ЧОРАБИНИҲО БАХШИДА БА РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ВНМО

1

Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Созмони ҷавонони донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи субҳи 1 декабри соли 2021 бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди ВНМО (СПИД), аз ҷониби волонтёрони Академия аксияии тарғиботӣ баргузор гардид.

 

Волонтёрони Академия варақаҳои таблиғотиро, ки дар он маълумотҳо оиди пешгирӣ аз сироятшавӣ ба ин беморӣ дарҷ гардида буд, ба сокинону меҳмонони пойтахт тақсим намуданд.

 

Аз рӯи варақаҳои тарғиботӣ ба сокинону меҳмонони пойтахт фаҳмонида шуд, ки ВНМО (ВИЧ) – ин вируси норасоии масунияти одам мебошад, ки ба организми инсон дохил шуда, бемории ВНМО — сироятро (ВИЧ — инфекция) ба вуҷуд меорад, ки дар натиҷаи он масунияти одам паст шуда, бемориҳои оппортунистӣ авҷ мегиранд.

 

Баъд аз аксияи тарғиботи бо ташаббуси Созмони ҷавонони донишҷӯёни факултети идоракунии давлатӣ мизи мудаввар таҳти унвони “Вируси норасоии масунияти одам-хатар ба ҷомеаи солим” бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди ВНМО (СПИД) баргузор гардид.

 

Дар мизи мудаввар муовини декани факултети идоракунии давлатӣ оид ба илм Раҳимов Фарҳод, муовини сардори раёсати корҳои тарбиявӣ Бекназарова Мадина, сармутахассиси раёсати корҳои тарбиявӣ Иброҳимзода Эраҷ, сардори шуъбаи фарҳанг ва рушди истеъдодҳои ҷавон Абдулҳаев Абдулвоҳид, роҳбари Созмони ҷавонони донишҷӯёни Академия Бердизода Сиявуши Қосим ва волонтёрони Академия иштирок намуданд.

 

Нахуст роҳбари бахши кор бо волонтёрони факултети идоракунии давлатӣ Кабутов Меҳтоҷ чорабиниро оғоз бахшида, баъдан ба меҳмонон барои қироати маърӯза сухан дода шуд.

 

Маърӯзачиён оид ба таърихи пайдоиши бемории мазкур суханронӣ намуда, аз роҳҳои пешгирӣ ёдовар шуданд.

 

Ҳамзамон аз ҷониби волонтёрони факултети идоракунии давлатӣ-Шораҳматов Ҷамшед ва Мададхонов Ямин дар мавзӯи “Вазъи ВНМО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Сабаб, пайдоиш ва паҳншавии бемории ВНМО” дар шакли презентатсия маърӯза карда шуд, ки диққати ҳозиринро ҷалб намуд.

Похожие записи