НАҚШИ ХУДШИНОСИЮ ХУДОГОҲИИ  МИЛЛӢ ДАР ПЕШГИРИИ  ИФРОТГАРОӢ  ВА ТЕРРОРИЗМ

терроризм 2

Мардуми тоҷик аз аҳди ибтидои ҷомеаи худ тавассути фарҳангу адаб, ахлоқи ҳамида ва анъанаҳои иҷтимоӣ ин нуктаҳои арзишманди ахлоқию инсонгарӣ ва инсонгароиро пос доштаву идомат медиҳад.

 

Пайдоиши ифротгароӣ, таасубгароии динӣ ва терроризму (даҳшатафканӣ) бунёдгароии мазҳабӣ  барои инсоният  фоҷиаи мудҳишу муноқишаҳои зиёдеро ба бор оварда, аз аҳди бостон то замони мо барои ҷомеаҳои орому осоишта  яке аз хатарҳои ҷиддӣ ба ҳисоб мераванд. Ифротгароии сиёсӣ, қавмӣ, таасубгароии динӣ ва терроризм зуҳуроти бисёр ҷиддӣ ва дар айни замон нигаронкунанда барои давлат ва тамоми ҷомеаи инсонӣ мебошанд. Мутаассифона, дар охири асри сипаригардида ва ибтидои асри равон амалҳои номатлуби мазкур бештар хусусияти сиёсӣ касб намуда, барои тамоми давлатҳо ва дар маҷмўъ инсоният  хисороти зиёд расониданд. Имрўз инсоният дар пешорўйи ин хатарҳо ва даҳшатафканиҳою тахрибкориҳои гурўҳҳои ифротию тундраву бунёдгаро ва таасубгарои динӣ қарор дорад.

Бо назардошти ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба мақомоти қонунгузори кишвар  воқеъбинона таъкид намуданд, ки: “Рӯйдодҳои охири ҷаҳон, яъне боз ҳам тезутунд гардидани вазъ дар  баъзе кишварҳои дунё  нишон медиҳанд, ки терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд”.

Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро басо ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои гуногуни хориҷӣ мусоидат менамояд.Воқеан дар замони муосир таҳдиди  терроризм, экстремизм ва радикализми динӣ  ба амнияти ҷаҳон ва аҳли башар аз яроқи қатли ом кам нест.

Вобаста ба ин, дар шароити имрўзаи давлатдории навинамон  худшиносию худогоҳии миллӣ ва ифтихори ватандории ҳар як фарди ҷомеа, махсусан ҷавонон барои  пешгирии ҳамагуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа, бавижа  пешгирии терроризм, экстремизм ва таасубгароии  динӣ нақши калидӣ доранд.

Ташаккули афкору малакаҳои иҷтимоии дорои ғояҳои худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ дар даврони  имрӯз махсусан барои насли наврас ва ҷавонон, ки дар фазои ҷаҳонишавӣ баъзан  ба гурўҳҳои  ифротию  террористӣ ҷалб мешаванд, аз мароми муҳимтарин ва аввалияи ҷомеа арзёбӣ мегардад.

Паҳлӯи нозуки ин масъала дар он аст, ки худшиносиву худогоҳӣ чун василаи такомули инсонӣ ва расидан ба арҷи фардияту шахсият чун нуктаи эътидоли камолёбии инсон дар ду ҷанбаи худ мафҳумҳои муқобилро дорад, ки аз як тараф агар худбинӣ, худхоҳӣ ва худпарастӣ (эгоизм) қарор дошта бошад, аз тарафи дигар худношиносӣ, қадру манзаллати худро надонистан, камбаҳоӣ ба худ, ҳақирии ифротангез, бечораноливу бечорагӣ ва аҷзи беҳад меистад, ки инсонро хорию залилӣ расонида, аз иҷтимоишавӣ дур  месозад, ки чунин ашхос ба ҳар гуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа даст зада, ҳаёти худ ва наздиконашонро  ба мушкилоти зиёд  мувоҷеҳ месозанд.

Сабақи хештаншиносиву хештандорӣ ва хештандонӣ аз даврони қадим дар фарҳанги мо маъмул ва басо арзишманду муҳим дониста мешуд ва асосан барои тарбияи насли наврас  ва ҷавонон пешбинӣ мегардид. Яъне ташаккули малакаҳои хештаншиносию хештандорӣ ва ифтихори миллӣ  шартҳои муҳими тарбияи наслҳо ба шумор мераванд ва барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурўҳу ҳаракатҳои ифротгарою тундгаро ва таасубгароии динӣ нақши муҳим доранд.

