НАҚШИ ИНСТИТУТИ ОИЛА ДАР НИГОҲДОШТИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ

IMG_0668

Оила ва оиладорӣ ҳамчун падидаи иҷтимоӣ мавзӯи асосии омӯзиши илми фалсафаи иҷтимоӣ ва иҷтимоиёт (сотсиология) ба шумор рафта, илмҳои зикршуда қонуниятҳои пайдоиш, ташаккулёбӣ ва пешрафти оиларо ҳамчун феномени иҷтимоӣ дар шароити мушаххаси фарҳангӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ, ки дар худ падидаҳои иҷтимоӣ ва гурӯҳҳои хурди онро омезиш додааст, мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

 

Оила -институти иҷтимоӣ алоқа ё робитаи зан ва мард мегуянд, ки идомадиҳандаи насли солим ва интиқол додани меъёрҳои фарҳанги оилаю оиладориро ба зимма доранд.

Арзишҳо – унсурҳои асосии маданияти маънавӣ буда, дар танзими муносибатҳои иҷтимоӣ мавқеи хоса доранд. Онҳо дар таърихи башарият чун пуштибони маънавиёт пайдо шуда, барои фаъолияти бошууронаи инсон кӯмак мерасонанд.

Оила ва фарҳанги миллӣ мафҳумҳои ҷудонашавандаанд. Метавон гуфт, ки тарзи зиндагии хонаводаи тоҷикон хусусияти фарҳанги миллии моро муайян карда бошад, дар навбати худ фарҳанги тоҷикон ҳамеша посбони анъанаҳои оилаи тоҷикон буд. Фарҳанг аз арзишҳои миллӣ оғоз ёфта, ба воситаи оила – муҳити ибтидоӣ буда, дар он тавассути афсонаҳо, қиссаҳо барои кӯдакон, анъанаҳо, расму ойинҳо, мероси фарҳангии мардум ҳифз ва интиқол дода мешавад, тафаккури миллат ташаккул ва инкишоф меёбад, ягонагии маънавии халк, муттаҳидӣ таъмин карда мешавад.

Оила натанҳо асоси давлат, инчунин дар рушди шахсият, ҳифзи аъанана ва фарҳанги миллӣ ки аслан асос ва бунёди осоиши ҳамаи таносуби ботинии институтҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад. Анъанаҳои миллӣ асоси натанҳо пойдорӣ ва инкишофи иҷтимоиёти давлат балки шарти рушди иқтисодиёти он низ мебошад. Соҳиб ва нигоҳбонии ин сармояро оила бардуш дорад.

Дар табиати зинда амалиёти ҳайвонҳои ба дараҷаи олӣ инкишофёфта, мутобиқи инстинкти табиӣ буда, бо моҳияти биологии онҳо қаблан муқаррар шудаасту аз насл ба насл интиқол мегардад. Фаъолият ва ҳамагуна рафтори инсон бошад ба воситаи механизми ахлоқию маданӣ муайян мешавад. Аз ҳамин ҷиҳат, маданият чун “технологияи фаъолияти одамон” хизмат мекунад.

Фарҳанг дар инсон қобилияти дарк кардани муҳаббат, лаззати зебопарастиро тарбия ва ташаккул додааст. Дар асоси ин дар инсон парастиши муҳаббати романтикӣ ба вуҷуд омад. Ба ақидаи ҷомеашинос олмонӣ И.Кант фарҳанг ҳамчун “василаи сеҳрнок” аст, ки майли “бетартибонаи шаҳвониро ба низоми олӣ, талаботи ҳайвониро ба муҳаббат” табдил дод.

Робитаи мутақобилаи фарҳанг ва оила алалхусус дар рафтори инсонпарварона нисбат ба муайянкунии фарҳанг равшан зоҳир мегардад. Вақте ки фарҳанг ҳамчун ченаки инкишофи инсоният ба тариқи фардӣ баҳо дода шудааст, вай ба ҳайси муҳимтарин вазифаи одамофар баромад мекунад.

Оила ва муносибатҳои оилавӣ хусусияти решагӣ (қадима) дорад, аз ин рӯ,чӣ гуна парваридани он аз пойдевори маънавиёт ва иҷтимоиёт вобастагӣ дорад. Бе надоштани тасаввурот дар бораи маънавиёт, маърифати хонаводагӣ ва фарҳанги оиладорӣ, никоҳ ва оила маънои томи ҳаёти ҳамсариро ифода карда наметавонад.

