ТАШРИФИ РОҲБАРИЯТИ АКАДЕМИЯИ ХОҶАГИИ ХАЛҚ ВА ХИЗМАТИ ДАВЛАТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ БА АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

IMG_0510

9 ноябри соли ҷорӣ ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия ташриф оварданд.

 

Меҳмононро Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ – ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, устодону кормандон ва магистрантону донишҷӯёни Академия самимона истиқбол намуданд.

 

Роҳбарияти Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия аз имконият ва шароитҳои таҳсил дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рафти дарсҳои магистрантҳои хизматчии давлатӣ ошно гардида, ҳамчунин, аз Маркази омӯзиши “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”, Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон, Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбар ва болаёқат, осорхона ва толори варзишии Академия дидан намуд.

 

Дар доираи ин ташриф миёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия ҷиҳати мустаҳкам намудани ҳамкориҳо, омода кардани кадрҳои баландихтисоси самти идоракунии давлатӣ ва истифодаи имкониятҳои таҳсил шартномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида мешавад.

 

Ҳамчунин, дар доираи ин ташриф Марголин Андрей Маркович — ноиби ректори Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия дар Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Худидоракунии маҳаллӣ: дастовардҳо, мушкилот ва дурнамои рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки санаҳои 11-12 ноябри соли 2022 дар Академияи идоракунии давлатӣ доир мегардад, суханронӣ хоҳад кард.

 

 

Бояд тазаккур дод, ки Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия шарики стратегии соҳавӣ буда, аз соли 2002 дар самти омода кардани кадрҳои баландихтисоси самти идоракунии давлатӣ ҳамкориҳои мутақобилаи судмандро ба роҳ мондааст.

 

Аксҳо

Похожие записи