СУЛҲОФАР – РОҲКУШО – НЕЪМАТАФЗО

Мавлоназаров

Ё ЧАНД НУКТА АЗ КОРНАМОИҲОИ БЕМИСЛИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун шахсияти барҷаста вақте ба майдони сиёсат ворид шуданд, ки миллати тоҷик парешон ва кишвар дар вартаи ҳалокат қарор дошт.

Паёми нахустини Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Иҷлосияи тақдирсози XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки 19 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд барпо гардида буд, сарҷамъсозии миллат ва берун овардани Тоҷикистон аз ҷанги шаҳрвандӣ буд. Мардуми кишварамон суханони таърихии Эмомалӣ Раҳмонро, ки гуфта буд: “Ман барои Шумо сулҳ меоварам”, “То вақте ки як фарди миллат дур аз Ватан ва дар ғурбат қарор дорад, ман худро орому хотирҷамъ намеҳисобам”, “То ки бошам барои миллатам, барои халқам, барои давлатам хизмат мекунам” хуб дар хотир доранд. Он замон Ҷумҳурии Тоҷикистон бениҳоят рӯзҳои сахту душвору даҳшатборро ба сар мебурд. Ҷангу низоъҳои хунин миёни тоҷикон боиси хисороти зиёди моливу ҷонӣ гардида, ба якпорчагии мамлакат ва ҳастии миллати тоҷик таҳдид мекард. Вале 16 ноябри соли 1992 ба решаи ташнаи ин миллат обе расид. Раиси Шӯрои Олии таҳдиди куштан шуниду аз марг натарсид ва мардумро сарҷамъ кард. Бо вуҷуди нотинҷию нооромиҳо бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорати фавқулода кишвари азизамонро аз вартаи фалокат ва ҳалокат берун овард, мардуми парешонро сарҷамъ намуд ва садҳо ҳазор ғурбатзадагонро ба Ватан баргардонид.

Пешвои миллат бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорати фавқулодда кишварро аз вартаи фалокат ва ҳалокат берун оварданд, мардуми парешонро сарҷамъ намуданд ва садҳо ҳазор ғурбатзадагонро ба Ватан баргардониданд. Мардуми кишварамон суханони таърихи Эмомалӣ Раҳмонро, ки гуфта буданд: “То вақте ки як фарди миллат дур аз Ватан ва дар ғурбат қарор дорад, ман худро орому хотирҷамъ намеҳисобам,” хуб дар хотир доранд.

Сиёсати дурбинона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки вазъи бӯҳронии кишвар бо роҳи музокира ва мусолиҳа бартараф гардид. Аз моҳи апрели соли 1994 то июни соли 1997 дар кишварҳои хориҷии дуру наздик музокираҳои байни тоҷикон баргузор гардида, санади барои халқи тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли мо сарнавиштсозу таърихӣ Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ба имзо расид. Ин созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ заминаҳои ҳуқуқиву сиёсиро фароҳам сохтанд, сулҳи тоҷиконро ба даст оварданд, ки ин барои ҷаҳониён таҷрибаи беназир аст. Заминаҳои эҳёи миллиро фароҳам сохтанд, ба корҳои азими созандагӣ ифтитоҳ бахшиданд, аҳволи иҷтимоӣ ва иқтисодии мардумро ба куллӣ беҳтар карда, хатари гурӯснагиро аз байн бурданд, эътибори сиёсии давлатро дар арсаи байналмилалӣ афзуданд.

Бо иродаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддатӣ кӯтоҳ харобаҳо ба ободӣ табдил ёфта, иншооти азим ба вуҷуд омадаанд, барои ба ҳам пайвастани тамоми гӯшаву канори мамлакат шоҳроҳҳо кушода, барои робита бо кишварҳои хориҷӣ роҳҳои бузурги мошингард сохта шуданд. Тавассути таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ ҳамчунин барои гузаштан ба барқарорсозии иқтисодиёт оғози корҳои созандагию бунёдкорӣ заминаи хеле боэтимод гузошта шуд.

Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аксари кишварҳои ҷаҳон ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд эътироф намуданд. Дар тӯли 31 соли истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти Пешвои миллат дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошт. Дар ин муддат Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Пули миллӣ, Артиши миллӣ, Конститутсия, Ваҳдати миллӣ ва ғайраҳо гардид.

Хизмати арзандаи дигаре, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сомон расонид, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ аст. Бо пеш гирифтан ва амалӣ намудани ин сиёсат Пешвои миллат тавонистанд, алоқаҳои миёни тоҷиконро боз ҳам қавитар ва мутамарказияти давлатдориамонро мустаҳкамтар созанд. Имрӯз низ ин сиёсати босамар идомаи худро дорад.

Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар бахши роҳсозӣ, таҷдиду барқарорсозии роҳҳои мошингарди вилоят ва ҷиҳати баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ бо ҷалби лоиҳаҳои маблағгузорӣ корҳои мушаххас ба анҷом расонида шуданд. Яке аз иншооти муҳимме, ки дар тараққиёти иқтисодию иҷтимоии вилоят ва ҷумҳурӣ саҳми назаррас дошта, ин минтақаи мамлакатро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшида, бо давлатҳои абарқудрати ҷаҳонӣ пайваст намуд, ин кушодашавии шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб – Қалъаихумб – Рӯшон – Хоруғ – Мурғоб — Қулма мебошад.