Оила инчунин сарчашмаи омӯхтан, азхуд кардани донишҳои ахлоқӣ, таҷрибаи одобу рафтор, танзими муносибатҳои байни волидайн ва фарзандон ва дигар аъзоёни оила мебошад. Анъанаи муҳими халқи тоҷик –эҳтироми хос ба падару модар, ба калонсолон аз оила сарчашма мегиранд.

Натанҳо тарбияи ин услубу одоб, балки талаботҳои оддитарини ахлоқӣ, ки аз талаботи меъёрҳои иҷтимоии фалсафаи Зардуштия оғоз мегардад – пиндори нек, рафтори нек, гуфтори нек низ аз тарбияи оилавӣ сарчашма меёбад. Қайд намудан ба маврид аст, ки аз се талаботи номбаршуда аз ҳама мӯҳимтаринашро Зардушт – гуфтори нек –ростқавлӣ меҳисобид.

Ҳанӯз мутафаккирони гузаштаи мо Абӯалӣ ибни Сино (асри Х), Насриддини Тӯсӣ (асри ХIII) таълимотҳое оид ба ташкили ҳаёти оилавӣ ҳидоят намудаанд, ки бидуни маҳдудияти таърихии худ имрӯз ҳам аҳамияти худро гум накардаанд.

Ибни Сино дар рисолаи ба оила бахшидааш – “Тадбири манзил” ташкили оиларо, — таъкид менамояд, — бояд аз сохтани манзил оғоз кард. Баъд аз никоҳ оила мешавад, ки дар он мард сардори оила, зан муовини ӯ. Ибни Сино ва Насриддини Тӯсӣ вазифаҳо ва масъулияти зану шавҳар ва ҳар як аъзои оиларо бо ҳиссиёти ғамхорӣ ва меҳрубонӣ муайян мекунанд.

Масъулияти ҷиддитарин — некуаҳволӣ, эҳтироми якдигарӣ, вазифадориро ба дӯши сардори оила (хонавода) мегузоранд.

Насриддини Тӯсӣ вазифаҳои оиларо номбар менамояд: идомаи насл, нигоҳ доштани молу мулк, тарбияи фарзандон, идораи хоҷагии хонавода, поси чароғи хона ва қобилияти аз ӯҳдаи ин вазифаҳо баромаданро мутафаккир “санъат” меномад. Вай кӯшиш менамояд, то мақому вазифаҳои зану шавҳарро муқаррар намояд. Меҳвари (решаи) рафтори ҳамаи аъзоёни оиларо Тӯсӣ ҳамкорӣ ва ёрии ҳамдигарӣ мешуморид.

Вазифаҳои оила дар ҷомеаи муосири тоҷик воситаи муҳимми тартиби иҷтимоӣ дар ҳаёти ҷамъиятӣ мебошанд. Оила вазифаҳояшро дар робита бо тамоми муассисаҳои давлатию ҷамъиятӣ, мактабу маориф, соҳаи санъат иҷро менамояд. Ҳамаи вазифаҳои оила муҳим мебошанд, вале вазифаҳои идомаи насли инсоният ва тарбиявии оила боз ҳам муҳимтаранд.

Яке аз муҳимтарин арсаҳое, ки таъсири падидаи ҷаҳонишавӣ тағйироти умдаеро пазиро мебошад, ниҳоди хонавода аст. Ҷаҳонишавӣ фарҳанги оиларо ба истеъмолгароӣ кашондааст.

Ҷомеаи нави ҷаҳонӣ истеъмолгароёнеро ба вуҷуд меоварад, ки рафтори онҳо комилан бо шеваи зиндагии насли пешин фарқ дорад. Онҳо истеъмолгарони ормонӣ ҳастанд. Яъне истеъмоли онҳо бар пояи лаззатгароӣ аст ва ҳеҷ майле ба пасандозу оянданигарӣ надорад.

Ба назар мерасад, ки омилҳое, монанди истеъмолгароӣ, истиқлоли фардӣ, густариши иртибототи маҷозӣ, боиси коҳиш ёфтани фарҳангҳои миллӣ гардидаанд ва ҷойгоҳи муҳими падару модарро, ки муҳимтарин нақшро дар тарбияи иҷтимоӣ ва ахлоқии кӯдакон доранд, дар хонавода заиф кардаанд. Канда шудани пайванди наслҳо низ маҳсули чунин фароянд мебошад.

