ВОХӮРӢ БО ХАТМКАРДАГОНИ МАГИСТРАТУРАИ ТАҲСИЛОТИ ЯКСОЛА ВА КУРСИ “ЗАН-САРВАР”

IMG_9578

Дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии хатмкардагони магистратураи таҳсилоти яксолаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва курси “Зан-сарвар” аз МИҲД вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи он дар шаҳри Хуҷанд т баргузор гардид.

 

Дар вохӯрӣ Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода, ноиби ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Академия Исматов Сомон Сулаймонович, ноиби ректор оид ба иқтисод ва хоҷагидори Абдуалимзода Исмоил Иброҳим ва дигар намояндагони Академия иштирок намуданд.

 

Зимни вохӯрӣ иштирокчиён бо хатмкунандагон дар бораи фаъолияти кориашон суҳбат намуданд. аз ҷумла ректори Академия Ғафурзода А.Д., иброз намуд, ки ҷалби ҷавонон ба илмомӯзӣ ва ба вазифаҳои калидӣ таъин намудани онҳо аз рўзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар қарор дошт. Имрӯз қисми зиёди хизматчиёни давлатиро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Пешвои миллат ба садоқати насли ҷавон ва қудрату тавоноии ин қишри ҷомеа боварӣ ва эътимоди қавӣ доранд.

 

Хатмкардагони магистратураи яксола ва курси “Зан-сарвар”дар навбати худ аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат нисбат ба насли ҷавон изҳори миннатдорӣ намуда, қайд карданд, ки онҳо бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда нишон диҳанд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз намоянд, ҳамзамон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзида, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя кунанд.

 

Вохӯрӣ судманду хотирмон ҷамъбаст гардид.

Похожие записи