МАҚОМИ ИНСОН ДАР ФАЛСАФАИ МАВЛОНО ҶАЛОЛУДДИНИ БАЛХИИ РӮМӢ

336011116_3544075062480930_5399161690899321655_n

Зистан муттасил мубориза бурдан аст. Дар мубориза барои зистан ғолиб одатан он аст, ки на ба қувваи ҷисмонӣ, балки пеш аз ҳама бо қувваи ақл ва хирад мубориза мебарад. Агар мубориза маҳз бо қувваи ҷисмонӣ мешуд ва ғолибият ба он муайян мегашт, фил дар хушкиву кит дар об ҳукмрон мегашт ва на одам дар ҳарду.

 

Дар меҳвари фалсафаи ҳар як ҳаким, шоиру нависанда масъалаи чун ақлу хирад ва ҳаёти инсон дида масъалаи муҳимтар нест. Инсон ҳамчун махлуқи соҳибхирад ҳаёти хешро дар баҳри пуртуғёне тай менамояд, ки танҳо василаи наҷоти ӯ аз ин маҷро ақлу хиради ӯ буда метавонад.

Масъалаи инсон, ахлоқ, тарбия, маънавиёт, таҳаммулпазирӣ яке аз масъалаҳои марказӣ дар ашъори безаволи Мавлоно Ҷалолуддини Балхии Рӯмӣ ба ҳисоб меравад.

Аз нигоҳи Мавлавӣ инсон ҳарчанд ба зоҳир олами хурд аст, вале дар маъниву моҳият олами бузург буда, шарифтарину бузургтарин офаридаи Парвардигор ба ҳисоб меравад, ва дар абёти хеш бо чунин мисраъҳо онро баён месозад:

Пас ба сурат олами асғар туӣ,

Пас ба маънӣ олами акбар туӣ.

“Инсон! Чун ин калимаро ба забон меорем, ҷаҳон ва манзараи он пеши назар меояд. Инсон, яъне тафаккур, ақлу хирад, барномаҳою нақшаҳо; Инсон, яъне ободии рӯи замин, сохтмонҳои азим, қасру кушкҳо; Инсон, яъне ҳазорон иншоотҳо, заминҳои ҳосилхез, боғу роғҳо, синаи чоки куҳҳо: Инсон, яъне тадқиқотҳо, техникаи пуриқтидор, воситаҳои истеҳсолот, яроқу аслиҳа; Инсон, ғановати ҷаҳони маънавӣ, ғизои руҳ, илми ҳолу кол; Инсон, насли худ, давомот ва мавҷудоти худ”. Инсон дар ҳама давру замон ба тарбият ниёз дорад, одоби ҳамидаву ахлоқи писандида, тариқи покдомониву каломи меҳрубонӣ зинатбахши рӯзгор ва сармояи зиндагии фард аст. Гузашта аз ин, одобу ахлоқи накӯ таҳдоби асосии ҷомеаро ташкил медиҳад, ки андарзу ҳикматҳои бузургон нисбат ба пойдориву сулҳу суботи ҳар як давлат ва миллатро аз он меҳисобанд.

Шароити имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинӣ, ва баланд намудани шуури ҷамъиятӣ бояд муваффақияти дарки таҳаммулпазириро таъмин намоянд. Хусусияти муносибатҳои байни шахсон, ки ба таҳаммулпазирӣ асос ёфтааст, бояд ба ташаккули пурсамари шахсияти таҳаммулпазир мусоидат кунад. Вобаста ба ин ҷанбаъҳои ахлоқию маънавии фалсафаи Ҷ.Балхӣ гуфтан шоистагӣ дорад, ки барои мутафаккир ҳама инсон офаридаи зоти пок аст, ва бояд ба ҳама дину кеш иттифоқию ҳамбастагӣ дошта бошад. Яке аз аркони таълимоту муқаррароти мавлавиён эътирофи баробарии тамоми дину мазҳабҳо ва эҳтироми кулли расму одатҳо мебошад, ки на танҳо дар сухан, балки дар амал – дар муносибату муошират бо мардуми ғайримусулмони ҳамзамони Мулки Рум муддати тӯлоние ба кораш андохтаанду судҳо бардоштаанд.

Ҳамин тариқ, “таълимоти мавлавия бо мақсаду хосияту табиати башардӯстии худ дар байни мактабҳои дигари фалсафа ва тасаввуф (-и Машриқзамин – А.Р.) мавқеи намоён ишғол мекунад.

Қаландармашрабу мутрибнаво бош,

Ба ҳафтодду ду миллат ошно бош!

Инсон ҳастии худро дар заминаи садоқат ва эътимод бар дигарон бино месозад. Ӯ ниёзманди робитаҳои пойдори дӯстона бо дигарон аст. Инсон мавҷуди иҷтимоӣ аст ва созандагиҳои фардии ӯ дар пайвастагии иҷтимоӣ ба арсаи зуҳур мерасанд. Ҳар фарде дорои вижагиҳоест, ки ин вижагиҳо заминасози зиндагии иҷтимоии ӯянд. Маҳз ба ҳамин иртиботи пойдор ва имкони эътимод ба дигарон аксари кулли одамон аҳамияти вижа медиҳанд. Ахлоқ ин тарзи андеша ва кирдори осеб нарасонидан ба хештан ва дигарон аст.

