ФУРӮҒИ ОДАМИЯТ АЗ КИТОБ АСТ…

368107588_321825413939812_5029382450302251016_n

Масъалаи омўзиши осори таърихиву фарҳангӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандони бузурги миллат дар роҳи таҳкими истиқлолияти давлат ва густариш пайдо кардани раванди худшиносиву худогоҳии ҳар як халқу миллат аҳамияти басо муҳим дорад.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар даврони соҳибистқлолӣ дар баробари рушди дигар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ соҳаи маориф низ ба суръати бемайлон рушд карда бо ташаббусҳои бевоситаи Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон дар як давраи ниҳоят кӯтоҳи тақдирсоз роҳи чандинсолаи тараққиро аз сар гузаронид. Маориф яке аз соҳаҳои калидии пешрафти ҷомеа ва рушди ҳар як мамлакат ба ҳисоб рафта тақдири миллату давлатро барои садсолаҳо муайян мекунад. Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз оғози ба сари қудрат омадан маорифро дар сатҳи аввал гузошта барои рушду инкишофи он саҳми беандоза калон гузоштааст. Албатта, рушд додани илму маориф як ҷониб, дар баробари он бедорсозии ҳуввияти ватанпарастӣ ва худогоҳии ҷавонон низ дар оғози солҳои соҳибистиқлолӣ кори ниҳоят муҳим ба ҳисоб мерафт.

Маҳз баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ тоҷикон ҳуқуқ пайдо карданд, ки худ бевосита дубора ҳукмрони воқеии сарзамини аҷдодии хеш бошанд. Дар ин муддат зарурати таҳким бахшидани ҳувияти ватанпарастӣ ва худогоҳии ҷавонон низ пеш омад, ки сарвари давлат аз оғози солҳои соҳибистиқлолӣ дар ин маврид таъкидҳои зиёд намудаанд.

Минбаъд хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва донишҷӯён имконият пайдо намуданд, ки дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумуриявӣ ва байналмилалӣ ширкат варзида соҳиби ҷойҳои намоён гарданд. Дар ин муддат сатҳу сифати баргузории озмунҳо низ хеле боло рафт.

Яке аз озмунҳо озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” мебошад, ки бори аввал бо Амри Президенти мамлакат аз санаи 9 феврали соли 2019, № АП – 1165 озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” роҳандозӣ гардида дар он давра миёни тамоми қишрҳои мамлакат як ғулғулаеро барпо намуд. Озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, тақвият бахшидани неруи зеҳнӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, ва тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар ба роҳ монда шуд. Дар озмун ба мавзуъҳои ватандӯстӣ, ваҳдати миллӣ, тавсифи ғояҳои Истиқлол, тараннуми дӯстию рафоқат, озодию осоиштагӣ, сулҳу субот, инъикоси саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ, мавзуи об ҳамчун сарчашмаи ҳаёт, инсондӯстӣ, хайру саховат, накукорӣ, васфи ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада, Тиргон, ишқи поки инсонӣ, эҳсонкорӣ ва тасвири табиати зебои кишвар бартарӣ дода шуд.

Таҷрибаи соли аввали озмун нишон дод, ки он воқеан озмуне мебошад, ки барои таҳкими худогоҳии миллӣ ва огоҳӣ пайдо кардан аз осори классикону муосирини адибони тоҷику форс миёни тамоми қишрҳои ҷомеа, махсусан, ҷавонон муосидат мекунад.

Дар соли аввал барои озмун ба маблағи умумии 310 ҳазор сомонӣ (сесаду даҳ ҳазор сомонӣ) ҷудо шуда буд. Барои ғолибони ҷойи якум 30000 сомонӣ, барои ғолибони ҷойи дуввум 20000 сомонӣ ва барои ғолибони ҷойи сеюм 15000 сомонӣ ва барои “Шоҳҷоиза”-и озмун 50000 сомонӣ муайян шуд. Дар соли аввал иштирокчиён аз рӯйи синну сол ҷудо нашуда буданд ва дар баробари ин, барои ҳар як номина 3 ҷойи ифтихорӣ муайян шуда буд, ки барои ҷудо намудани беҳтаринҳо ҳайати ҳакамон ва кумитаи тадорукот ба душвориҳо дучор омаданд.

Дар соли 2020 бо супориши Пешвои миллат ва пешниҳоди мутахассисон ба Низомномаи озмун як қатор тағйироти ҷиддӣ ворид карда шуд. Аз ҷумла, номи озмун «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» унвонгузорӣ шуд, ки пештар аз ин “Фурӯғи субҳи доноӣ” унвон дошт. Ба озмун як номинатсияи нав “Шоирӣ” ворид карда шуд. Ҳамчунин иштирокчиён аз рӯйи синну сол ба се гурӯҳ ҷудо карда шуданд, ки хонандагон, донишҷӯён ва кормандону калонсолонро дар бар мегирифт.

Дар баробари ин, барои ҷойи 1-ум як ҷой, барои 2-юм се ҷой ва барои ҷойи 3-юм ду ҷой ҷудо карда шуд.

Агар дар соли 2019 ба иловаи “Шоҳҷоиза” барои ғолибон 12 ҷой муайян карда бошанд, дар соли 2020 76 ҷой, дар соли 2021 96 ҷой, дар соли 2022 96 ҷой ва дар соли 2023 121 ҷой ҷудо карда шуд.

