БАХШИ ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
- ба роҳ мондани ҳамкориҳо оид ба табодули донишҷӯён ва устодон, ташкил ва назорати ҳамаи шаклҳои корҳои таълимӣ ва тарбиявӣ бо шаҳрвандони хориҷӣ;
- дарёфти барномаҳои таълимӣ оид ба табодули кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯён;
- омӯхтани таҷрибаи кории муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷи кишвар, равон намудани кормандони Академия ба хориҷи кишвар;
- қабул ва баҳосибгирии муҳассилини хориҷӣ;
- кор бо аризаҳо оид ба қабул барои таҳсил, ки аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ворид мешаванд, гузаронидани баҳогузории ҳуҷҷатҳо дар бораи маълумотнокии шаҳрвандони хориҷӣ ва мувофиқати он ба сатҳи тайёрӣ, ки барои ба Академия дохил шудан зарур аст;
- тафтиши ҳуҷҷатҳои зарурие, ки аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ барои дохил шудан ба Академия пешниҳод гардидаанд;
- гузаронидани амалиётҳои зарурии дохилшавӣ, хориҷ, интиқол, барқарорсозии муҳассилини хориҷӣ;
- назорати мукотиботи бахш, нигоҳдории парвандаҳои шахсии муҳассилини хориҷӣ, базаи зарурии маълумотҳо дар бораи муҳассилини хориҷӣ;
- ташкили амаликунии мутақобила бо хатмкунандагони Академия аз ҳисоби шаҳрвандони хориҷӣ;
- гирифтани раводид ва тамдид намудани он барои шаҳрвандони хориҷие, ки дар Академия таҳсил ва фаъолият менамоянд;
- ҷалби экспертҳо, муаллимон ва профессорони хориҷӣ ба Академия;
- ташкил ва назорат намудани гузаштани таҷрибаомӯзии истеҳсолии муҳассилини хориҷӣ;
- ташкил ва назорати кори илмӣ-тадқиқотии донишҷӯёни хориҷие, ки дар кафедраҳо ва маҳфилҳои илмии донишҷӯён ба қайд гирифта шудаанд;
- шинос намудани муҳассилини хориҷӣ бо қоидаҳои тартиботи дохилии Академия, хобгоҳ, тартиботи таълимӣ, назорати риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- гузаронидани кор оид ба пешгирии қоидавайронкуниҳо, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои варзишӣ, фарҳангию оммавӣ, ташкили сафарҳои экскурсионӣ, шабнишиниҳое, ки ба ҷашнҳои миллии мамлакат, бахшида шудаанд;
- ташкил ва ҳамоҳангсозии фаъолият бо воҳидҳои сохтории Академия ҷиҳати ташкил ва амалисозии барномаҳои таҳсилотии муштарак, таҳсилоти дудиплома бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишвар;
- муайянсозӣ ва таҳияи пешниҳод оид ба самтҳои афзалиятноки татбиқи барномаҳои таҳсилотии муштарак дар донишгоҳ;
- роҳандозӣ ва дастгирии машваратии табодули академии донишҷӯён, магистратон ва докторантони Академия дар доираи татбиқи барномаҳои таҳсилотии муштарак;
- таҳияи созишномаҳо оид ба татбиқи барномаҳои таҳсилотии муштарак ва ҳамоҳангсозии шароит барои ташкили табодули академии донишҷӯён, магистрантон ва докторантон бо донишгоҳҳои шарик;
- расонидани кӯмаки иттилоотӣ, машваратӣ ва методӣ ба донишҷӯён, магистрантон ва докторантон ҷиҳати иштирок дар барномаҳои таҳсилотии муштарак;
- мувофиқасозии барномаҳои таҳсилотӣ ва нақшаҳои таълимӣ ҷиҳати ташкил ва татбиқи барномаҳои таҳсилотии муштарак;
- мониторинги раванди татбиқи барномаҳои таҳсилотии муштарак дар Академия.
Президент
МАЪЛУМОТНОМА
БАРНОМАҲО ВА СТРАТЕГИЯҲОИ ДАВЛАТӢ