Раёсати робитаҳои байналмилалӣ

 

       

Академияи муосирро бе ҳамкориҳои байналмилалии фаъол ва бидуни шомил будан ба фазои таълимӣ ва илмӣ-таҳқиқотии ҷаҳонӣ  тасаввур кардан душвор аст. Бинобар ин, рушди робитаҳои байналмилалии дуҷониба ва бисёрҷониба, татбиқи лоиҳаҳои таълимӣ ва илмӣ ба вазифаҳои асосии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ доранд. Танзими маҷмӯи робитаҳои байналмилалии Академияро Раёсати робитаҳои байналмилалӣ пеш мебарад.

Раёсати робитаҳои байналмилалии фаъолияти худро тибқи тартиби муқарраргардида дар асоси Низомнома ва Нақшаи кории Раёсат дар самтҳои танзим ва ба роҳ мондани робитаҳо бо муассисаҳои марбутаи кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар бахши таҳсилот, бозомӯзӣ, такмили ихтисос, корҳои тадқиқоти илмии муштарак, табодули академии донишҷӯёну магистрантон, сафарбар намудани кормандон ва устодон барои иштирок дар семинар ва конференсияҳои илмию байналмилалӣ, ҷалб ва татбиқи лоиҳаҳои гуногуни илмӣ ва таълимӣ ба роҳ мондааст.

Дар раёсати робитаҳои байналмилалӣ чор зерсохтор вуҷуд дорад:

  1. Шуъбаи татбиқи лоиҳаҳо;
  2. Шуъбаи ҷалби грантҳо;
  3. Бахши ҳамкориҳои байналмилалӣ;
  4. Бахши табодули академӣ.

АИД ПҶТ ҳамкориҳоро бо Академияҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ, ташкилотҳои давлатӣ, хусусӣ ва ҷамъиятӣ дар шаклҳои зерин ба амал мебарорад:

  • даъват намудани омӯзгорон ва мутахассисони варзидаи хориҷӣ барои фаъолияти педагогӣ ва илмӣ;
  • фиристодани омӯзгорон, магистрантҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва унвонҷӯёни Академия барои гузаронидани таҳқиқоти илмӣ, таҷрибаомӯзӣ, такмили ихтисос, инчунин ба аспирантура, докторантура ва ба муассисаҳои илмӣ ва таҳсилотии давлатҳои хориҷӣ барои таҷрибаомӯзӣ ва унвонҷӯйӣ;
  • иштирок дар барномаҳои дутарафа ва бисёртарафаи мубодилаи донишҷӯён ва кормандони Академия бо дигар давлатҳо дар асоси шартнома барои зинаи бакалавриат ва барои зинаи магистратура;
  • амалӣ намудани лоиҳаҳои таҳқиқотии муштарак;
  • таҳсили шаҳрвандони хориҷӣ дар Академия;
  • амалӣ намудани хизматрасониҳои таълимӣ, таълимию методӣ ва илмию машваратӣ бо ташкилотҳо ва шаҳрвандони хориҷӣ;
  • гузаронидани конгрессу симпозиумҳо, конференсияҳо, семинарҳо, машваратҳо ва намоишҳои байналмилалӣ;
  • таҳкими заминаи муосири таълимию методӣ ва илмии Академия дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ;
  • шомил гаштан ба иттиҳодияҳо, ассотсиатсияҳо ва созмонҳои дигари касбии байналмилалӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • ба роҳ мондани шуроҳои дифои муштарак.

 

Айни замон Академия бо 14 ташкилоти байналмилалӣ ва 32 муассисаҳои таҳсилоти олии  касбии хориҷӣ ҳамкориро ба роҳ мондааст.

Мақсади аввалиндараҷаи самти робитаҳои байналмилалӣ – ин татбиқи барномаҳо ва лоиҳаҳои дарозмуддат буда, барои таъмин намудани самароникии фаъолияти таълимӣ ва сифати корҳои илмие, ки мувофиқи стандарҳои ҷаҳонӣ мебошанд, равона шудааст.

