ИШТИРОКИ РЕКТОРИ АКАДЕМИЯ ДАР ЧОРАБИНИИ “ТОҶИКИСТОН-РОССИЯ: БО РОҲҲОИ ДУСТӢ”

IMG_5257

22 декабри соли 2022 ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ дар чорабинии фарҳангӣ-маърифатии ҷавонони Тоҷикистону Россия, ки аз ҷониби Донишгоҳи давлатии лингвистии Нижний Новгород баргузор гардид, тариқи маҷозӣ иштирок намуд.

 

Дар чорабинӣ ректори Академия бо суханҳои ифтитоҳи баромад намуда, вобаста ба нақши ҷавонон дар ҷомеа, ба роҳ мондани робитаҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ ва илмии Тоҷикистону Россия ва муҳимияти он барои ду кишвар суханронӣ намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки чорабинии мазкур бо ташаббуси аъзои ҷамъияти илмӣ-фарҳангии ҷавонони Донишгоҳи давлатии лингвистии Нижний Новгород аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан донишӯёни Академияи идоракунии давлатӣ, ки тариқи барномаи табодули академӣ дар донишгоҳи зикргардида таҳсил менамоянд, бахшида ба ҳамкории Тоҷикистону Россия, таърих ва фарҳанг тоҷикон, нақши ҷавонон дар рушди робитаҳои дуҷониба ташкил карда шуд.

 

 

 

Аксҳо

Похожие записи