МАҚОМИ ЗАН ДАР ҶОМЕА

заноно

Зан-модар азизтарин ва меҳрубонтарин мавҷуди рӯи замину само ва чароғи рӯшани ҳар як хонадон аст, ки ибтидои ҳар лаҳзаи зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегардад. Зан — модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоии зиндагию хонадон, рамзи ишқи ҷовидонии башарият, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзандон мебошад. Зеро тори роҳи тайнамудаи ҳар яки мо аз риштаи меҳру садоқату вафои модарон бофта шудааст. Худованд ба зан-модар қудрате ато намудааст, ки ба мо зиндагӣ меофарад ва дар набарди ҷовидонии ҳаёту марг зиндагиро зинда медорад.

 

Мақом ва манзалати зан дар оинаи таърихи башарият бағоят бузург аст. Зеро ин офарандаи беҳамто, фариштаи заминӣ бо исми “модар” бо як даст гаҳвора, бо дасти дигар дунёро такон медиҳад. Бале, иффату поктинатӣ, зебоӣ, меҳрубонӣ, фурӯтаниву хоксорӣ, маърифату донишварӣ хоси зан буда, ба аҳли башар, алалхусус, аҳли хонавода, марду фарзандон ҳусни зебогӣ, тароват ва ороставу покизагӣ мебахшад.

 

Таърих гувоҳ аст, ки мардуми тамаддунофару меҳнатқарини мо ба маърифатнокӣ, қавииродагӣ, сабру таҳаҳаммулгароии зан-модар аҳамияти хоса дода, кӯшидааст, ки занон дар чомеа пешоҳанг ва воломақом бошанд. Зеро маърифатнок будани зан имкон медиҳад, ки сатҳи маънавии оила ва ҷомеа баланд шуда, фарзандон ва  аҳли хонавода маърифатноку донишманд тарбият меёбанд, ин нукта талаботи асосии фарҳанги баланди оилаву оиладориро таҷассум медиҳад. Бинобар ин барои устувории оила муҳаббати самимӣ ва эҳтирому боварӣ ба якдигар асоси мустаҳкамии оила дар чомеа буда, ин иқдом роҳпаймоии фарзандон дар шоҳроҳи зиндагӣ ба шумор меравад.

 

Рафтору кирдор, гуфтор ва маърифати волои модар ба фарзандон таъсири амиқ мерасонад. Вакте ки модар китобхон, боиффат, бомаърифат ва донишманд бошад, пас фарзандон низ хислатҳои неки модарро дар худ парвариш дода, дар зиндагӣ шиори худ мекунанд. Пас,ин мактаби зиндагиро ба фарзандон пеш аз ба ҳаёти мустақилона гусел карданашон сабақ дода, онҳоро аз нозукиҳои оиладорӣ, одоб, муошират, муносибат, каму кости зиндагӣ. таҳаммулпазириро дар ниҳодашон дарк карданро омӯхт. Алалхусус, ба тарбияи духтарон аҳамияти ҷиддӣ дода шуда, ҳанӯз аз хурдӣ ба онҳо тарзи муносибат, муошират, пухтупаз, рӯбучини хона, касбу ҳунар омӯзондан зарур аст.

 

Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳи онанд, ки дар замири таърихи башарият занони тоҷик дар қатори мардон мардонагиву шуҷоат ва қаҳрамонӣ нишон дода, қаҳрамонии Малика Томирис, Рухшона, Гурдофарид ва амсоли инҳо дар ватандӯстиву ватандории миллат саҳми арзанда гузоштаанд.

 

Дар замони соҳибистиқлолӣ бонувони кишвар баробари мардон номуси ватандорӣ, ватандӯстиро бар дӯши худ гирифта, дар тамоми соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат кору фаъолият карда, бо ташаббусҳои созандаву бунёдкории хеш дар Тоҷикистони азизамон саҳм гузоштаанд. Истиқлоли давлатӣ барои мавқеи устувори зан-модар дар ҷомеа тамоми имкониятҳоро фароҳам овард ва занони қавииродаву сулҳхоҳи моро ба арсаи васеи роҳи сиёсат ворид намуд. Дар баробари ин, мавқеву манзалати занонро дар рушди иқтисодиёт, сиёсат ва фарҳанги мамлакат таҳким бахшида, барои истифодаи неруи ватандорию ватанхоҳӣ ва бунёдкорию гулгулшукуфии Тоҷикистони азизамон заминаи устувор гузошт.

 

Мадина БЕКНАЗАРОВА,

сардори шуъбаи фарҳанг ва

рушди истеъдодҳои ҷавони Академия

Похожие записи