Боло рафтани савияи донишу афкор, муоширату гуфтор ва бад-ин васила пайдо намудани мавқеи шоиста дар ҷомеаи мутамаддин ба омилҳои мазкур марбут аст. Бахусус, дар давроне, ки одоби афроди ҷомеа заиф гардида, ҳангоми суҳбату ҷаласаҳо, муносибат бо волидайн, устоду шогирд ва роҳбару корманд заъфи меъёрҳои муошират мушоҳида мегарданд, метавон ба воситаи баргузории чорабиниҳои илмию фарҳангӣ, аз қабили конфронсу семинар, мизҳои мудаввар ва тавассути расонаҳои хабарӣ таблиғи масъалаҳои марбут ба одоби ҳамидаву ахлоқи писандида онро ба роҳ монд.

Дуруст аст, ки бузургонро дӯст доштан ва қадр намудан барои башарият сарҳаду ҳудуди муайян доштан муҳим нест. Аз ин ҷост, ки дӯсторони эҷодиёти Ҷалолуддини Румӣ, чӣ дар Ғарбу чӣ дар Шарқ бешуморанд. Мисоли ин гуфтаҳо баргузории конфронси байналмилалие, ки 7-9 сентябри соли 2007 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 800-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ бо номи «Мавлоно ва гуфтугӯи тамаддунҳо» дар ҳамкорӣ бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти таълимии «Шалола» ва Платформаи «Гуфтугӯи Авруосиё» буда метавонад, ки дар ин чорабинии бонуфуз намояндагони 29 давлати дунё ширкат доштанд. Барномаи конфронс бештар ба паҳлуҳои фалсафаи Балхӣ, чун арзишҳои инсонӣ дар фалсафаи Мавлоно; таъсири афкори Мавлоно ба ҷаҳони имрӯза; Сулҳ ва мадоро дар тасаввуф; ғояҳои сулҳпарварӣ ва муколама дар фалсафаи Мавлоно; Паёми Мавлоно ба ҳамзамонони мо равона шуда буд. Ин пайвасти ногусастании наслҳост, ки гуфтугӯи тамаддунҳоро бо ҳам мепайвандад. Ҷараён гирифтани чунин тадбирҳо боис мегардад, ки насли имрӯз аз аҷдоди гузаштаи хеш бархурдор гардида, аз маънавиёти бойи онҳо ҳаёташонро пурсамар гардонад.

Инсон истифода аз ганҷинаҳое, ки дар ашъори Ҷалолуддини Балхӣ маҳфуз аст ҳаёти хешро орӣ аз хусумат, кинаю адоват сохта, ба воситаи масалу ҳикояҳо ва қиссаҳои эҷодиёташ, ки саропо панду андарзҳо аст, инсонро ба некию накукорӣ ҳидоят менамояд, зулму ситамро хислатҳои бади инсонӣ шуморида, сахт маҳкум намудааст. Осори безаволи Мавлоно Румӣ «Маснавии маънавӣ» аз бузургию шуҳратёриаш ба забонҳои гуногуни дунё тарҷума шуда, оид ба ин асар даҳҳо рисолаҳои илмӣ бунёд гардидааст.

Қобили зикр аст, ки воқеияти имрӯзаи ҷаҳонишавӣ осори манфии хешро, рӯи мухолифатҳои зиёде дар саросари ҷаҳон, дар миёни сиёсатмадорон, иқтисоддонон ва донишмандони илмҳои ҷомеашиносӣ шудааст ва тақрибан тамоми ҷомеаҳо фарҳанги худро аз ҳуҷуми ҷаҳонишавӣ дар маърази таҳдиду фаноравӣ мебинанд.

Дар замоне, ки раванди ҷаҳонишавӣ босуръат идома дорад ва ҳуҷуми фарҳангҳои мухталиф боиси касодии ахлоқи ҷомеа мегардад, асари «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолуддини Балхиро ҷасурона метавон донишномаи ахлоқи ҳамидаи инсониву исломии халқамон номид. Умед ва таманно дорем, ки пандҳои ҳакимонаву орифонаи ин нобиға чун сипар ахлоқи ҳадмидаи инсониро ҳифз менамоянд ва дар ҷомеа пояҳои одамиятро устувор месозанд.

Дар фарҷоми андешаҳои дар фавқ зикршуда, сухан аз сулҳу оштӣ, ишқу ошиқӣ миёни тамоми башариятро Мавлоно на дар ҳамзабонӣ, дину мазҳабу кеш ва оини миллату халқиятҳои дунё мешуморид, балки моҳияти фалсафаи гуманистии ӯ фарогирӣ ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтару болотар аст, мебошад.

Ишқҳое аз паи ранге буванд,

Ишқ набувад, оқибат нанге бувад.

Эй басо ҳиндуву турку ҳамзабон,

Эй басо ду турк чун бегонагон.

Пас забони ҳамдилӣ худ дигар аст,

Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст!

Гуландом АБИЛЗОДА,

мудири кафедраи психология ва сотсиологияи идоракунии Академия,

номзади илмҳои фалсафа, дотсент

Похожие записи