Аломатҳои умумибашарӣ ифодакунандаи манфиату зиддиятҳои умумии давраҳои мушаххаси инкишофи маданият мебошад. Махсусан дар замони пешрафти босуръати ҷаҳони иттилоотӣ, фарҳангу ахлоқи афроди ҷомеа ба вижа бисёре аз наврасон ва ҷавонон ба далели истифодаи зиёди Интернет, тамошои беш аз ҳад ва бидуни назорати барномаҳои моҳвораӣ гирифтори хурофотпарастӣ, коҳиш ёфтани эътиқодот ва аз ҳама муҳимтар, ба коста шудани ҳувияти шахсияти онҳо анҷом мегиранд.

Дар ҷомеа зиндагӣ кардан ва ҳамқадами он набудан барои иҷтимоишавии фард имконнопазир аст. Бинобар ин моро зарур аст, ки дар замони пешрафти босуръати ҷаҳони иттилоот талаботҳои хешро бо ченакҳои иҷтимоие, ки марбут ба фарҳангу психология ва умуман менталилети миллии мо хос аст, самаранок истифода намоем.

Дар давраи инқилоби ахборӣ ва ҷаҳонишавӣ мақоми ниҳоди оила ҳамчун ҳомии симои миллӣ ва анъанаҳои хоси он, омили муҳимми устувории онҳо бебаҳо мебошад.

Оила мактаби башардӯстӣ буда, ғамхорӣ ва масъулиятшиносӣ нисбат ба гузашта ва оянда мебошад. Дар оила хар яки мо ба ду қувваи бузурги иҷтимоӣ — меҳнат ва муошират (берун аз ин ченакҳои иҷтимоӣ, ба назари мо, мавҷудияти оила ғайриимкон аст) – такя менамоем, ки ин ниҳод тадриҷан тасаввуротро дар бораи худшиносӣ, шаъну шарафи ботинии шахси дигар ташаккул медиҳад, эҷодиёти оилавӣ шахсро бо риштаҳои аввалини хешутаборӣ ба ҳамдигар муфид, хеле мустаҳкам мепайвандад.

Дар ҷаҳони имрӯз пешрафти технологӣ дар заминаи иртиботот боиси ба вуҷуд омадани муносибатҳои иртиботии зиёде дар саросари ҷаҳон шудааст. Бо таваҷҷуҳ ба рушду густариши расонаҳои иртиботи оммавӣ ва истифодаи рӯзафзун аз ин фановариҳои муосир, бавижа шабакаҳои моҳвораӣ, унсурҳои фарҳангии наве дар миёни хонаводаҳо ва ҳарими хусусии онҳо ворид гаштаанд, ки боиси пайдоиши рафторҳо, нигаришҳо ва боварҳои гуногуне дар миёни онҳо шудааст. Вобаста ба ин вазъ доштани хонаводаи солим аҳамияти бештаре касб мекунад, зеро хонавода аз бунёдитарин ниҳодҳои ҷомеа ва шарти саломату бақои он аст. Бинобарин саломати ҷомеа дар гарави доштани оилаи солиму дорои ахлоқи ҳамида аст.

Рисолати имрӯзаи хонаводаи тоҷик пеш аз ҳама тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи арзишҳои миллӣ ва пос доштани фарҳанги оилаи суннатӣ мебошад. Давлати миллӣ нақши институи оиларо нисбат ба ниҳодҳои дигари иҷтимоӣ дар рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ муҳимтар арзёбӣ менамояд, чун ки заминаи инкишофёбии малакаю ҷаҳонбинӣ ва шуури фард аз фазои маънавии хонавода вобастагӣ дорад. Ҷойи баҳс нест, ки аз дӯстдории оила дӯстдории Ватан тавлид меёбад.

Таманно ва умед дорам, дар фазои амну осудагии давлати ҳуқуқбунёд, зиндагии осоиштаи оилавиро ҳифз намуда, барои ин миллати шарафанд фарзандони худшиносу худогоҳро таълиму тарбия менамоем.

Гуландом АБИЛЗОДА,

мудири кафедраи психология ва сотсиологияи идоракунии Академия

номзади илмҳои фалсафа, дотсент

Похожие записи