МАҲФИЛИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ШАКЛИ НАВ

IMG_7186

Дар факултети дипломатия ва сиёсат бо мақсади баланд бардоштани сатҳи забондонӣ, санъати суханварӣ ва малакаи касбии донишҷӯён маҳфили наве дар шакли муосир таҳти унвони “Модели Созмони Милали Муттаҳид” баргузор гардид.

 

Бо ифтихормандӣ аз Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки беш аз 150 кишвари ҷаҳон онро ба расмият шинохта, равобити дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар самтҳои гуногун ба роҳ мондаанд, дар Модели мазкур, донишҷӯёни факултет бо забонҳои хориҷӣ тариқи ғайрирасмӣ давлатҳои гуногунро намояндагӣ намуданд.

 

Ҷоиз ба қайд аст, ки Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар баланд бардоштани нуфузу эътибори байналмилалии кишвар талошҳои бузург ва саривақтӣ намуда, дар ҳаллу фасли масъалаҳои глобалӣ таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб мекунад.

 

Маҳфил басо шавқовар ва муассир суръат гирифта, донишҷӯён ният доранд маҳфили мазкурро дар бахшҳои гуногун идома бахшанд.

 

Похожие записи