РАВАНДИ ТАШАККУЛЁБИИ ҶОМЕАИ ИТТИЛООТӢ ДАР МАСИРИ ИСТИҚЛОЛИ СИЁСИИ ТОҶИКИСТОН

2c109426a0957dbd6ae1ab1abb511e21

Одамон дар ибтидои тамаддун низ оид ба тарзҳои идоракунии объектҳои муҳити атрофи худ дониши муайяне доштанд. Баъдтар, вобаста ба сатҳи рушди ҷомеа, меъёри ширкат дар идораи равандҳои гуногун муттасилан аз донишу малакаҳои фардӣ ба донишу таҷрибаҳои сарҷамъӣ табдил ёфтааст. Тавассути ин донишҳо коркарди иттилоот ва қабули қарорҳои дахлдор низ қадам ба қадам беҳтар шуда, ба фарҳанги башарӣ табдил ёфтааст.

 

Истеҳсоли аз ҳад зиёди компютерҳои фардӣ ва рушди бемайлони Интернет дар солҳои охир барқароршавии ҷомеаи иттилоотиро дар мамлакатҳои тараққикардаи ҷаҳон ба таври чашмрас тезонид. Захираи асосии ҷомеаи иттилоотӣ иттилоот ба ҳисоб меравад. Маҳз тавассути ихтиёрдорӣ карда тавонистани иттилоот оид ба раванду рӯйдодҳои гуногун, ҳар гуна фаъолиятро самарабахш ва мувофиқтар ба роҳ мондан мумкин аст.

Дар ҷомеаи иттилоотӣ қисми зиёди аҳолӣ дар соҳаи коркарди иттилоот ба кор фаро гирифта мешаванд ва ё дар фаъолияти ҳамарӯзаи истеҳсолии худ аз ТИК бевосита истифода мебаранд. Барои дар ин ҷомеа зиндагӣ ва фаъолият карда тавонистан, бояд ҳар як узви он аз фарҳанги иттилоотӣ бархӯрдор бошад. Доштани фарҳанги иттилоотӣ – ин дар соҳаи ТИ соҳиби дониш, малака ва иқтидори муайян будан ва тибқи меъёрҳои ҳуқуқию ахлоқии ин соҳа рафтор кардан мебошад.

Бояд қайд намуд, ки дар муддати начандон зиёди таърихӣ информатика ва технологияҳои иттилоотӣ аз як фанни техникӣ дар бораи усулҳо ва воситаҳои коркарди маълумоти додашуда бо ёрии мошинҳои электронии ҳисоббарор ба илми бунёдӣ дар бораи иттилоот ва равандҳои иттилоотии на танҳо системаҳои техникӣ, балки табиат ва ҷомеа табдил ёфта тавонист. Сабаби асосии ба чунин музаффариятҳо ноил гаштани илми информатика ва технологияҳои иттилоотӣ ба раванди бебозгашти саросар иттилоотонӣ гаштани ҷомеа вобаста аст, ки он як шакли зуҳуроти қонуни умумии инкишофи башарият аст. Иттилоотонии ҷомеа бо худ таҳаввулоти илмию техникӣ ва иқтисодию иҷтимоиро меоварад, ки он дар навбати худ ҳаёту фаъолият ва тафаккуру арзишҳои инсониро дигаргун месозад. Муттасилот ва суръати ин дигаргуншавӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки асри ХХI асри информатика, технология ва ҷомеаи иттилоотӣ хоҳад буд.

Рушди бемайлони ТИК, ба амал омадани инқилоби иттилоотӣ ва ниҳоятан ташаккулёбии ҷомеаи иттилоотӣ ба тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъсири амиқ расонида, рафтори одамон, муносибатҳои ҷаъмиятӣ ва шарту шароити кору фаъолиятро ба куллӣ тағйир дода истодаанд. Дар ин раванд ҳаёти сиёсии ҷомеа низ дар канор намонда, дар зери таъсири дигаргуниҳои ТИ қарор гирифта, шакл ва мазмуни худро тағйир медиҳад. Пеш аз ҳама, дар раванди идоракунии давлатӣ истифода гардидани ТИК сиёсати давлатиро ба дигаргунии ҷиддӣ рӯ ба рӯ намуда, дар назди он вазифаҳои навро мегузорад. Чунончӣ, ташаккули ҳукумати электронӣ, ба амал омадани ҳузури ҳукумат дар шабакаҳои Интернет, сохта ба истифода додани системаҳои иттилоотии соҳавӣ, таъмин намудани хизматрасониҳои давлатӣ дар заминаи системаҳои иттилоотӣ ва ғайра дигаргуниҳое мебошанд, ки сиёсати иттилоотии давлатро мазмуни нав мебахшад.