Мутаасифона,  аз охирҳои асри ХХ ва ибтидои асри ХХI сар карда ифротгароии динӣ аз нав  авҷ гирифта,  дунёи исломро ба задухурдҳои бемантику беасоси мусаллаҳона дучор кард ва натиҷаи ин даргириҳо дар Шарқи наздик муҳоҷирати иҷборӣ, қатли одамон ва хароб гардидани иқисодиёти кишварҳои минтақа ва камбизоату фақри мардум гардид.

Воқеияти сиёсии муосир ифротгароиро нишон медиҳад, ки ягон давлат дар алоҳидагӣ ба пуррагӣ наметавонад ин хатарро решакан намояд, зеро доираи паҳншавӣ ва робитаҳои онҳо басо фарох мебошанд. Маҳз аз ҳамин сабаб, ҷаҳони имрўза терроризму ифротгароиро ҳамчун умумибашарӣ эътироф намуда, муборизаи дастаҷамъонаро ба муқобили онҳо мувофиқи мақсад мешуморад.

Дар шароити вазъи мураккаби сиёсии ҷаҳон мо бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, барои ҳифзи манфиатҳо миллӣ ва пешгирии ифротгароию терроризм ва таасубгароии динӣ ҳамеша дар талош бошем.

Ҳамзамон,  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон институтҳои анъанавӣ, аз он ҷумла, Шўроҳои калонсолон, шахсони обрўманди маҳалла ва кўчаҳо, занону ҷавонони фаъол, ходимони дин, олимон, аҳли зиё, хизматчиёни давлатӣ ва васоити ахбори оммаи давлатӣ, ки табақаи таъсиррасону бонуфуз ва обрўмандро ташкил медиҳанд, метавонанд тавассути ташкили фаъолияти тарғиботию маърифатӣ баҳри пешгирии ин равияҳои ба ҷамъият хатарзо саҳми босазо дошта бошанд. Зеро ин гурўҳи шахсиятҳо дар ҷомеа тавасссути дарки баланди воқеият, илм, ғояҳо, фикру ақида ва донишҳои илмию динии худ метавонанд баҳри дарки воқеии моҳият ва мазмуни равияҳои ифротӣ мусоидат намоянд.

Қишрҳои мухталифи ҷомеа ва ниҳодҳои анъанавӣ имконият медиҳанд, ки тавассути тарғиби арзишҳо, меъёрҳо ва анъанаҳо ҳувияти миллию динии мардум боло рафта, пеши роҳи паҳншавии равияҳои ифротии динӣ ва гаравши ҷавонон ва гумроҳшудагон ба ин гурўҳҳо  гирифта шаванд. Тарғиби ақидаҳои солими илмию дунявӣ, ташаккули шуур ва фарҳанги комили сиёсӣ дар ҷомеа барои пешгирии ҳамагуна зуҳуроти ифротгароӣ, таасубгароии динӣ ва терроризм  мусоидат намуда, имконият медиҳад, ки шахс мавқеи устувори худро дар ҷомеа ёбад.

Ҳамин тавр, хештаншиносию худогоҳии миллӣ  ва ифтихори милию меҳанпарастӣ дар шароити имрӯз, ки ҷомеаи мо дар низоми ҷомеаи ҷаҳон ба равандҳои гуногуни ҷаҳонишавию гардишҳои гуногуни сиёсиву иҷтимоӣ мувоҷеҳ мешавад, бояд маҳаки асосии таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон қарор гирад, зеро танҳо худшиносиву худогоҳӣ ва хештандорӣ барои нагаҳдории асолати миллӣ, посдории анъанаҳову арзишҳои фарҳангӣ ва ахлоқӣ метавонад барои пешгирии ҳамагуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа, махсусан экстремизми динӣ, таасубгароии динӣ ва терроризм нақши муҳим бозида, барои таҳкими амнияти сиёсӣ ва рушду такомули давлату давлатдори Тоҷикистони азизамон мусоидат намояд.

 

Баҳриддини АЛИЗОДА,

мудири кафедраи фалсафа ва илмҳои гуманитарии Академия,

н.и. ф., дотсент

Похожие записи