ҲАМКОРИҲОИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН ТАҚВИЯТ МЕЁБАНД

+1

Бо мақсади густариш додани муносибатҳои дуҷониба ва муҳокимаи идеяҳои фаъолияти минбаъда дар доираи раёсати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Созмони ҳамкории Шанхай Собиров Қобилҷон Қосимович — директори Маркази дипломатияи мардумии СҲШ дар Ӯзбекистон ба Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон ташриф овард.

 

Зимни ташриф Қобилҷон Қосимович аз Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон ва Маркази омӯзиши “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” дидан намуда, зимнан дар кори мизи мудаввар таҳти унвони “Ҳамоиши СҲШ 2021: натиҷаҳои раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои рушди фаъолияти созмон” иштирок ва суханронӣ кард.

 

Дар рафти мизи мудаввар директори Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон доктори илҳои ҳуқуқшиносӣ профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, Котиби генералии СҲШ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Норов Владимир Имомович, (тариқи онлайн) ҳамоҳангсози миллии СҲШ дар Тоҷикистон Саидмуродзода Аҳмад Лутфулло, Рашид Алимов, собиқ Котиби генералии СҲШ,  Котиби генерелии Кумитаи Чин оид ба ҳамсоягии нек, дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ Чжен Вэй, Раиси Зеркумитаи марказхои тахлилии РХДМ Сунь Ли, директори Маркази таҳқиқоти Осиёи Шарқӣ ва СҲШ Лукин Александр Владимирович ва директори эҷодии платформаҳои ҷавонони кишварҳои СҲШ Алина Жолобова тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

 

Ҳадаф аз баргузории мизи мудаввари мазкур натиҷагирӣ аз фаъолияти пурсамари Тоҷикистон дар доираи раёсат ва ташаббусҳои он барои рушди минбаъда мебошад. Дар кори мизи мудаввар шарикони Марказ ва ҳамкорони дохиливу хориҷӣ атрофи масоили ҳамкориҳо дар доираи СҲШ, натиҷагирӣ аз раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмони мазкур ва банақшагирии фаъолият ва ҳамкориҳои судманд дар соли минбаъда суханронӣ намуданд.

 

Аз ҷумла, директори Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ зимни суханронӣ иброз дошт, ки Созмони ҳамкории Шанхай яке аз сохтори нодири минтақавӣ буда, борҳо хусусияти умумибашарии худро дар ҳаллу фасли масоили мубрами ҷаҳонӣ исбот кардааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз кишварҳои таъсисдиҳандаи ин созмони байналмилалии минтақавӣ ва иштирокчии фаъоли он буда, дар рушду равнақи он саҳми босазо дорад. Иштироки фаъоли Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай, пайгирии манфиатҳои кишвар дар доираи он ва ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд бо кишварҳои аъзо имкон медиҳад, ки ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ самаранок амалӣ карда шаванд ва рушди иқтисодӣ ва ояндаи дурахшон барои мардуми ватанамон таъмин гардад.

 

Директори Маркази дипломатияи мардумии СҲШ дар Ӯзбекистон Собиров Қобилҷон Қосимович зикр кард, ки барои муаррифии мероси бойи адабии ҳар як давлати узв маҷмӯи китобҳо бо ҷамъоварии беҳтарин шеъру мақолаву афсонаҳоро Маркази дипломатияи мардумии СҲШ дар Ӯзбекистон ба табъ расонид. Китобҳои мазкурро Директори Маркази дипломатияи мардумии СҲШ дар Ӯзбекистон барои мутолиа ба Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон тақдим намуд.

 

Ҳамин тавр, дар ҷараёни мизи мудаввар ҳамаи иштирокчиён маъруза намуда, ҷиҳати густариш додани муносибатҳои дуҷониба ва муҳокимаи идеяҳои фаъолияти минбаъда дар доираи ҳамкориҳои СҲШ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Похожие записи