Гузашта аз ин, ташаккулдиҳии ҷомеаи иттилоотӣ талаботи давру замон буда, марҳилаи навбатии рушду инкишофи мамлакат маҳз дар шароити инфрасохтори иттилоотии ташаккулёфта имконпазир мегардад. Аввалин маротиба ташаккулёбии ҷомеаи иттилоотӣ дар давлатҳои Ғарб, ИМА, Канада ва Ҷопон ба амал омадааст. Давлатҳои мазкур рушду инкишоф ва пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷаъмиятии мамлакати худро маҳз дар заминаи ТИК таъмин менамудаанд. Зеро дар шароити ҷомеаи иттилоотӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷаъмиятӣ ТИК ба таври васеъ истифода гардида, дар соҳаи сиёсатҳукумати электронӣ, дар соҳаи иқтисодиёттиҷорати электронӣ, дар соҳаи иҷтимоиётхизматрасониҳои электронӣ ва дар соҳаҳои дигар низ муносибатҳои иттилоотию коммуникатсиониро ба вуҷуд меоранд. Бинобар ин, гузариш ба ҷомеаи иттилоотӣ, ташаккулдиҳии инфрасохтори иттилоотии мамлакат ва дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат ба таври васеъ мавриди истифода қарор додани ТИК хеле муҳим буда, рушду инкишофи ояндаи ҷомеа аз онҳо вобастагии калон дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар зери таъсири ҷаҳонишавӣ ба равандҳои иттилоотии олам ворид гардида, дар самти ташаккулдиҳии ҷомеаи иттилоотӣ корҳои назаррасеро анҷом додааст. Дар солҳои аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд ва чунин вазъият имкон намедод, ки аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолият ҳукумати кишвар ба ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ таваҷҷуҳ зоҳир намояд. Танҳо баъди паси сар намудани давраи баъдиҷангӣ, яъне аз ибтидои солҳои 2000-ум дар мамлакат ба масъалаи рушди инкишофи ТИК диққати зарурӣ дода мешавад. Солҳои 2000 то 2010 дар мамлакат як қатор қонунҳо қабул карда мешаванд, ки онҳо ба масъалаҳои ҷудогонаи инфрасохтори иттилоотии мамлакат бахшида шудаанд.

Дар замони муосир ҷомеаи ҷаҳонӣ оид ба ин қазия як қатор тадбирҳое андешидааст, ки онҳо ба ҳифзи моликияти (маҳсулоти) зеҳнӣ равона гардидаанд. Асоси меъёрӣ-ҳуқуқии тадбирҳои заруриро санадҳои ҳуқуқӣ – қонунҳо, фармонҳо ва қарорҳо ташкил медиҳанд. Ин санадҳо дар бозори иттилоотӣ муносибати мутамаддинро таъмин менамоянд. Масалан, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои ҳуқуқии зерин қабул шудаанд: «Дар бораи иттилоотонӣ» (2001), «Дар бораи иттилоот» (2002), «Дар бораи алоқаи барқӣ» (2002), «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ» (2002), «Дар бораи рамзгузории электронӣ, фаъолияти операторони пайгирикунандаи гардиши молҳо ва раванди назорати онҳо» (2023) ба онҳо мисол шуда метавонанд. Инчунин бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1999 «Дар бораи меъёрҳои таъмини дастрасӣ ба шабакаҳои иттилоотии ҷаҳонӣ», соли 2003 «Дар бораи тасдиқи Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон», соли 2003 Стратегияи давлатии «Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» соли 2023 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» ба имзо расад, ки дар самти ташаккулёбии ҷомеаи иттилоотӣ заминаи мусоид фароҳам меоваранд. Ғайр аз ин, бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2001 «Дар бораи таъсиси шабакаи ҷумҳуриявии интиқоли маълумот ва меъёрҳои ба тартиб даровардани дастрасӣ ба шабакаи иттилоотии ҷаҳонӣ», соли 2002 «Барномаи компютеркунонии мактабҳои ҳамагонӣ асосӣ ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», соли 2004 «Барномаи таъмини амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005-2010», соли 2005 «Қоидаҳо оид ба шарту шароити ҳифзи иттилоот дар воситаҳои техникии коркарди иттилоот» соли 2004 «Стандарти миллии дар клавиатураи компютерҳо гузоштани рамзҳои алифбои забони тоҷикӣ», соли 2005 «Дар бораи тасдиқи Барномаи истифодабарӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ бо забони тоҷикӣ», соли 2004 «Барномаи давлатии ҷоринамоӣ ва рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», соли 2005 «Дар бораи дастригии давлатии рушди инкишоф, истифодабарӣ ва ҳифзи манбаъҳои иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон», соли 2011 «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ» тасдиқ мегарданд, ки қарорҳои мазкур дар раванди ташаккулёбии ТИК-и мамлакат марҳилаи сифатан навро ба амал меоранд.

Зарурати истифодабарии ТИК дар низоми идоракунии давлатӣ ва ташаккули ҳукумати электронӣ соли 2012 дар Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле хуб нишон дода шудааст. Президенти мамлакат иброз намуда будаанд, ки «истифодаи ТИК дар самтҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва дар асоси он ташаккули ҳукумати электронӣ аз масъалаҳои муҳими замони муосир мебошад. Кишварҳое, ки дар татбиқи ТИК ва рушди ҳукумати электронӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардидаанд, пеш аз ҳама ба масъалаҳои омода намудани кадрҳои баландихтисоси ин соҳаи муҳим, рушди инфрасохтори иттилоотӣ, зина ба зина баланд бардоштани сатҳи дониши хизматчиёни давлатӣ ва татбиқи усулҳои идоракунии электронӣ диққати зарурӣ медиҳанд».