Дар доираи татбиқи ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне раҳои аз бунбасти коммуникатсионӣ, бунёд ва азнавсозии як қатор иншоотҳои роҳдорӣ, аз ҷумла, роҳҳои мошингарди Кӯлоб — Хоруғ — Кулма — Қароқурум (Шоҳон — Зиғар ва Шкев — Зиғар), Душанбе — Қурғонтеппа — Кӯлоб ва кушода шудани нақбҳои “Истиқлол”, “Озодӣ”, “Шаҳристон” ва “Чормағзак”, роҳҳои автомобилгарди Душанбе — Чанноқ, Ваҳдат — Ҷиргатол — Саритош (сарҳади Қирғизистон), Айнӣ — Панҷакент, Душанбе — Турсунзода анҷом ёфтанд. Лозим ба ёдоварист, ки сохтмони роҳи оҳани Қурғонтеппа — Кӯлоб ва як қатор шоҳроҳҳои байналмилалӣ, нақбҳо ва пулҳои байнимарзӣ низ анҷом дода шуд, ки дар натиҷаи он Тоҷикистон ба як қаламрави воҳид табдил ёфта, рафтуомади доимӣ ба тамоми минтақаҳои мамлакат ва дар чор самт ба давлатҳои ҳамсоя таъмин гардид.

Таҷдиди роҳи Шкеф – Қалъаихумб ба анҷом расида, сохтмони қитъаи роҳ аз ноҳияи Дарвоз то сарҳади ноҳияи Рӯшон оғоз гардидааст ва лоиҳакашии роҳ аз ноҳияи Рӯшон то деҳаи Варшези ноҳияи Шуғнон ҷараён дорад.

Татбиқи босамару босифати лоиҳаҳои коммуникатсионӣ, бунёди роҳҳои оҳану мошин, нақбҳо ва пулҳо барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат, яъне баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил ёфтани Тоҷикистон мусоидат менамоянд.

Мардуми сарбаланди кӯҳистони Бадахшон мушкилии роҳро хуб дар ёд доранд ва ҳар лаҳза бояд ба қадру манзалати заҳматҳои Пешвои миллат бирасанд. Таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ВМКБ хело зиёд буда, ҳамеша барои созандагию ободкорӣ дар ин гӯшаи диёри Ҷумҳурии Тоҷикистон мабалағҳои зиёдеро аз буҷаи давлат ҷудо менамоянд.

Дар заминаи дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар раванди воридшавии ВМКБ ба марҳилаи нави рушд сохтмони пули мошингузар дар маҳаллаи Селхозтехника ва долонҳои зиддитармавӣ дар мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон низ оғоз мегарданд.

Тибқи нақшаи Ҳукумати мамлакат, дар доираи таҷлили сазовори 35- солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёди беш аз 1000 иншоот бо арзиши зиёда аз 1 миллиард сомонӣ ва зиёда аз 100 коргоҳу корхонаи саноатӣ дар назар аст. Аз ҷумла, дар шаҳри Хоруғ бунёди беш аз 230 иншоот, ноҳияи Дарвоз 103 иншоот, Ванҷ 101 иншоот, ноҳияи Рӯшон 150 бинои замонавӣ, Шуғнон 312 иншоот, Роштқалъа 205 иншоот, ноҳияи Ишкошим 104 иншооти ва ноҳияи Мурғоб 83 иншоот бунёд мешаванд, ки василаи хубе барои рушди инфрасохтори вилоят, шуғли доимии аҳолӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва дар маҷмуъ беҳбуд бахшидан ба сатҳу сифати зиндагии мардум мебошанд.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки гуруҳҳои манфиатхоҳ бо истифода аз андешаҳои ғаразноки худ кӯшиш доранд фазои озоду ободи Тоҷикистонро халалдор намоянду бо истифода аз мафкураи баъзе ҷавонони ноогоҳи мамлакат дастовардҳои арзишманди замони соҳибистиқлолиро нодида гирифта, нисбат ба давлатдории муосир ва Ҳукумати мамлакат дар шабакаҳои иҷтимоӣ дурӯғу буҳтон паҳн намоянд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдори онанд, ки ҳар шаҳрванди кишвар худшиносу худогоҳ бошад ва дар ободии кишвари азизамон, ки хонаи умумии ҳамаи тоҷикистониён ва тоҷикони бурунмарзӣ аст, саҳмгузор бошад.

Дар умум бояд зикр кард, ки хизматҳои Президенти кишвар назди миллатамон хеле бузург аст ва моро зарур аст, ки ҳамеша қадрдонии онро намоем, ба қадри сулҳу осоиштагӣ бирасем.

МАВЛОНАЗАРОВ С.С.,

мудири кафедраи технологияи иттилоотӣ

ва амнияти иттилоотии Академия,

номзади илмҳои педагогӣ, дотсент

Похожие записи