ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР ПЕШГИРИИ ТАҲДИДҲОИ ЭКОЛОГӢ

IMG_7135

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумат аз 2-юми октябри соли 2019, № 482 барои бартараф, пешгирӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул гардидааст.

 

Дар заминаи ҳуҷҷати мазкур ва бо мақсади пурра ва ҳаматарафа татбиқ намудани он санадҳои зиёди банақшагирии стратегӣ қабул ва роҳандозӣ гардидааст. Ҳалли мушкилиҳои экологӣ дар замони муосир, ба масъалаи глобалӣ табдил ёфтааст. Барои ҳалли масъалаҳои экологӣ ва пешгирӣ кардани хатарҳои экологӣ фаъолияти дастаҷамъонаи ҷомеа, давлат ва ҷомеаи байналмилалӣ зарур мебошад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳамкорӣ бо давлатҳо кўшиш ба харҷ дода истодаанд, ки дар таъмини ҳифзи муҳити зист, таъмини амнияти экологӣ, пешгирии оқибатҳои хавфноки экологӣ, истифодаи самаранок ва оқилонаи захираҳои табиӣ нақш гузоранд.

 

Ҳамзамон, ҷиҳати ҳалли мушкилоти экологӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ чораҳои банақшагирии комплексӣ андешида, барои пешгирии буҳронҳои экологӣ нақша, барнома ва стратегияҳо қабул намуда истодаанд. Аз ҷумла, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул гардида, яке аз омили пешгирии таҳдидҳои экологии замони муосир мебошад.

 

Чунонки дар қисме аз бандҳои он дарҷ гардидааст: Таъсироти тағйирёбии иқлим дар ҳамаи сатҳҳои система зоҳир мегарданд: глобалӣ, минтақавӣ, зерминтақавӣ, миллӣ ва маҳаллӣ. Бо дарназар доштани мавқеи географӣ, гуногунии шароити иқлимӣ, сохтори иқтисодӣ, тавсифоти демографӣ ва манфиатҳои геосиёсӣ тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон коркарди қаблии муносибати ҳамаҷониба ва баробарро ба мушкилоти иқлим ва масъалаҳои ба он вобастаро дар асоси таҳлили маҷмўии илмии муҳити зист, омилҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ тақозо менамояд.

 

Тағйирёбии иқлими пешгӯишаванда на танҳо метавонад дастовардҳои рушдро, ки дар гузашта ноил шуда буданд, ба ақиб гузорад, балки мардуми бештарро тариқи кам кардани ҳосили кишоварзӣ, баланд бардоштани арзиши озуқаворӣ ва зиёд кардани паҳншавии бемориҳои сирояткунанда ба камбизоатии шадид гирифтор намояд.

 

Ҳангоми баромад дар Конфронси 21-уми Тарафҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи тағйирёбии иқлим дар шаҳри Парижи Фаронса, санаи 30-юми ноябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки гарчанде ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми умумии хориҷкунии газҳои карбон дар сатҳи глобалӣ кам бошад ҳам, аммо Тоҷикистон дар ҷаҳон яке аз кишварҳои ба тағйирёбии иқлим хеле осебпазир мебошад.

 

Хавфҳое, ки бо тағйирёбии иқлим ва чораҳои мутобиқшавӣ барои паст кардани ин хавфҳо ба аҳолӣ ва соҳаҳои калидии иқтисодиёт алоқаманданд, унсурҳои муҳимми Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мебошанд. Ҳангоми ба имзо расонидани Созишномаи байналмилалӣ доир ба иқлим дар Конфронси Тарафҳои Конвенсияи Қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP-21) дар Париж моҳи декабри соли 2015, Тоҷикистон саҳми тахминӣ ва дар сатҳи миллӣ муайяншавандаро омода кард, ки равандҳои иқлимро арзёбӣ мекунад ва сенарияҳои гуногунро барои қабули минбаъдаи тадбирҳо баҳри коҳиш додани хориҷкунии газҳои гулхонавӣ тартиб медиҳад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи Парижро 22-юми апрели соли 2016 ба имзо расонид ва парламенти кишвар онро 16-уми феврали соли 2017 тасдиқ намуд.