Воқеан ҳам, рушди инкишофи ояндаи мамлакат ва таъмин намудани пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷаъмиятии кишвар аз рушди ТИК ва инфрасохтори иттилоотии мамлакат вобастагии зич дорад. Ҳарчанд дар мамлакат айни замон заминаҳои ташаккулёбии ҷомеаи иттилоотӣ ба вуҷуд оварда шуда бошад ҳам, нокифоя будани мутахассисон, дар сатҳи паст қарор доштани саводнокии компютерии шаҳрвандон, ҳанӯз ҳам дар сатҳи паст қарор доштани истифодабарии шабакаи Интернет ва аз ҳама муҳим то ҳанӯз ба вуҷуд оварда нашудани системаҳои иттилоотии соҳавӣ мушкилиҳое мебошанд, ки дар ояндаи наздик бояд ҳаллу фасл карда шаванд. Дар алоқамандӣ бо чунин зарурият омӯзиши паҳлуҳои гуногуни ҷомеаи иттилоотӣ, муайян намудани хусусиятҳои муҳими он, илман асоснок намудани қонуниятҳои ташаккулёбии он яке аз самтҳои афзалиятноки таҳқиқотҳои илмӣ мебошанд. Масъалаи мазкур дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳанӯз то он дараҷае мавриди омӯзиш қарор дода нашудааст. Муҳимияти омӯзиши мавзӯъ низ бо чунин вазъият асоснок карда мешавад.

Аз солҳои 50-уми асри ХХ инҷониб масъалаи ҷомеаи иттилоотӣ аз ҷониби олимони соҳаҳои гуногуни илм мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Дар самти омӯзиши масъалаҳои мазкур ва хусусиятҳои муҳими он олимони Ғарб таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намуда, дар таҳқиқи ин масъала саҳми арзанда гузоштаанд. Пеш аз ҳама, дар ин самт олимони амрикоӣ Дэниэл Бел, Элвин Тоффлер ва олими испаниягӣ Мануэл Кастелс таҳқиқоти арзишманд анҷом додаанд. Асарҳои олимони мазкур аввалин иқдоми илман асоснок намудани ҷомеаи навин буд, ки дар шакли ҷомеаи иттилоотӣ зоҳир гардида истода буд. Инчунин дар самти омӯзиши хусусиятҳои бевоситаи ҷомеаи иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон олими тоҷик профессор Ф.С. Комилиён низ саҳми хеле калон гузоштааст.

Дар раванди омӯзиши ҷомеаи иттилоотӣ дар таҳқиқотҳои мазкур ба омилҳои сиёсии ин масъала таваҷҷӯҳи бештар зоҳир карда шудааст. Бинобар ин, муайян намудани нақши давлат дар ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ, истифодаи ТИК дар раванди идоракунии давлатӣ ва рушди ҳукумати электронӣ низ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шудаанд. Паҳлуҳои гуногуни масъалаҳои мазкур аз ҷониби як қатор олимону муҳаққиқон мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд. Олимони ватанӣ ба омӯзиши ҷомеаи иттилоотӣ, масъалаи ҷудогонаи соҳаи иттилоотии ҷомеа, аз қабили амнияти иттилоотӣ, ҷангҳои иттилоотӣ, ТИК, таҳдидҳои иттилоотӣ, кибертераризм ва монанди инҳо аз ҷониби як қатор муҳақиқони ватанӣ омӯхта шудаанд. Дар миёни онҳо корҳои илмию таҳқиқотии Ф.С. Комилиён, Б.Ф. Файзализода, З.Ф. Раҳмонзода, И.М. Саидзода, М.Ҷ. Ёров, Р.Ҷ. Давлатов, А.Ф. Гадоев, С.С. Мавлоназаров, А.Н. Муҳаммад, Ҳ.Қ. Сафарализода ва дигарон аҳамияти илмию назариявӣ доранд.

Рушди ҷомеаи иттилоотӣ ва ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин рушди ТИК дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як қатор таҳқиқотҳо мавқеи муҳимро ишғол намудааст. Аммо ҳанӯз масъалаи ташаккулёбии ҷомеаи иттилоотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври алоҳида таҳқиқ нагардидааст, ки чунин вазъият муҳимияти омӯзиши ин масъаларо боз ҳам бештар менамояд.

 

Файзализода БАҲРУЛЛО,

профессори кафедраи технологияи

иттилоотӣ ва амнияти иттилоотии Академия,

доктори илмҳои педагогӣ.

Ҳамидов ШОҲРУХ,

сардори раёсати кадрҳо,

коргузорӣ ва корҳои махсуси Академия

Похожие записи