МАРОСИМИ ХАТМИ МАГИСТРАНТОНИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

IMG_6096

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани дипломҳо ба хатмкунандагони зинаи магистратураи хизматчиёни давлатии таҳсилоти шабона баргузор гардид.

 

Дар маросими тақдими дипломҳо ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Олимшо Меҳрӣ, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ, Роҳбари Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон дар Осиёи Марказӣ доктор Макс Георг Майер, устодону кормандон ва хатмкунандагон иштирок ва суханронӣ намуданд.

 

Абдухалил Ғафурзода чорабинии тантанавиро ифтитоҳ намуда, хатмкунандагон ва магистрантоне, ки ҳамакнун ба таҳсил дар Академия фаро гирифта шудаанд, таҳният гуфта, қайд кард: “Ҷалби ҷавонон ба илмомӯзӣ аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар қарор дошт. Имрӯз қисми зиёди хизматчиёни давлатиро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба садоқати насли ҷавон ва қудрату тавоноии ин қишри ҷомеа боварӣ ва эътимоди қавӣ доранд”.

 

Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо Олимшо Меҳрӣ иброз дошт, ки: “Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки дар асоси сиёсати дурбинона ва маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ Донишкада ба Академия табдил дода шуд, ва Шумо аз хушбахтарин нафароне мебошед, ки ин даргоҳи илму маърифатро хатм мекунед. Шумо зинаи магистратураро дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муосиртарин шароит ба итмом расонидед. Умед дорем, ки оянда барои халқу Ватани худ хизмати содиқонаву софдилона хоҳед кард”.

 

Зикр гашт, ки имрӯз дар кишвар зиёда аз 40 муассисаи таҳсилоти олӣ ба омода кардани мутахассисони соҳаҳои гуногун машғуланд. Миёни онҳо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона муассисаи олист, ки ба омода кардани кадрҳои соҳаи хизмати давлатӣ машғул аст.

 

Хатмкунандагони магистратураи хизматчиёни давлатӣ аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат нисбат ба насли ҷавон изҳори миннатдорӣ намуда, қайд намуданд: “Мо, ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошем, ташаббусҳои созанда нишон диҳем, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз намоем, ҳамзамон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзида, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя кунем ва ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат ба халқу Ватан хизмат намоем”.

 

Сипас, дар фазои тантанавӣ аз ҷониби роҳбарияти Академия ва меҳмонон ба 43 нафар хатмкунандагон дипломҳо супорида шуд.

 

Мавриди зикр аст, ки магистратураи хизматчиёни давлатӣ соли 2009 дар доираи Созишномаи дуҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон аз рӯйи ихтисоси идоракунии давлатӣ барои дастгирии хизматчиёни давлатӣ таъсис дода шудааст, ки дар он маҳз хизматчиёни давлатӣ аз тамоми вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомотҳои маҳаллӣ ҷалб карда мешаванд.

 

Дар фарҷом аз ҷониби кормандони шуъбаи фарҳанг ва рушди истеъдодҳои ҷавони Академия барномаи рангини фарҳангӣ иборат аз шеъру сурудҳои ватандӯстона пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

Похожие записи