“ПЕШГИРИИ ЗУҲУРОТИ КОРРУПСИОНӢ ТАВАССУТИ ШАБАКАҲОИ ИНТЕРНЕТӢ”

IMG_3616

Таҳти ин унвон бо ташаббуси кафедраи технологияи иттилоотӣ ва амнияти иттилоотии факултети дипломатия ва сиёсати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили илмии “Техникони ҷавон” баргузор гардид.

 

Дар маҳфил мазкур намояндагони раёсати таълими Академия, муовини декани факултети дипломатия ва сиёсат оид ба илм, омӯзгорони кафедра, магистрантону донишҷӯён ва аъзоёни маҳфили илмӣ иштирок намуданд.

 

Маҳфилро муовини декани факултети дипломатия ва сиёсат оид ба илм Иззатуллоева С. ифтитоҳ бахшида, аз суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд, ки таъкид намудаанд: Пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ тавассути шабакаҳои интернетӣ роҳе баҳри ободиву созандагии ватану миллати тоҷик барои наслҳои оянда мебошад.

 

Вазифаи ҳар муассисаи илмӣ ба роҳ мондани системаи муосир ва ҷалб намудани кадрҳои болаёқат ва соҳибкасб мебошад. Дар баробари донистани технологияи иттилоотӣ мутахассисон ва ҷавонон бояд технологияи иттилоотӣ ва амнияти иттилоотиро дар сатҳи аъло аз худ намоянд ва ҳамчунин донистани технология ва забонҳои компютерӣ ҳатмӣ мебошад.

 

Баъдан роҳбари маҳфил Одинаев Р.С. ҳадафи интихоби мавзӯи маҳфил ва масъалаҳои баррасишавандаро шарҳу тавзеҳ дода, қайд намуд, ки бо истифода аз шабакаҳои интернетӣ метавон ин зуҳуроти номатлуби ҷомеаро то ҷое аз байн бурд. Аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки баҳри решакан кардани ин зуҳуроти номатлуб дастаҷамъона мубориза бояд барем ва дар рушди кишвари худ саҳмгузор бошем.

 

Ассистенти кафедраи технологияи иттилоотӣ ва амнияти итттилоотӣ Холмуродов Р. дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар рушди илмҳои дақиқ” баромад намуда, аз ҷумла гуфт, ки Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди илмҳои дақиқ ва технология натиҷабахш буда, хонандагон, донишҷӯён ва омӯзгоронро ҳавасманд намуда, дарҳои илмомӯзиро барои ҳар як фарди ҷомеаи ватандӯст кушодааст.

 

Дар маҳфил аз ҷониби донишҷӯён маърузаҳо бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) ироа шуд. Аз ҷумла, донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси идораи давлатӣ Довудзода К. дар мавзӯи “Пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ тавассути шабакаҳои компютерӣ ва технологияҳои муосир”, донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси “Идораи давлатӣ” Бобоева М. дар мавзӯи: “Илм ва технология: ихтирооти нав, ғайриоддӣ, ояндаи мо”, донишҷӯи курси аввали ихтисоси “Муносибатҳои байналмилалӣ” Саидзода М. дар мавзӯи “Технология в сельском хозяйстве”, донишҷӯи курси аввали ихтисоси “Муносибатҳои байналмилалӣ” (гр англисӣ) Занҷирова Я. дар мавзӯи “Using informational technologies in corruption” баромад карданд.

 

Дар идомаи маҳфил байни иштирокчиёну аъзоёни маҳфил баҳсу мунозираҳо оид ба мавзуъ доир шуда, аз тарафи иштирокчиён баҳои баланд дода шуд.

 

Дар фарҷоми маҳфил аз тарафи аъзоён бозиҳои зеҳнӣ гузаронида шуда, иштирокчиёни фаъол бо туҳфаҳо ва мукофотҳо қадрдонӣ гардиданд.

Аксҳо

Похожие записи