни замон ба Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон “Саноатсодиротбонк” табдил ёфтааст, дастгирӣ ёфтааст. Маблағҳои қарзии ба занони соҳибкор ҷудогардида асосан ба бунёди муассисаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, маҳсулоти қаннодӣ, маводи озуқаворӣ, дўзандагӣ ва масолеҳи сохтмонӣ равона гардидаанд.

 

Барои боз ҳам зиёд гардидани теъдоди бонувони соҳибкор дар кишвар, баланд бардоштани обрӯю нуфузи онҳо, тақвият бахшидани имкониятҳои иқтисодӣ ва фаъолнокии бонувон дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа татбиқи тадбирҳои муассир идома дорад.

 

Ҷойи эътироф аст, ки яке аз омилҳои таҳкимбахши Истиқлоли давлатӣ мустақилият ва озодии зан-модари тоҷик ба ҳисоб меравад. Соҳибият ба сарнавишти мустақилонаи хеш боиси саҳмгузории бештари занон дар таъмини суботи ҷомеа гардид, зеро суботи оила санги асоси суботи ҷомеа ба ҳисоб меравад. Тавассути фаъолияти занони соҳибкор яке аз рукнҳои устуворсози оила – мустақилияти моддӣ-молиявии он таъмин мегардад. Имрўз саҳми занон дар таҳкимбахшии рукни мазкури оила дар баробари мардон батадриҷ меафзояд.

 

Ҳамзамон, тавре ки қайд гардид, татбиқи босамари тадбирҳо дар самти дастгирии соҳибкорӣ байни занон барои рушди соҳибкорӣ ва дар ин замина рушди иҷтимоиёту иқтисоди миллӣ такони хосса мебахшад.

 

Тавре аз таҷрибаи ҷаҳонӣ бармеояд, дар сохтори идоракунии ширкатҳои соҳибкории мамлакатҳое, ки бахши хусусии рушдёфта доранд, ҳиссаи зиёди занҳо ба назар расида, ҳар як бонуи соҳибкор, пеш аз ҳама, модар ва хоҳар мебошад ва дар тарбияи худ фарзанду бародар дошта, дар назди ҷомеа масъулияти баландро соҳиб мебошад.

 

Ҷойи қаноатмандист, ки бонувони соҳибкори тоҷик рисолати худро дар ҷодаи созандагиву ободкунӣ бо масъулияти баланд дарк мекунанд ва дар ҷавоб ба дастгириҳои Пешвои муаззами миллат баҳри баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳли ҷомеа ҷаҳду талошҳои пайваста менамоянд.

 

Рахшона МУҲАММАДЗОДА,

магистранти Академия

Похожие записи