Маълумотномаи факултети дипломатия ва сиёсат
Факултети Дипломатия ва сиёсат барои омода намудани кадрҳои роҳбарикунандаи соҳаи хизмати давлатӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ, омода намудани мутахассисони сатҳи байналмилалӣ, бахусус забондон ва дорои ҷаҳонбинии васеъ бо ташаббус ва сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таъсиси Муассисаи давлатии “Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, аз 29 феврали соли 2020, №1463 таъсис дода шудааст.
Воҳидҳои корӣ дар факултет:
1. Декани факултет Исматуллозода Ф.И.,
2. Муовини декан оид ба таълим Тоҳирзода М.
3. Муовини декан оид ба илм Иброҳимов С.С.
4. Муовини декан оид ба тарбия Иброҳимзода Э.О.
5. Методист Маҳмадшозода М.М,
6. Мутахассис-коргузор Бегзода М.М.,
Факултети дипломатия ва сиёсати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як ҷузъи асосӣ ва пешбари таҳсилоти олии касбии муносибатҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, баҳри тадқиқу омӯзиши паҳлуҳои гуногуни илми муносибатҳои байналмилалӣ мақоми аввалиндараҷаро соҳиб мебошад. Факултет дар татбиқи сиёсати давлатии тайёр кардани кадрҳо, иҷроиши Барномаву Стандартҳои давлатии соҳаи маориф ва илм ҳамчун сохтори таркибии Академия фаъолият намуда, таъмини устувор ва босифати кадрҳоро дар хадамоти робитаҳои байналмилалии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, идоракунии давлатӣ, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти худидораи маҳаллӣ, корхонаву муассиса, ташкилотҳо, бонкҳо ва макотиби олии ҷумҳурӣ амалӣ месозад.
Лозим ба ёдоварист, ки сиёсати хориҷӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат ва фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид дар ҳаллу фасли масъалаҳои гуногуни глобалӣ ва минтақавӣ нақши босазо гузоштааст. Аз ҷумла, чандин ташаббуси кишвари мо доир ба мушкилоти глобалии об, мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз ҷониби кишварҳои ҷаҳон дастгирӣ ёфта, тадриҷан амалӣ гардида истодаанд.
Ҳадафи факултет фаъолияти бомаром, ба мақсади баланд бардоштани сатҳи касбӣ, яъне истифодаи барномаҳои муосири таълимӣ, шаклу усулҳои ташкили раванди таълим ба рушди сармояи касбӣ, инчунин эҷодиёти коммуникативӣ ва омодагии мутахассисони оянда ба муоширати пурраи касбӣ бо забони хориҷӣ дар соҳаи сиёсӣ ва хизмати давлатӣ, инчунин омода намудани мутахассисони ояндаи муошираташон бо забони хориҷии касбӣ (русӣ, англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, арабӣ) бо назардошти хусусияти раванди муошират, хусусиятҳои шахсияти хушбаён ва эҷодкор, маҳсули эҷоди коммуникативӣ ва хусусияти муҳити эҷодии муошират дошта, мебошад.
Фаъолияти илмӣ-тадқиқотии факултет ин тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи дипломатия, муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсат мебошад. Таҳқиқотҳои илмӣ дар факултет аз рӯи самтҳои илмӣ- таҳқиқотии кафедраҳои марбута аз рӯи мавзӯи таърихи дипломатия ва муносибатҳои байналмилалӣ, муносибатҳои байналмилалии муосир, равандҳои муосири ҳамгироӣ (интегратсионӣ), масъалаҳои муҳими сиёсати байналмилалӣ ва минтақавӣ ба роҳ мононда шудааст. Вазифаи аввалиндараҷаи ҳайати устодони факултет ташаккул додани дониш, маҳорат ва малакаҳои касбӣ дар доираи фаъолияти муносибатҳои байналмилалӣ, сиёсат ва идораи давлатӣ ва менеҷменти сиёсӣ, масъулиятнокӣ, ҷаҳонбинӣ ва тарбияи ҳувияти миллӣ дар зеҳни донишҷӯён мебошад.
Факултети дипломатия ва сиёсат ҷиҳати омода намудани мутахассисон дар татбиқи сиёсати «Дарҳои кушод»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои Барнома ва Стандартҳои давлатӣ, омода кардани мутахассисони сатҳи баланд, анҷом додани корҳои бунёдии илмӣ—таҳқиқотӣ нақши арзанда дорад.
Сохтори факултети Дипломатия ва сиёсат аз Шӯрои олимони факултет ҳамчун мақоми болоии роҳбарии факултет, Шӯрои илмӣ-методӣ, Шӯрои олимони ҷавон, Шӯрои кураторон, Шӯрои бонувон ва духтарон, бюрои иттифоқи касабаи устодону кормандон, бюрои Иттифоқи касаби донишҷӯён, Созмони ҷавонони донишҷӯён,Ҷамъияти илмии донишҷӯён ва 6 кафедра иборат аст.
|