АЗ МУДИРЯТИ МИНБАРИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШӮРОИ ОЛӢ ТО МУДИРИЯТИ МАҶМАИ УМУМИИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД

328259466_5732310926818798_5860952547352657181_n

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи фарзандони таърихии миллати тоҷик аст, ки ҳамчун туҳфаи тақдир ба мо эҳдо шуд.

 

Зеро Пешвои миллат маҳз дар давраи ибтидои соҳибистиқлолии давлат ва тезу тундшавии вазъияти сиёсии кишвар ба майдони роҳбарӣ омада, мардуми дар парешониву даҳшат афтода ва Тоҷикистони пора-пора шудаистодаро аз хатари фано эмин сохт

Дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ иқтисоди кишвар ба се мушкилоти асосӣ дучор гардид, якум, бо пайомадҳои ногувори иҷтимоию — иқтисодӣ бинобар сабаби вазъи мураккаби сиёсӣ ва низоъҳои шаҳрвандӣ дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ (солҳои 1991-1997), дуюм, бо канда шудани робитаи мутақобила дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодиёт бинобар сабаби барҳам хурдани давлати абарқудрати Иттиҳоди Шуравӣ, сеюм, бо дигаргуниҳои куллии сохторию институтсионалӣ ҳангоми гузариш аз иқтисоди нақшавӣ ба иқтисоди бозорӣ.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар се мушкилотро бо талошҳои сулҳпарварона ва созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи азизи Тоҷикистон дар як вақт ҳал намуд.

Бинобар ин, баъд аз Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардидан ва роҳбарии худ Эмомалӣ Раҳмон масъалаи баргардонидани гурезагонро ба маҳали зисташон яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати Ҳукумат қарор дод. Раиси Шӯрои Олӣ, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосия изҳор намуд: “То он даме, ки охирин гурезаро аз Афғонистон ба Тоҷикистон бознагардонам, ман осуда буда наметавонам”. Воқеан, ин як шиори хушку холӣ ва ваъдаи популистӣ набуд. Ӯ тамоми ҳастиашро барои баргардонидани гурезаҳо, махсусан аз Афғонистони ҷангзада бахшида буд.

Соли 1993 чор нуқтаи зерини қабули гурезагон аз Афғонистон ташкил гардид, ки то соли 1998 фаъолият доштанд: “Панҷи Поён”, “Хайратон-Тирмиз-Шаҳритуз”, “Хайратон-Тирмиз-Қубодиён” ва “Ишкошими ВМКБ”. Бо саъю кӯшиши мақомоти ҳукуматӣ ва Комиссариати олии СММ оид ба гурезагон дар ин муддат аз Афғонистон 51242 гуреза ба Ватан баргардонида шуд. Аз ҷумла:

  • соли 1993- 27057 нафар;
  • ёсоли 1994-11276 нафар;
  • соли 1995-1472 нафар;
  • соли 1996- 1036 нафар;
  • соли 1997-10368 нафар;
  • соли 1998-123 нафар.

Қобили тазаккур мебошад, ки ба Ватан баргардонидани қариб як миллион гуреза ва ташкили ҳамгироии иҷтимоии онҳо аз тарафи ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ҳамчун таҷрибаи таърихии модели нодири сулҳофарин эътироф гардидааст.

Таҷрибаи сулҳи миёни тоҷикон яке аз бузургтарин сабақҳои мактаби сиёсатмадорӣ ва давлатдории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди тадқиқу омӯзиш ва истифода қарор гирифтааст.

Маҳз бо ташабуссҳои — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тайи зиёда аз ду даҳсола масъалаҳои марбут ба обро дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд, пеш мебарад ва оид ба ин 9 қатънома, марбут ба масъалаҳои обро қабул кард, ки заминаи муносибро барои эълон кардани соли 2003 – Соли оби тоза, соли 2013 — соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, солҳои 2005-2015 ва 2018-2028 мутаносибан эълон кардани ду даҳсолаи байналмилалии амал — “Об барои ҳаёт” ва “Об барои рушди устувор”-ро фароҳам оварданд. Татбиқи онҳо барои расидан ба ҳадафҳои глобалии ҳамоҳангшуда дар соҳаи об заминаи сазовор хоҳад гузоштанд.

Қайд намудан ба маврид мебошад, ки аз минбари Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид, Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки барои ҳифз ва самаранок истифода бурдани ҳамаи сарчашмаҳои оби ошомиданӣ барномаҳои мушаххаси миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ таҳия ва татбиқ карда шаванд. Доир ба ин масъала қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардида дар асоси қатъномаи мазкур,  шурӯъ аз соли 2025 ҷаҳон се рӯз пайи ҳам аз 21 то 23 март ҷашнҳои марбут ба об, яъне Рӯзи пиряхҳо, Рӯзи захираҳои об ва Рӯзи обуҳавошиносиро таҷлил хоҳад кард. Инчунин мувофиқи ин қатънома, Бунёди махсус ҷиҳати дастгирии амалҳои вобаста ба ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуда, ки метавонад барои пиёда намудани иқдомоти зарурӣ ва татбиқи ҳадафҳо дар ин ҷода захираҳои молиявиро аз сарчашмаҳои гуногун сафарбар намояд.

Ҳаминро гуфтан ба маврид мебошад, ки тағиёбии иқлим тамоми сайёраро водор месозад, ки ба мақсади самаранок истифода гардидани захираҳои обии хеш бе тараф набошанд ва ин ибтикор як ташабусӣ нодир дар таърихи башарият ба ҳисоб рафта, аз ҷомеъахоҳ ва ҷомеъа дуст будан шахсияти олии таърихи дарак медиҳад.

Дар охир чунин хулоса намудан ба маврид мебошад, ки тибқи роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафу афзалиятҳои олии кишвар, ки ҳамаи ин ташаббусҳои созанда ба нафъи аҳли башар ба ҳисоб меравад. Ҳалли мушкилоти кураи замин доир ба об ва беҳдошт дар сатҳи глобалӣ ва минтақавӣ равон гардидааст. Пас лозим ба ёдоварист, ки ҳар як шахси соҳиб Ватанро дар ин ҷода месазад, дастуру роҳнамоии Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода, ба сӯи ояндаи бузург гомҳои устувор гузорад. Мавриди ба зикр  мебошад, ки бе об ҳалли мушкилоти марбут ба иқтисодиёти “сабз” ҷомаи амал пушиданаш ғайри имкон мебошад. Муҳтарам Пешвои миллат ба аҳли башар ин ташабусси бузургро роҳнамоӣ намудааст, ки махсусан оби тоза ин худ зиндагии шоистаро таъмин намудаан аст.

 

АСОЕВ М.М.,

мудири кафедраи идораи

давлатӣ ва иқтисоди миллии Академия

номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

Похожие записи