ИСТИҚЛОЛ – ДАСТОВАРДИ БУЗУРГИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

maxresdefault

Истиқлоли давлатӣ волотарин ва арзиштарин дастовард ва падидаи сиёсӣ дар таърихи халқи тоҷик маҳсуб ёфта, оғози эҳёи нави ин миллати тамаддунсоз ва рушди суннатҳои аҷдодии давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Сароғози ин падидаи бузург дар Иҷлосияи дуюми Шўрои Олии Ҷумҳурии Точикистон (даъвати дувоздаҳум) 24 августи соли 1990 Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки новобаста ба авзои шадиди сиёсӣ, гуногунақидагӣ ва намоишу майдоннишиниҳо қабул карда шуд.

Қадами устувор ва бебозгашт дар роҳи ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ қабули эъломияи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки тавассути овоздиҳӣ аз ҷониби вакилони халқ қабул карда шуд. Бояд қайд намуд, ки ташкили давлати ҳуқуқбунёд мақсади асосии давлати соҳибистиқлоли мо дар ин давраи пурпечутоби таърихӣ ба ҳисоб мерафт. Бо ин ҳуҷҷати расмии қабулгардид истилоҳоти таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, демократия, низоми бисёрҳизбӣ, гуногунандешӣ ва амсоли инҳо ба сохти давлатдории Тоҷикистони навин ворид шуд. Ҳамчунин Эъломия дар баробари эътирофи авлавияти эҳёи миллӣ ва фарҳангии халқи тоҷик, анъанаву суннатҳои таърихии он баробарҳуқуқии тамоми миллатҳои сокини ҷумҳурӣ ва рушди озоди миллию фарҳангии онҳоро кафолат медод.

Дар тули 32 соли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор дастоварҳои бузурге ноил гардид, ки дар солҳои нооромиҳои сиёсии мамлакат пешгӯинашаванда буданд. Ҳамаи ин тараққиёту пешрафтҳо ва дастовардҳо бо дастгирӣ ва кӯшишу заҳматҳои фарзонафарзанди миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллалӣ мешиносанд ва эътироф мекунанд. Ҳамчунин бояд гуфт, ки баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати “дарҳои кушод”-и хориҷӣ бо як қатор созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ба монанди Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва амсоли инҳо шомил гардид. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба эътидол омадани вазъи амниятии мамлакат се ҳадафи стратегии худро қабул намуд. Ин ҳадафҳо аз баромадан аз бумбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ, таъмини амнияти озукаворӣ ва соли 2021 бошад саноаткунонии босуръатро қабул намуданд, ки имрўзҳо бо дастгирии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амал татбиқ шуда истодаанд.

Дар ҳақиқат Истиқлоли давлатӣ волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату давлатдории тоҷикон дар қарни XX ба шумор меравад, ки он нахуст дар заминаи давлатҳои навтаъсиси Иттиҳоди Шўравӣ арзӣ ҳастӣ намуда, баъдан ҳамчун шакли давлатдории мутамаддину пешрафта сабзид, ташаккул ёфт ва ба камол расид. Истиқлол шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад. Истиқлол рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад. Соҳиб гардидан ба истиқлоли комили давлатӣ, ки ба санади сарнавиштсоз, яъне Эъломия решапайванд аст, бузургтарин арзиш ва дастоварди халқи тоҷик дар давраи навтарини таърих мебошад.Бо вуҷуди даргириҳои сиёсӣ ва ҷанги таҳмилиии шаҳрвандӣ 32- соли созандагиву бунёдкорӣ, дастовардҳои беҳамтои замони Истиқлоли давлатӣ арзиши таърихии ин санадро нишон медиҳад. Месазад, ки ҳар яки мо ба қадри ин неъмати бузург, яъне истиқлол бирасем ва барои ободию пешрафти диёри маҳбубамон Тоҷикистон саҳми худро гузошта бошем.

Руҳафзои НУРАЛӢ,

магистранти Академия

Похожие записи