Аз ҷониби раёсати робитаҳои байналмилалӣ бо ҷалби шарикони дохилӣ ва хориҷӣ дар Академия марказҳои гуногун таъсис дода шудааст, ки айни ҳол фаъолона дар самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ ва хизматӣ давлатӣ саҳми назаррас гузошта истодаанд:

  1. МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН (СОЛИ 2021)
  2. МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ (СОЛИ 2021)
  3. МАРКАЗАИ РУШДИ ҲУҚУҚИ МАЪМУРӢ (СОЛИ 2021)
  4. МАРКАЗИ ШАХСОНИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД (СОЛИ 2022)
  5. МАРКАЗИ ОМӮЗИШ ВА ДАСТГИРИИ ЗАНОНИ РОҲБАРИКУНАНДА ВА БОЛАЁҚАТ (СОЛИ 2022)
  6. МАРКАЗИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ МУБОРИЗАБАРАНДА БА КОРРУПСИЯ (СОЛИ 2022)
  7. МАРКАЗИ БАРНОМАИ ГЛОБАЛИИ РОҲБАРӢ ДАР ОЗМОИШГОҲҲО (GLLP) (СОЛИ 2023)
  8. МАРКАЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК (СОЛИ 2023)
 

 

1.МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН (СОЛИ 2021)

Маркази дӯстӣ ва ҳамкории Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон 21 феврали соли 2021 дар Академияи бахшида ба 20 - солагии Созмони ҳамкории Шанхай дар мувофиқа бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ифтитоҳ гардид.

Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ дар Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятии ғайридавлатии ғайритиҷоратӣ буда, бо мақсади омӯзиши равандҳои ҳамгироӣ ва тақвияти созмон, дар сохтори Академия фаъолият менамояд. 

Ҳамчунин, самтҳои асосии фаъолияти маркази мазкур тақвият бахшидан ба ҳамкорӣ ва дӯстӣ байни давлатҳои аъзо, мусоидат ба эътимоди тарафайн ва ҳамсоягии нек, ҳамбастагӣ байни миллатҳо ва мазҳабҳо, рушди муколамаи тамаддунҳо, табодули ҳайати дуҷониба, омӯзиши равандҳои ҳамгироӣ, коркарди ташаббусҳо, ташкилу баргузории чорабиниҳои сатҳи миллию байналмилалӣ, фароҳам овардани шароит барои таҳкими фазои дӯстона байни ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла ташкилотҳои ҷавонон ва занони кишварҳои СҲШ, мусоидат ба рушди ҳамкориҳои кишварҳои СҲШ дар соҳаи илм, маориф, фарҳанг, иқтисодиёт, сайёҳӣ, ташаккули захираҳои иттилоотӣ ва ҳамкорӣ бо ВАО, бо мақсади тавзеҳи васеи ҳадафҳо, вазифаҳо ва афзалиятҳо мебошад.

  1. МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ (СОЛИ 2021)

Дар асоси Қарордод оид ба ҳамкорӣ миёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дафтари ҳамоҳангсозии Барномаи ТИКА дар шаҳри Душанбе ва Маркази омӯзиши забони туркӣ (ТӮМЕР) моҳи июни соли 2021 дар Академия Маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ бо кабинети лингофонӣ ифтитоҳ гардид.

Мақсад аз таъсис додани маркази мазкур равнақ бахшидани маҳорату малакаи забондонӣ ва ҷаҳонбинии донишҷӯёну кормандони Академия. Дар доираи фаъолияти Марказ омӯзиши забони рӯсӣ, англисӣ, арабӣ, туркӣ ва олмонӣ барои донишҷӯён, омӯзгорон ва кормандони Академия ба роҳ монда шудааст.

  1. МАРКАЗАИ РУШДИ ҲУҚУҚИ МАЪМУРӢ (СОЛИ 2021)

Дар доираи лоиҳаи муштараки Академия идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъиятӣ ҳамкориҳои байналмилалии Олмон (GIZ) “Расмиёти маъмурӣ дар Тоҷикистон” 18 ноябри соли 2021  дар Академия Маркази рушди ҳуқуқи маъмурӣ ифтитоҳ гардид.

Мақсад аз ташкили Марказ ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти ҳалли масоили марбут ба расмиёти маъмурӣ – ҳуқуқӣ, мурофиаи маъмурӣ – ҳуқуқӣ, асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ дар самтҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ мебошад.

 

  1. МАРКАЗИ ШАХСОНИ ИМКОНИЯТАШОН МАҲДУД (СОЛИ 2022)

Дар доираи лоиҳаи муштараки Академия ва барномаи Иттиҳоди Аврупо Эрасмус+ таҳти унвони «Рушди хизматрасонӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд» (Developing services for Individuals with Disabilities - DECIDE) моҳи июли соли 2021 Маркази кор бо шахсони имконияташон маҳдуд дар назди Пажӯҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавии Академия таъсис дода шудааст.

