ҲИМОЯИ ДАВЛАТ ВА ҲИФЗИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ — МУҲИМТАРИН ВАЗИФАИ ҶАВОНОН

ҷавонон-1

Дар давоми солҳои Истиқлоли давлатӣ ҷавонони саодатманди кишвар бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо истифода аз донишу малакаи хеш дар ҷодаҳои мухталифи хоҷагии халқ фаъолияти пурсамар намуда, барои рушду инкишофи ҷомеаи мутамаддини Тоҷикистон саҳми шоён гузошта истодаанд. Ҷавононро ҳамчун ояндасозони давлату миллат, қувваи пешбаранда ва неруи ҳаракатдиҳандаи ҷомеа эътироф кардани Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодати он аст, ки ҷавонон воқеан давомдиҳандагони ҳадафҳои олии Пешвои миллат ҳастанд.

 

Мулоқотҳои пайвастаи Пешвои миллат бо ҷавонон собит месозанд, ки Роҳбари давлат ба неруи созанда, иқдомҳои бунёдкорона, ташаббусҳои наҷиб ва маҳорати созандаи ҷавонон боварии комил доранд ва ғамхорӣ дар ҳаққи насли ояндасози миллат як самти фаъолияташон маҳсуб меёбад.

 

Боиси хушнудист, ки ҳар як мулоқоти Пешвои миллат бо намояндагони ҷавонон ба манзур сохтани як падидаи ҷолиб ва ташаббуси наҷиб ба анҷом мерасад. Аз иқдомҳои наҷиб ва ҳидоятҳои хирадмандонаи Сарвари давлат дар даврони Истиқлоли давлатӣ, ин таъсиси Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар соҳаи адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ ва барномасозӣ, Стипендияи президентӣ, Квотаи президентӣ, стипендияи байналмилалии “Дурахшандагон”, Грантҳои ҳукуматӣ дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон, “Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ”, инчунин баргузории конфронсу форумҳо, анҷуману фестивалҳо, семинарҳои омӯзишиву мизҳои мудаввар, чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, илмиву маърифатӣ маҳсуб меёбанд.

 

Ҳамчунин, дар даврони Истиқлоли давлатӣ дар самти баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои зиндагии шоиста тамоми шароити заруриро муҳайё намуда, барои амалӣ гардидани ташаббусҳои онҳо заминаи мусоид фароҳам оварда шуд. Бо ин мақсад даҳҳо қонуну қарорҳо ва барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” қабул карда шуданд, ки онҳо барои муттаҳид намудани ҷавонон ва дар пешрафти кишвар, ҳимояи марзу буми он, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва корҳои созандагиву ободкорӣ фаъолона ширкат кардани онҳо роҳи васеъ кушоданд. Аз тарафи дигар, давраи Истиқлоли давлатӣ дар баробари ҳалли масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ зарурати таҳқиқи илми ватаниро ба миён гузошт. Аввалин шуда ин масъаларо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, дар назди олимони тоҷик як қатор вазифаҳои муҳим гузоштанд.

 

Дар ин росто ҷавононро мебояд ба хотири ҳифзи Истиқлоли давлатӣ, ки шарти ҳастиву бақои миллат ва кафили фардои дурахшони он мебошад, ҳамчунин, барои таҳкими дастовардҳои он, аз ҷумла сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии халқи азизамон тамоми донишу таҷриба ва саъю кӯшиши худро сафарбар созанд ва бо заҳмати содиқонаи худ Ватанамонро боз ҳам ободу зебо ва давлати соҳибихтиёрамонро пешрафтаву муқтадир гардонанд. Ҳамчунин, дар роҳи иҷрои тадбирҳои созанда ба хотири ободии кишварамон ва болоравии сатҳи зиндагии шоистаи аҳолӣ ҷавонони кишвар бояд ҳамеша муттаҳиду сарҷамъ ва зираку ҳушёр бошанд.

 

Зимнан ин хитоби Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки таъкид намуданд: “Муҳимтарин вазифаи шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандии ҳар як сокини мамлакат, бахусус, наврасону ҷавонон аз он иборат аст, ки Тоҷикистони азизамонро сидқан дӯст доранд ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд. Раванди бисёр мураккабу пурпечутоби ҷаҳонишавӣ ва таҳдиду хатарҳои торафт афзояндаи замони муосир моро ҳушдор медиҳанд, ки нисбат ба ҳар вақти дигар ҳушёр бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва давлати соҳибистиқлоли худро аз таъсири тазодҳои ҷаҳони имрӯза эмин нигоҳ дошта, ба хотири фардои ободу осуда саъю талоши бештар кунем”, сармашқи кори худ қарор диҳанд ва дар пайравӣ аз Пешвои миллатамон барои ҳифзу нигоҳдошти тамоми арзишҳои миллӣ камари ҳиммат банданд.

 

Муҳайё ДАВЛАТЗОДА,

магистранти Академия

Похожие записи