Ҳамин тариқ, агар дар соли 2019 3 10000 ҳазор сомонӣ (сесаду даҳ ҳазор сомонӣ), дар соли 2020 ба маблағи умумии 1 646 400 (як миллиону шашсаду чилу шаш ҳазору чорсад) сомонӣ ва дар соли 2021 2 835 000 (ду миллиону ҳаштсаду сиву панҷ ҳазор) сомонӣ ҷудо шуда бошад, дар соли 2022 тибқи Низомнома 3 045 000 (се миллиону чилу панҷ ҳазор) сомонӣ ҷудо гардид. Дар соли 2023 бошад, ин рақам ба 3 895 000 (се миллиону ҳашсаду наваду панҷ ҳазор) сомонӣ расид. Дар соли 2023 барои “Шоҳҷоиза”-и озмун 70000 сомонӣ ҷудо карда шуд, ки ҳамаи ин маблағҳо аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидаанд.

 

Бояд қайд намуд, ки дар ҳар соли баргузории ин озмун шумораи иштирокчиён низ дар давраҳои гуногуни он меафзояд ва сатҳи омодагии онҳо низ сол то сол беҳтар мегардад. Масалан, агар дар даври якуми озмун дар соли 2022 128851 нафар иштирок карда бошад, дар соли 2023 239 657 нафар иштирок намудаст.

Таҷрибаҳо нишон додаанд, ки дар ин озмун шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, таваҷҷуҳ намуда дар даврҳои гуногуни озмун иштирок намудаанд.

Аз соли 2021 сар карда дар Низмономаи озмун тағйирот ворид шуд, ки тибқи он ба омӯзгорони хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна низ маблағи алоҳида ҷудо карда шуд ва ба ҳар омӯзгоре, ки шогирдаш дар даври ҷумҳуриявӣ соҳиби ҷой мегардад, 10000 сомонӣ дода мешуд.

Агар дар соли 2021 барои 26 омӯзгор маблағ ҷудо шуда бошад, дар соли 2022 ин рақам ба 46 ва дар соли 2023 ба 60 нафар расид.

Дар солҳои минбаъдаи баргузории озмун рӯйхати адибон низ аз номинаҳои гуногун такмил дода шуданд.

Дар соли 2023 мушоҳида шуд, ки аъзои ҳакамон аз минтақаҳои гуногун интихоб шуданд, ки шаффофияти озмун боз ҳам бештар ба мушоҳида расид.

Эмомалӣ Раҳмон перомуни нақши ададбиёти оламшумули тоҷик дар тарбияи насли наврас низ борҳо таъкид намуда, барои чопи асарҳои адибони классику муосир саҳми назаррас гузоштаанд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ ин падида аз хиради азалӣ ва фарҳангдӯстиву адабпарварии Президенти мамлакат дарак медиҳад.

Шоири бузург Иқболи Лоҳурӣ мефармояд:

Баргу сози мо китобу ҳикмат аст,

Ин ду қувват эътибори миллат аст.

Президенти мамлакат ҳанӯз дар соли 1996 бахшида ба Рӯзи Истиқлолият дар суханронии хеш чунин ишора кардаанд: “Тамоми осори гузаштагони бузурги мо аз Авасто сар карда то Рӯдакию Фирдавсӣ, Мавлавию Хайём, Носири Хусрав ва Хоҷа Камол, Саъдию Ҳофиз, Ҷомию Соиб, Сайидою Дониш ва садҳои дигарро маҷмуи одобу ахлоқ номидан мумкин аст. Ҳоҷати аз берун овардани меъёрҳои ахлоқӣ нест. Фақат омӯзишу фарогирии ин осор ва арзишҳои маънавиро ба таври ҷиддӣ, бонизом ва пайгирона ба роҳ мондан лозим аст”.

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои иштирокчиёне, ки барои озмун ин омодагӣ мебинанд, толори алоҳидае ҷудо шуда аз рӯйи чор номининатсия китобҳо дастраси хонандагон мешаванд. Дар ин толор иштирокчиёни озмун миёни ҳамдигар гоҳе баҳсу мунозираҳо ва суҳбатҳои адабӣ мегузаронанд.

Ба воситаи ин озмун, беҳтарин наттоқон ва забондонон аз миёни хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа кашф шуданд. Бо боварии комил метавон арз кард, ки бо таъсири ин озмун дар ояндаи наздик аз миёни ҷавонон беҳтарин адабиётшиносон ва шоирону нависандагон рӯйи саҳнаи адабиёт хоҳанд омад.

Дар баробари баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин озмунҳои дигаре ба монанди “Тоҷикистон – ватани азизи ман”, “Илм-фурӯғи маърифат” ва ““Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат”, баргузор мегардад, ки барои пешрафти илмҳои табиию риёзӣ, шинохтани таърихи гузаштаи миллати худ, рушди санъату ҳунари тоҷик кӯмак хоҳад кард.

Фурӯғи коинот аз Офтоб аст,

Фурӯғи одамият аз китоб аст.

                                                                    Рустам Ваҳҳобзода

 

Шоҳбегим МАЛИКШОЗОДА,

сардори шуъбаи омодакуниии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии Академия,

номзади илмҳои филологӣ

Аксҳо

Похожие записи