ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР КИШВАРҲОИ ОЛАМ

402303347_2826363544194182_2577047003797994048_n

Аввалин кишваре, ки рӯзи Президентро таҷлил кард,ин Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мебошад. Албатта ин таърихи худро дорад, чунки аввалин кишвари президентӣ дар олам ин ИМА аст. Депутатҳои ин кишвар таҷлили ин ҷашнро соли 1968 дар конгресси ИМА ба миён гузоштанд. Аммо баҳсҳои тӯлонӣ дар конгресс анқариб ду сол давом ёфта ва ниҳоят аз 37 Президент хизматҳои Президент Ҷорҷ Вашингтонро (1789-1797) ба назар гирифта, рӯзи душанбеи ҳафтаи сеюми моҳи феврал дар Амрико рӯзи Президент эълон карда шуд. Гуфтан ба маврид аст, ки то соли 1970 баъзе штатҳои ИМА санаи 12 февралро рӯзи мавлуди Авраам Линколн (1861-1865) Ҳисобида, бо як шукуҳу шаҳомати хос ҷашн мегирифтанд. Мувофиқи Конститутсияи Амрико дар рӯзи Президент тамоми шаҳрвандон истироҳат намуда, аз намоишҳои театрӣ, карнавалҳо, боғу гулгаштҳо, ки ройгон ташкил карда мешавад, истифода мебаранд.

Дар давлатҳои собиқ Шӯравӣ азрӯзи Президент дар Қазоқистон, Туркманистон ва Тоҷикистон истиқбол мегиранд. Дар Туркманистон сар аз 19 феврали соли 1994 Рӯзи Президент ҳамчун ҷашни миллӣ зодрӯзи Туркманбошӣ (Сафармурод Ниёзов) таҷлил карда мешуд. Вале, пас аз як сол Сафармурод Ниёзов бо қарори худ ин санаро рӯзи парчами давлатӣ эълон кард. Аз соли 2012 то инҷониб 1 декабр дар Қазоқистон рӯзи Президенти нахустини ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев истиқбол гирифта мешавад. Дар рӯзи 1 декабри соли 1991 мардуми ин кишвар бори нахуст Президенти худро интихоб карданд,аз ин рӯ ин сана рӯзи истироҳат ҳисобида мешавад. Дар ҷазираҳои Маршалл рӯзи Президент 17 ноябр ҷашн гирифта мешавад. Дар соли 1928 нахустин Президенти кишвар Амата Кабуа ба дунё омадааст, ки яке аз поягузорони истиқлолияти кишвар маҳсуб меёбад. Маҳз Кабуа барои ба даст овардани соҳибистиқлолии кишвараш аз ИМА талошҳои беамон бурдааст. Кабуа ҳамчунин муаллифи суруди миллии ҷазираҳои Маршалл мебошад. 11 ноябр дар кишвари Ангола рӯзи Президент ё ин ки рӯзи қаҳрамонон — муборизони Истиқлолият таҷлил карда мешавад. Чунки дар ин рӯз роҳбари якуми кишвар Антонио Ангостино Нето таваллуд шудааст. Ӯ барои озодии мардумаш аз мустамликадорони Португалия мубориза бурдааст. Маҳз талошҳои ӯ буд, ки соли 1975 Ангола истиқлолият ба даст овард. Таҷлили Рӯзи Президентро дар Боствана мардум интизор мешаванд. Чунки рӯзи сеюми душанбеи моҳи июн мардум дар назди муҷассамаи аввалин Президенти ҷумҳурии Боствана Серетсе Кхам ҷамъ мешаванд ва аз хизматҳое, ки барои халқу Ватанаш кардааст, ёд мекунанд. Зикр кардан ҷоиз аст, ки ба туфайли ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоияш Серетсе Кхама Бостванаро аз кишвари қафомондаи Африқо ба кишвари муттараққӣ табдил дод. Ҳатто дар Бритониёи Кабир ба хотири ӯ филми мустанадро намоиш додаанд.

Тавре ки медонем санаи 16 ноябр рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” муайян карда шудааст. Сабаби ба ин рӯз рост омадани чунин ҷашни муборак дар он аст, ки маҳз дар ҳамин рӯзи таърихӣ, яъне 16 ноябри соли 1994 Пешвои маҳбуби миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Точикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд карданд. Дар ҳамин сол дар аввалин Конститутсияи Точикистони сохибистиклол, ки аз тарафи мардум қабул карда шуд, шакли идории Точикистон ба шакли ҷумхурии президентӣ табдил дода шуд. Агар таҷлили рӯзи Президенти дигар кишварҳоро таҳлил кунем, ба хулосае омадан мумкин аст, дар бештари кишварҳо таҷлили рӯзи Президент ба санае рост меояд, ки дар ҳамон рӯз роҳбари давлат чун Президент ба фаъолият оғоз намудааст. Аммо Президенти маҳбуби мо сеюмин сарвари кишвар ба ҳисоб меравад, ки дар солҳои кашмакашиҳои сиёсӣ ба сари ҳокимият омадааст. Пӯшида нест, ки ду Президенти пешинаи мо аз салоҳияташон даст кашиданд ва кишварро дар ҳолати парокандагӣ монданд.

Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввал ҳамчун Сарвари давлат таҳкими сулҳ, озодии сиёсӣ, ташкили Қувваҳои Мусаллаҳи миллӣ, ҳифзи сарҳадро ҳамчун вазифаҳои аввалини ҳукумати нав муайян кард. Барои иҷрои ин мақсадҳо ӯ тадбирҳое андешид, ки дар таҷрибаи ягон давлати дунё дида нашуда буд. Барои ҳамин муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барҳақ меъмори сулҳу истиқлолияти давлати миллии мо меҳисобанд. Маҳз тавассути заҳматҳои ӯ тамоми рукнҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ аз нав барқарор шуда, чун шохаҳои бузурги идоракунии хоҷагии халқ ба фаъолият пардохтанд.

Маҳз тавассути талошҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият ба давлати соҳибистиқлолу демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягона табдил ёфта, сохтмони шаҳру шаҳракҳои замонавӣ, иншооти азими саноативу иҷтимоӣ, фарҳангиву фароғатӣ, роҳҳову пулҳову нақбҳои нақлиётӣ, неругоҳҳои барқӣ — обӣ ва дигар инфрасохтори замонавӣ симои кишварамонро ба таври шинохтанашаванда тағйир дод.

Рухшона АЗИЗОВА,

магистранти Академия

Похожие записи