ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ

об

Бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати инсонпарваронаю башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба самти ҳифзи табиат, хосатан неъмати бузургу гаронарзиши ҳаёт, ганҷинаи камёбу нодири табиат — об хело афзун гашт.

 

Дар ҳамин радиф метавон зикр кард, ки натанҳо таваҷҷуҳи роҳбарияти ҷумҳурӣ нисбати ин арзиши умумибашарии олами моддӣ афзун гашт, балки ташаббусҳои сабз низ дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, зери роҳбарии Пешвои хирадманду ташаббускори тоҷикон ба амал омад. Аз ҷумла, дар минбарҳои бонуфузи олам пайваста зикр намудани об ҳамчун неъмати нодиртарини ҳаёт ва асоси мавҷудияти олами зинда будани ин махзани волои табиатро борҳо баён намуданд.

 

Аввалин ташаббуси байналмилалии кишвари мо дар самти об соли 2003-юм бо номи “Соли оби тоза” қабул гардид, ки тавонист то андозае ба ҷаҳониён манзалати об ва захираи тамомнашаванда буданашро нишон диҳад.

 

Бевосита ташаббусҳои пайваста ва ҷаҳду талошҳои инсонпарваронаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкони боз як ташаббуси глобалии сабзи даҳсоларо даст дод. Ин ташаббус Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” солҳои 2005-2015 арзёбӣ гардида, дар ин давра як қатор деҳоту шаҳракҳои дурдасти ҷумҳурӣ, ки аз набудани оби тозаи ошомиданӣ танқисӣ мекашиданд ва дастрасӣ ба об надоштанд, дар ин муддат мушкилоти норасоии обӣ бартараф гардида, ҳалли худро ёфт.

 

Бояд қайд кард, ки дар ин муддат роҳбари хирадманду оқили Тоҷикистон  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳадафҳои бузурге, ки дар самти ҳифзи табиат тарҳрезӣ намуда буданд, ноил гаштанд, аммо бо ин  ташаббусҳо қаноатманд нагардида, боз як ташаббуси сабзи умумибашарии дигареро таҳти соли 2013 унвони “Соли ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи об” пешниҳод намуданд, ки аз ҷониби Маҷмааи умумии Созмони Милали  Муттаҳид ва кулли давлатҳои сайёра, ки аъзои ин созмони бонуфузанд, ба хушӣ пазируфта шуд.

 

Бузургони олам ҳамеша дар пайи беҳбудию ташаббусанд ва мекӯшанд то як фазои сабзу мунаввари зисту зиндагиро ба наслҳои ояндаашон ба мерос гузоранд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи чунин шахсиятҳоест, ки ободии сайёра, фазои накҳатбор, чаман ва бунёди дунёи саршор аз меҳру садоқат шиораш аст. Ҳамин аст, ки бо чунин пешдастиҳои глобалӣ ва ғамхориҳои бағоят бузург дар самти об қонеъманд нашуда, ташаббуси чаҳоруми хешро таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028 дар арафаи таҷлил аз ҷашни байналмилалии Наврӯзи Аҷам бо иштироки бевоситаи Роҳбари давлат 22 марти соли 2018 дар минбари бонуфузи СММ мавриди амал қарор доданд ва ин ташаббуси бузургро 193 кишвари ҷаҳон дастгирӣ намуда, аз тарафи СММ пазируфта шуд.

 

Дар ин давра тибқи нақша дар назар дошта шудааст, ки дар тамоми ҳудуди ҷумҳурӣ ислоҳот дар соҳаи оби тозаи ошомиданӣ гузаронида шавад ва он деҳаҳои дурдасте, ки ба оби аз ҷиҳати экологӣ тоза дастрасӣ надоштанд, таъмин гарданд ва ҳамзамон дар самти пешгирии обшавии пиряхҳо низ чорабиниҳои мушаххас роҳандозӣ карда мешаванд. Бояд қайд кард, ки дар мамлакатамон 947 дарёе, ки аз 10 км дарозӣ доранд, 1449 кӯлҳои хурду калони табиӣ, ки масоҳати онҳо ба 705 км (0,5 фоизи қаламрави кишвар) мерасад. Ҳаҷми ҳамаи оби кӯлҳо 46,3 км мебошанд. Аз ин 19,3 км-и он оби нӯшокӣ мебошад, захираи умумии обҳои зеризаминӣ бошад, 18,7 км-ро ташкил медиҳад, масоҳати умуми пиряхҳо тақрибан 8,5 ҳаз.км буда, қариб 6 фоизи сарзамини ҷумҳуриро ташкил медиҳанд ва инчунин 200 чашмаҳои хурду калони табииву шифобахш мавҷуд мебошад.

 

Мутаассифона, бо тағйирёбии иқлим ва аз меъёр зиёд гарм омадани солҳо дар ҷумҳурӣ обшавии босуръати пиряхҳо ба назар мерасид, ки ин омилҳо боиси нигаронии аҳли башар аст. Бояд зикр кард, ки манбаи асосии обҳои ҷумҳурии моро бевосита пиряхҳо ташкил медиҳанд. Бо обшавии бесобиқаи пиряхҳо ва инчунин камбориш омадани солҳои охир кам шудани сатҳи оби дарёҳои бузурги ҷумҳурӣ ба назар расид, ки ин боиси нигаронист. Бо вуҷуди он ки Тоҷикистон ҳамагӣ 11% масоҳати Осиёи Марказиро ташкил медиҳад, вале ҳудуди он 65% захираи оби ҳавзаи минтақа маскан гирифтааст. Ба ин пеш аз ҳама мавқеи географӣ, хусусиятҳои иқлимӣ, релеф, сатҳи ҷойгиршавӣ ва дигар омилҳои табиӣ сабаб гардидаанд. Аз 115,6 км оби ҳавзаи баҳри Арал қариб 90% — и он аз ҳудуди Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷорӣ мегардад. Саҳми Тоҷикистон дар ташаккулёбии гидрографияи Осиёи Марказӣ хело бузург аст. Бинобар ин, ҷомеаи ҷаҳониро зарур аст, ки алайҳи ин таҳдидҳои бесобиқа нисбати табиат бетарафӣ зоҳир накарда, баръакс баҳри пешгирии ин омили хатарзои ҷомеа чораҳои мушаххасро рӯйи даст гиранд, то дар оянда ин омилҳо боиси харобии табиати мунаввари мо нагардад.

 

Ҳар яки мо бояд ба қадри ин гуна неъматҳое, дар кишвари мо ҳаст, бирасем ва дар тозагии ҳифзи муҳити зист ва поку тоза нигоҳ доштани обҳои шифобахши Ватан саҳмгузор бошем ва ҳамеша сарҷамъу иттифоқ бошем.

 

Некрӯз САИДОВ,

донишҷӯйи Академия

Похожие записи