ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ САТҲИ БАЛАНДИ СИЁСИЮ ФАРҲАНГИИ ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

379009001_727307969439935_6142623500365891203_n

Давоми панҷ соли сипаришуда давлатҳои минтақа ба ҷомеаи ҷаҳонӣ даҳҳо ташаббус пешниҳод намуданд, ки ба таҳкими сулҳ ва таъмини рушди устувор нигаронида шудаанд. Ҳамаи ин аз бебозгаштии раванди табдил ёфтани Осиёи Марказӣ ба минтақаи устувор, аз ҷиҳати иқтисодӣ тараққикарда ва дар ояндаи наздик хеле шукуфон шаҳодат медиҳад.

Эмомалӣ Раҳмон

 

Мояи хушнудии ҳар як сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки дар арафаи 32-солагии Истиқлоли давлатӣ, таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ доир гардид. Дар вохӯрии мазкур Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Туркманистон Сердар Бердимухаммедов, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва меҳмони фахрӣ — Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, иштирок намуданд.

Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ яке аз давлатҳои калидӣ мебошад ва дар ташкилу баргузор намудани чорабиниҳои ҳам сатҳи минтақавӣ ва ҳам сатҳи ҷаҳонӣ таҷрибаи зиёд дорад. Мо барҳо шоҳиди чунин нишастҳои сатҳи олӣ гаштаем ва ин бор низ Ҷумҳурии Тоҷикистон мизбони сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ гардид.

Вохӯрии ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба таҳкими заминаи муносибатҳои дӯстӣ, сулҳу суботи минтақа, рушди минбаъдаи фазои фарҳангӣ ва гуманитарӣ нигаронида шуда буд.

Дар доираи ин вохуриҳо қариб панҷоҳ чорабиниҳои гуногун доир гардид. Яке аз чунин чорабиниҳои сатҳи баланд, ин ташкил ва баргузор намудани барномаи муштараки фарҳангӣ — “Шоми дӯстӣ” бо иштироки сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев буд. Чорабинии бошукӯҳуҳи мазкур фарогири равобити дӯстии давлатҳо, анъанаҳои неки ҳамсоягӣ ва рушди ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ дар ҳамаи самтҳо буд.

Чи тавре, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: “Ҳадаф аз баргузор кардани ин чорабиниҳо — дар Осиёи Марказӣ мустаҳкам намудани муҳити нави боварӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ мебошад.”

Ҳамзамон, бояд гуфт, ки дар доираи вохӯрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пойтахти кишвар, Форуми иқтисодӣ, Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти миллӣ, Вохӯрии аъзои Муколамаи занони пешвои Осиёи Марказӣ, Намоишгоҳи рассомон, Нахустин форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва Вохӯрии вазирони нақлиёт баргузор гардид. Бояд гуфт, ки ҳадафи ин вохӯриҳо рушди таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ байни давлатҳо, таҳкими амнияту субот дар минтақа, тавсеаи робитаҳои бародаронаи халқҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

Дар ҳошияи ин вохӯриҳо 2 санади нави ҳамкорӣ, аз қабилӣ Созишнома оид ба таҳкими ҳамбастагии нақлиёти заминӣ дар Осиёи Марказӣ ва Созишнома байни Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Узбекистон оид ба самтҳои умумии сиёсати ҷавонон ба имзо расид. Ба имзо расидани ин созишномаҳои ҳамкорӣ ба давлатҳои Осиёи Марказӣ имконият медиҳад, ки муносибатҳоро дар самти нақлиёт ва пешбурдани сиёсати ҷавонон бозҳам мустаҳкам намоянд.

Дигар чорабинии муҳимми Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, баргузории Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал буд. Бояд гуфт, ки Фонди байналмилалии наҷоти Арал соли 1993 аз ҷониби Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсис ёфта, имсол 30-солагии худро ҷашн мегирад.

Дар давраи раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Фонди байналмилалии наҷоти Арал, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Барномаи амал оид ба кӯмак ба кишварҳои ҳавзаи баҳри Арал-4 тасдиқ гардид, ки айни замон мавриди амал қарор дорад. Барномаи номбурда, чор самти муҳим ва 34 лоиҳаи миллӣ ва минтақавиро дар бар мегирад, ки онҳо дар маҷмуъ ба беҳтар гардонидани шароити зиндагӣ ва некӯаҳволии мардуми ҳавзаи баҳри Арал нигаронида шудаанд.

Самти якуми Барномаи амал оид ба кӯмак ба кишварҳои ҳавзаи баҳри Арал-4 истифодаи маҷмуии захираҳои об номгузорӣ гардида, ба захираҳои об, таҳия ва татбиқи технологияҳои замонавии таъмини самаранокии истифодаи об ва кам намудани талафот дар ҳавзаи дарё мебошад. Самти дуюми Барномаи мазкур экологӣ ном гирифта, ба ҳифзи муҳити зист равона гардида аст. Самти сеюм бошад, иҷтимоию иқтисодӣ ном гирифта, ба татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ оид ба таъмини об ва дастрасӣ ба об барои рушди устувори кишварҳои ҳавзаи баҳри Арал нигаронида шудааст. Такмили сохтори ташкилӣ ва заминаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ самти чоруми барномаи мазкуро дар бар мегирад. Он ба таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ оид ба такмили механизмҳои дастурӣ ва заминаи ҳуқуқии Фонди байналмилалии наҷоти Арал нигаронида шудааст.

Дар вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Президенти Фонди байналмилалии наҷоти Арал, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи 30-солагии ФБНА низ тасдиқ гардид, ки ин як иқдоми фараҳбахш буд

Дар охир бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонву дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлатӣ ташаббускори сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ буда, ҳамеша ҷонибдорӣ дӯстии абадӣ, рушд ва шукуфоии Осиёи Марказӣ мебошад.

 

Ҷумабек РУСТАМЗОДА,

директори Пажуҳишгоҳи равандҳои

сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавии Академия,

номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент

Похожие записи