Ҳадафи асосии маркази мазкур дастгирии афроди имконияти ҷисмониашон маҳдуд ва таъмини онҳо бо шароити муносиб барои гирифтани дараҷаи мутаносиби таҳсилоти олии касбӣ, инчунин таъмин намудани иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти ҷомеа ва дар қабули қарорҳо ба шумор меравад. Марказ бо дастгоҳи чопӣ бо алифбои Брайл ва барномаи махсусии компютерӣ таъмин шудааст.

5.МАРКАЗИ ОМӮЗИШ ВА ДАСТГИРИИ ЗАНОНИ РОҲБАРИКУНАНДА ВА БОЛАЁҚАТ (СОЛИ 2022)

 

Бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 феврали соли 2022 дар Академия бо дастгирии молиявии намояндагии СММ-Занон Маркази омӯзиш ва дастгирии занони роҳбарикунанда ва болаёқат таъсис дода шуд.

Марказ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030 тадбирҳои амалӣ андешида, барои иштироки фаъолонаи занону духтарон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва дар ин замина баланд бардоштани мавқеъ, саводнокӣ ва маърифати ҳуқуқӣ, таъмини дастрасӣ ба хизмати давлатӣ, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи кишвар аз ҳисоби занону духтарони болаёқат шароити мусоид ва имкониятҳои ҳамаҷониба фароҳам меоварад.

6.МАРКАЗИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ МУБОРИЗАБАРАНДА БО КОРРУПСИЯ (СОЛИ 2022)

Дар доираи лоиҳаи муштараки Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дафтари барномаи САҲА дар самти татбиқи сиёсати зиддикоррупсионӣ, омӯзиши қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва баланд бардоштани ташаккули ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ моҳи декабри соли 2022 Маркази такмили ихтисоси кормандони мақомоти муборизабаранда бо коррупсия дар Академия таъсис дода шудааст.

Марказ бо мақсади таъмини иҷрои «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ва муқаррароти қонунҳои соҳавӣ дар самти татбиқи сиёсати зиддикоррупсионӣ ва баланд бардоштани ташаккули ҷаҳонбинии зиддикоррупсионии хизматчиёни давлатӣ фаъолияти хешро роҳандозӣ намуда истодааст.

7.МАРКАЗИ БАРНОМАИ ГЛОБАЛИИ РОҲБАРӢ ДАР ОЗМОИШГОҲҲО (GLLP) (СОЛИ 2023)

Тибқи супориши муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси роҳбарони озмоишгоҳҳои кишвар ҷиҳати рушди малакаи касбӣ, дар сатҳи дахлдор ба роҳ мондани хизматрасонии сифатнок ва баланд бардоштани сатҳи идоракунии роҳбарони озмоишгоҳҳо, Академия бо Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳамкориро барои татбиқи Барномаи глобалии роҳбарӣ дар озмоишгоҳҳо (GLLP) дар Тоҷикистон ба роҳ мондааст.

Дар доираи ҳамкорӣ бо дастгирии молявии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (WHO) дар назди Академияи идоракунии давлатӣ 26 июли соли 2023 Маркази барномаи глобалии роҳбарӣ дар озмоишгоҳҳо таъсис дода шуд.

Айни замон 16 шунаванда ва 8 фасилитатор (тренер) аз озмоишгоҳҳои гуногуни ҷумҳурӣ барои иштирок дар барнома ҷалб шудаанд. Баъди анҷоми семинар-тренингҳо шунавандагон аз рӯи барномаи глобалии роҳбарӣ дар озмоишгоҳҳо (GLLP) бо диплом сарфароз гардонида мешаванд.

8.МАРКАЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК (СОЛИ 2023)

Тибқи супориши муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 17 декабри соли 2021 Созишномаи ҳамкорӣ миёни Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дафтари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ба имзо расонида шуд. Дар асоси Созишномаи мазкур 26 апрели соли 2023 дар Академия Маркази ҳуқуқҳои кӯдак бо дастгирии молиявии намояндагии намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.

Марказ бо мақсади таҳлил ва омӯзиши масъалаҳои ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу манфиятҳои қонунии кӯдакон, аз ҷумла кӯдакони ятиму бепарастор, кӯдаконе, ки ниёз ба ёрии давлатӣ доранд, ҳалли масъалаҳои душвори марбут ба риоя ва ҳифзи ҳуқуқу манфиятҳои кӯдак, расонидани ёрии ҳуқуқӣ, тайсис дода шуд.

 

 


Аминҷонзода Ғолиб Ҷовидон

Сардори раёсати робитаҳои байналмилалӣ

Тел.: (+992) 37 224 83 93

E-mail: dir.apatj@gmail.com