БАРГУЗОРИИ 2 — ЮМИН ФОРУМИ МУКОЛАМА ОИД БА ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АКАДЕМИЯҲОИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ, ҚАФҚОЗИ ҶАНУБӢ ВА АВРУПОИ ШАРҚӢ ДАР АКАДЕМИЯ

IMG_6186

Имрӯз, 18 нобяри соли 2021 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи хамкориҳо бо Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) 2-юмин Форуми муколама оид ба ҳамкориҳои байналмилалии академияҳои идоракунии давлатии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқози Ҷанубӣ ва Аврупои Шарқӣ тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ (онлайнӣ) баргузор гардид.

 

Дар чорабинӣ ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон д.и.ҳ., профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Олимшо Меҳрӣ, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатов Ҷумъа Муҳмадалиевич, ректорони академияҳои идоракунии давлатии ҷумҳуриҳои, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Гурҷистон, Украина, намояндагони Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ), Сафорати Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Академияи хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Туркманистон иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Дар рафти форум дар доираи хамкориҳо бо Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) “Маркази рушди ҳуқуқи маъмурӣ” дар назди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муосиртарин таҷҳизот ифтитоҳ гардид.

 

Таъкид гашт, ки “Маркази рушди ҳуқуқи маъмурӣ” дар доираи ҳамкориҳои судманд бо шарикони хориҷии Академия бунёд гардида, мақсад аз ташкили он ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти ҳалли масоили марбут ба расмиёти маъмурӣ-ҳуқуқӣ, мурофиаи маъмурӣ-ҳуқуқӣ, асосҳои ҳуқуқии хизмати давлтӣ ва идоракунии давлатӣ дар самтҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ равона гардидааст.

 

Форумро ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон д.и.ҳ., профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки татбиқи ислоҳот ва рушди низоми хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар марҳилаи кунунии рушди давлатдорӣ дар Тоҷикистон нисбат ба тайёр кардани мухтахассисони баландихтисоси дорои қобилияти баланди баррасии масъалаҳои мураккаб дар муносибатҳои иҷтимоӣ талабот беш аз пеш меафзояд. Ҳамзамон, равандҳои ҷаҳонишавӣ дар як вақт яксонсозии талаботро барои мутахассисони соҳаи хизмати давлатӣ дар ҳама зинаву мартабаҳои идоракунии давлатӣ тақозо мекунанд. Маҳз барои ҳамин усулҳое, ки барои тайёр кардани мутахассисони самти хизмати давлатӣ дар кишварҳои хориҷӣ бомуваффақият татбиқ карда мешаванд, барои мо низ метавонад бо назардошти меъёрҳои миллӣ ва талаботи қонунҳои амалкунандаи кишвар мутобиқ карда шаванд,” — зимни суханронӣ иброз дошт ректори Академия.

 

Бояд тазаккур дод, ки форуми мазкур ду рӯз идома ёфта, дар 4 давра сурат мегирад. Дар давраҳои форум аз ҷумла, академияҳои маъмурии давлатҳои Осиёи Марказӣ, Гурҷистон ва Украина муаррифӣ гардида, мавзуъҳои “Ҳуқуқи маъмурӣ-мурофиавӣ”, Этикаи хизмати давлатӣ”, “Худидоракунии маҳаллӣ”, “Идоракунии стратегии академияҳои маъмурӣ” аз ҷониби маърузачиён ва иштирокдорон мавриди муҳокимаи васеъ қарор дода мешаванд.

 

Дар маҷмуъ, дар доираи форум масъалаҳои мубрами баланд бардоштани сифати таълиму таҳқиқ, такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва азнавтайёркунии кадрҳои соҳаи хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар ин самт заминаҳои устувор гузошта хоҳад шуд.

 

Дар фарҷоми Форум миёни академияҳои идоракунии давлатӣ созишномаҳои нав ба имзо хоҳанд расид.

Похожие записи