ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ – СУТУНИ ИҚТИСОДИЁТ

инноватсия

Созмони Милали Муттаҳид марҳилаи кунунии иқтисодиёти ҷаҳонро марҳилаи иқтисодиёти ба дониш нигаронидашуда тавсиф додааст, яъне ин иқтисодиётест, ки донишро ба мақсади рушд ва рақобатпазирии худ ташкил (бунёд), паҳн ва истифода менамояд.

 

Иқтисоди инноватсионӣ аз таъсири донишҳои илмӣ ва технологӣ тағйир меёбад, зеро истеҳсолот дар асоси дониш, ҷустуҷӯҳои илмӣ ва инноватсияҳои нав дар иқтисодиёт сифатан нав гардида, рушд меёбад. Донишҳои нави илмию технологӣ манбаи ғояҳои инноватсиониро ба вуҷуд меоранд. Мавқеи илм дар иқтисодиёт, барои рушди фаъолияти инноватсионӣ кӯмак мерасонад. Рушди иқтисодиёти ба илму технологияи муосир ва маориф асосёфта омили асосии пешрафти иқтидодиёти миллӣ ба ҳисоб меравад.

 

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 21.12.2021 масъалаҳои вобаста ба рушди маориф дар маркази таваҷҷуҳ қарор дошт. Президенти мамлакат маорифро асоси рушди миллат ва устувор гардидани он арзёбӣ намуданд. Тавре дар Паёми Пешвои миллат таъкид гардид: “Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф — сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”. Воқеан, чунин мавқеъ ва дидгоҳи равшан дар мавриди маориф ва аҳамияти рушди он хеле муҳимму саривақтӣ аст. Махсусан, дар шароити муосир, ки тамоми паҳлуҳои ҳаёти инсоният ба маориф ва илм вобастагӣ дорад, таваҷҷуҳ намудан ба рушди соҳа ва барномарезӣ намудани рӯйи он аҳамиятӣ амалӣ пайдо намудааст.

 

Таҳкурсии  донишҳои аввалияи инсонҳо маҳз дар муассисаҳои миёна гузошта мешаванд. Дар бисёрии давлатҳои пешрафта маҳз дар мактабҳои миёна дар мактабачагон ҳисси ихтирооту кашфиёту навовариро бедор мекунанд. Зеро маҳз мактабачагони имрӯза неруи сармояи инсонии ояндаи ҳар як давлат ба шумор мераванд, яъне онҳо дар оянда донишҷӯён ва мутахассисони касбу кори гуногун ҳастанд.

 

Мувофиқи баҳои СММ дар сохтори маҷмуи сарватҳои миллии мамолики ҷаҳон аз 2/3 ба сармояи инсонӣ рост меояд ва ин далели воқеии ҳамчун сармояи инсонӣ эътироф гардидани захираҳои меҳнатӣ ба шумор меравад. Дар бораи ин қисмати неруи сармояи инсонии ҷумҳурӣ аз рӯйи таҳлили маълумотҳои дар соли хониши 2016-2017 то  соли хониши 2020-2021 бармеояд, ки шумораи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ — 12,6%, шумораи кӯдакон дар онҳо — 6,7%, шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ — 2,3%, шумораи хонандагон — 12%, шумораи омӯзгорон — 14,7%, шумораи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ -16,4%, шумораи донишҷӯёни онҳо — 27,3 маротиба афзоиш ёфтааст.

 

Сиёсати иҷтимоии огоҳона ва илм меҳвари Пешвои миллат боис гардид, ки дар кишвари мо теъдоди зиёди муассисаҳои таълимӣ дар шаклҳои гуногун бунёд карда шуда, барои ҷомеа пешкаш карда шавад. Ҳамчунин, дар ин замина сифати таълим ва рушди илм таъмин карда шуд. Тавре дар Паёми Пешвои миллат зикр гардид: “Дар 30 соли истиқлолияти давлатӣ 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Ҳоло шумораи умумии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ба 2 миллиону 200 ҳазор нафар расидааст. Дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 173 муассисаи таълимии типи нав – литсей, гимназия, мактаби президентӣ, мактаби байналмилалӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат, инчунин, 196 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумии хусусӣ бунёд гардида, ба истифода дода шуданд. Дар ин муассисаҳо 150 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 39 муассисаи таълимии нав ва дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ 28 муассиса бунёд гардид ва шумораи онҳо мутаносибан ба 144 ва 41 расонида шуд”. Албатта, натиҷаи чунин тадбирҳои амалӣ аст, ки дар кишвар сифати таҳсилот таъмин гардида, рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеа таъмин карда шавад. Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Тибқи омори расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соли 2020 — 245,9  млн. нафар донишҷӯён дар донишгоҳҳои ҷумҳурӣ таҳсил менамоянд.

 

Бо мақсади тақвият бахшидан ба неруи зеҳнии ҷомеа Пешвои миллат солҳои 2020 — 2040 — ро “Бистсолаи омӯзиш  ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намуданд. Ҷиҳати амалисозии ин иқдом доир ба гузаронидани озмуни ҳарсолаи “Илм — фурӯғи маърифат” қарор қабул намуданд, ки ҳадафи асосӣ аз иқдомоти зикршуда ташаккул додани ҷаҳонбинии илмии ҷомеа, рушди тафаккури техникӣ, пайванди илм бо истеҳсолот ва ҷалб намудани ҷавонон ба ихтироъкорӣ ва навоварӣ ба ҳисоб меравад. Инчунин барои тарғиби илму инноватсия, дастовардҳои соҳаи маориф, ташвиқи табиати зебои кишвар ва сарватҳои табиӣ, инчунин амалӣ гардидани барномаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ барои солҳои 2020 – 2040” Шабакаи телевизионии “Илм ва табиат” таъсис дода шуд.

 

Дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид гардид, ки: “Бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад”. Ҷиҳати ҳалли муаммоҳои мавҷуда дар соҳаи маориф ба вазорату идораҳо ва муасисаҳои таълимӣ дастур дода шуд, ки ба рушди маориф бештар таваҷҷуҳ намоянд. Дар ин раванд бо такя ба дастовардҳои нави илмии ҷаҳонӣ тавонанд, омӯзгоронро дар руҳияи баланди ватандӯстӣ, соҳибмаърифатӣ ва мутахассиси хуб омода намоянд. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки барои рушди соҳаи маориф омӯзгороне лозиманд, ки дорои сатҳи баланди тахассус буда, бо баланд бардоштани самаранокии таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот муҳассилинро ба иҷрои корҳои  илмиву инноватсионӣ ҳавасманд намоянд.

 

Алиев ҶОВИД,

магистранти Академия

Похожие записи