ТАШРИФИ ВАЗИРИ ИЛМ ВА ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН БА АКАДЕМИЯ ВА ТАҚДИМИ ДИПЛОМҲО АЗ РӮИ БАРНОМАИ ДУАЛИИ 1+1

IMG_6650

Имрӯз, 14 сентябри соли 2023, Вазири илм ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Қазоқистон ва намояндагони як қатор донишгоҳҳои Ҷумҳурии Қазоқистон ба Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

 

Меҳмонони олиқадрро дар саҳни Академияи идоракунии давлатиӣ ректори Академия, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ ва ноибони ректор пешвоз гирифтанд.

Пас аз истиқболи самимӣ, меҳмонон бо роҳбаладии роҳбарияти Академия аз толорҳо, синфхонаҳо, толори варзишӣ, меҳмонхона, Маркази омӯзиши “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”, Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони Ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон, Маркази омӯзишӣ ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқат, Маркази ҳуқуқи кӯдак ва Маркази барномаи глобалии роҳбарӣ дар озмоишгоҳҳо дидан намуданд.

Сипас, дар толори калони Академияи идоракунии давлатӣ бо иштироки ректори Академияи идоракунии давлатӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, Вазири илм ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Қазоқистон Саясат Нурбек, ҳайати ректорони Ҷумҳурии Қазоқистон, устодону кормандон ва магистрантону донишҷӯёни Академия чорабинӣ баргузор гардид.

Чорабиниро ректори Академия, профессор Ғафурзода А.Д. ифтитоҳ намуда, вобаста ба муносибатҳои дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон суханронӣ намуд. Ректори Академия иброз дошт, ки аз оғоз ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба байни Тоҷикистону Қазоқистон дар фазои мутақобилан судманд ва ҳусни тафоҳум ҷараён гирифта, ҳоло дар ҳоли рушду инкишофи сатҳи баланд қарор доранд. Дар баррасии масъалаҳои муҳимми дорои моҳияти байналмиллалӣ ва минтақавидошта мавқеи ҷонибҳо ҳамоҳанг буда, тарафҳо асосан мавқеи наздик ё ба ҳам мушобеҳ доранд.

Баъд аз суханронии ректори Академияи идроракунии давлатӣ, дарси кушоди Вазири илм ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Қазоқистон Саясат Нурбек баргузор гардид.

Ҳамчунин, дар доираи чорабинии мазкур маросими супоридани дипломҳо ба хатмкунандагони зинаи магистратура, тибқи барномаи дуалӣ (1+1) баргузор гардид. Дипломҳоро ректори Академияи идоракунии давлатӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил, Вазири илм ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Қазоқистон Саясат Нурбек ва ректори Донишгоҳи миллии Авруосиёгӣ ба номи Л.Н.Гумилёв Сидиков Ерлан Батташаевич дар фазои тантанавӣ ба 7 нафар хатмкунандагон тақдим намуданд.

Боиси тазаккур аст, ки Академия бо як қатор муассисаҳои  Ҷумҳурии Қазоқистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, дар омода намудани кадрҳои баландихтисос, рушди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва табодули таҷрибаи коршиносони соҳавӣ ҳамкориҳои зичро ба роҳ мондааст.

Дар фарҷом аз ҷониби ҳунармандони шуъбаи фарҳанг ва рушди истеъдодҳои ҷавони Академия чорабинии рангини фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

 

Похожие записи