 

Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим (СММТИ) инчунин уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир ба Рӯзномаи маҷлис барои асри XXI ва Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҲРУ) вобаста ба мубориза бо  тағйирёбии иқлим, ки аз тарафи Иҷлосияи 70-уми Маҷмааи Умумии СММ моҳи сентябри соли 2015 ба тасвиб расидааст, ба назар мегирад.

 

Таваҷҷуҳи асосии Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҲРУ) консепсияи рушди устувори инсон мебошад. Дар ин замина  пурра аз  байн бурдани камбизоатӣ, иваз намудани моделҳои ноустувор ва пешбурди моделҳои устувори истеъмолӣ ва истеҳсолӣ, мубориза бо тағйирёбии иқлим бо мақсади рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоӣ аз вазифаҳои асосӣ ва шароитҳои ҳаётан муҳими рушди устувори инсон мебошанд.

 

Машваратҳои миллӣ оид ба таҳияи СММТИ ба сифати афзалият чор бахшро муайян намуд, ки ҳам ба тағйирёбии иқлим осебпазир ва ҳам барои рушд афзалиятнок мебошанд: 1) энергетика, 2) захираҳои об, 3) нақлиёт, 4) кишоварзӣ. Инчунин, ҳафт бахшҳои байнисоҳавиро дохил намуданд: 1) тандурустӣ, 2) маориф, 3) гендер, 4) ҷавонон, 5) муҳоҷират, 6) муҳити зист ва 7) ҳолатҳои фавқулода.

 

Тағйирёбии иқлим боиси мушкилоти калон барои Тоҷикистон мегардад, зеро кишвар хеле ба ин осебпазир буда, дорои иқтидори нисбатан пасти мутобиқшавӣ мебошад.

 

Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим (СММТИ) метавонад дар таҳия ва амалӣ намудани сиёсати Тоҷикистон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба он мусоидат кунад. Он ба дастгирии рушди иқтисодӣ ва суръатбахши модернизатсияи ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, диверсификатсия ва таҳкими бозори глобалӣ, инчунин баландшавии рақобатнокии иқтисодиёти Тоҷикистон аз ҳисоби беҳтар кардани мутобиқшавӣ ва самаранокии қувваи барқ дар кишвар равона шудааст. СММТИ ба кишвар имконият медиҳад, ки барои банақшагирии рушди устувори кишвар дар маҷмуъ, аз ҷумла иқтисодиёти он, муносибати нисбатан маҷмўӣ ва динамикӣ қабул намояд, инчунин дурнамоҳои миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат доир ба тағйирот ва тағйирёбандагии иқлим ба инобат гирифта шавад.

 

Дар сатҳи байналмилалӣ СММТИ барои Тоҷикистон ҳамчун воситаи асосӣ дар пешбарӣ ва таблиғи мавқеи худ дар гуфтушунидҳо дар доираи Конвенсияи Қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим метавонад ва оид ба иҷрои уҳдадориҳои дар чаҳорчӯбаи КҚСММТИ қабулшуда ва банақшагирии минбаъдаи иқтисодиёти миллӣ бо дарназар дошти тағйирёбии иқлим гузориш диҳад.

 

Стратегияи мазкур, ки дар асоси муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи моддаи 18 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва аз суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси Тарафҳо оид ба тағйирёбии иқлим (СОР-22) дар шаҳри Париж ва ҷаласаи пленарии Иҷлосияи 72-юми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бармеояд, асос гирифтааст, саривақтӣ буда, қобили дастгирӣ ва иҷроиш барои пешгирии тағйирёбии иқлим мебошад. Дар ин замина, моро зарур аст, ки дар якҷоягӣ бо ҷомеа ва сохторҳои давлатӣ дар самти бартараф намудан, пешгирӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим кўшиш намоем.

 

Ҷамшед РАШИДОВ,

муовини сардори раёсати таълими Академия

Похожие записи