Раёсати таълим

   

Маҳмадзода Убайдулло Давлаталӣ

Сардори раёсати таълим

 Тел: 918429524;

 Email: raesattalim@gmail.com

      


Маълумоти умумӣ дар бораи раёсати таълим.

Раёсати таълим сохтори  таркибии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Фаъолияти раёсати таълим дар асоси Оинномаи Академия ба роҳ монда мешавад. Роҳбарии бевоситаи раёсати таълимро сардори раёсат, ки дар пешбурди фаъолияти  хидматӣ бевосита ба ноиби ректор оид ба таълим тобеъ аст, амалӣ мегардонад.Сардори раёсати таълимро ректори Академия дар асоси  пешниҳоди ноиби ректор оид ба таълим ба ин вазифа таъйин ва аз кор  озод менамояд. Ба вазифаи сардори раёсати таълим ҳамчун қоида  шахсоне таъйин мешаванд, ки дорои таҳсилоти олии касбӣ, таҷрибаи илмӣ-омӯзгорӣ ва дараҷаи  илмӣ мебошанд. 

Фаъолияти раёсати таълим.

Фаъолияти раёсати таълим барои татбиқи Қонунҳои ҶТ «Дар  бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти  олии касбӣ ва таҳсилоти касбии  баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи  намунавии муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ», «Стандарти давлатии таълимии маълумоти олии  касбии ҶТ», «Консепсияи миллии маълумоти ҶТ», «Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар ҶТ», санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ, Оиннома, Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатии Академия, фармону супоришҳои ректор, дастуру фармоишҳои ноиби ректор оид ба таълим, қарори Шӯрои методии  Академия нигаронида шудааст.

Ҳадафи раёсат.

Раёсати таълим тарҳрезии фаъолияти таълим, ташкил, мониторинг, ҳамоҳангсозӣ ва назорати сифати таълимро дар Академия мутобиқ ба  талаботи ҳадди ақали мазмуну мундариҷаи Стандартҳои давлатии таълимии  таҳсилоти олии касбии ҶТ оид ба  ихтисосҳои роиҷи академиявӣ ба роҳ  мемонад. Раёсати таълим вобаста ба самти фаъолият, ҳаҷми кор ва теъдоди  кормандон (бо фармони ректори Академия) метавонад дорои зерсохторҳои  таркибӣ (, шуъбаҳо,секторҳо, бахшҳо ва ғ.) бошад.

Вазифаҳои асосии шуъба:

  • Банақшагирӣ, ташкил ва назорати раванди таълим;
  • Муайян кардани самтҳои асосии такмили самаранокӣ, санҷиши  донишандӯзӣ (мониторинг) ва  назорати сифати таълим дар Академия;
  • Таҳияи таснифоти номгӯи ихтисосҳо, тахассусҳо, фанҳои таълимии кафедравӣ аз рӯи фаъолияти таълимии академиявӣ, таъмини ҳаддалимкони сохторҳои академиявӣ (факултетҳо, кафедраҳо, шӯъбаҳо) бо маводи талаботи ҳадди ақали мазмуну мундариҷаи Стандартҳои давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ оид ба ихтисосҳои роиҷи академиявӣ ва назорат оид ба татбиқи  онҳо.
  • Таҳияи лоиҳаи нақшаҳои таълимӣ, тайёр намудани хулосаҳо ба Шӯрои олимони Академия оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба нақшаҳои амалкунандаи таълимӣ ва санҷиши мутобиқати барномаҳои таълимии фаннӣ бо талаботи ҳадди ақали мазмуну мундариҷаи Стандартҳои давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ оид ба  ихтисосҳои  роиҷи академиявӣ;
  • Таҳияи ҷадвалҳои раванди таълим доир ба шаклҳои таҳсили рӯзона, магистратура ва ғоибона;
  • Таҳияи ҷадвалҳои машғулиятҳои дарсии шӯъбаҳои рӯзона, магистратура ва ғоибона;
  • Таҳияи фармонҳо ва хулосаҳои ҳисоботӣ оид ба натиҷаи сессияҳои санҷишию имтиҳонии даврӣ ва аттестатсияҳои ҷамбастии давлатии хатмкунандагон (сатҳи донишазбаркунӣ дар сессияҳои ҷорӣ, дифоъи корҳои  тахассусии хатмкунӣ, рисолаҳои дипломӣ ва магистрӣ, инчунин натиҷаҳои  супоридани имтиҳонҳои давлатӣ оид ба ихтисосҳо);
  • Ҳамоҳангсозии фаъолияти кафедраҳо ва садорати факултетҳо оид ба ташкили таҷрибаомӯзии таълимӣ, педагогӣ ва истеҳсолӣ, таҷри-баи пешаздипломӣ тайёр кардани пешниҳодҳо оид ба макони баргу-зории онҳо.
  •  Таҳлили тағйирёбии давомоти донишҷуёни ҳамаи шаклҳои  омӯзиш ба машғулиятҳои дарсӣ;
  • Коркарди тавсияҳо оид ба ҷустуҷӯи усулҳои нави таълим, такмили сифати таълим ва татбиқи тадриҷии низоми таҳсилоти кредитӣ (бо ташкили силсилаи чорабиниҳои илмию методӣ ва машваратҳои методӣ ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим ва такмили нақшаҳо ва  барномаҳои таълимӣ);
  • Таҳия ва ҷиҳати тасдиқ ба раёсат ва Шӯърои олимон пешни-ҳод намудани хулосаҳо оид ба ворид намудани тағйирот ба сохтори Донишкада (кушодани тахассусҳо, ихтисосҳо, кафедраҳо, факултетҳо ва зерсохторҳои  шӯъбаи таълим);
  • Таҳия ва барои тасдиқ ба Шӯрои олимон пешниҳод намудани ҷадвали воҳиди штатҳо ва сарбории таълимии ҳайҳати  профессорону омӯзгорони кафедраҳои Академия барои соли таҳсил (бо  назорати иҷрои сарбориҳои таълимӣ ва таҳияи лоҳияи фармонҳо оид ба  тасдиқи сарбориҳои таълимӣ, ба кор қабул кардани омӯзгорони ҳамкору соатбайъ, бо санҷиши нақшаҳои инфиродии омӯзгорон ва нақшаҳои кори кафедраҳо);
  • Ҳамоҳангсозии фаъолияти кафедраҳо ва садорати факултетҳо оид ба тақсими фонди синфхонаҳо, озмоишгоҳҳо, кабинетҳои таълимӣ ҷиҳати таъмини ҷараёни мӯътадили таълим;
  • Таҳияи лоиҳаи фармон ва ҷадвали тартиби баргузории кори Комиссияҳои академиявӣ оид ба барқарор ва интиқол намудан, оид ба қабули магистратура, оид ба Комиссияҳои аттестатсионии давлатӣ, оид ба хатми магистрантҳо, оид ба сессияҳои санҷишию имтиҳонии даврии  дониҷӯёни шӯъбаҳои рӯзона, ғоибона ва таҳсили магистратура.

Сохтор ва идоракунии раёсат:

  • Шуъбаи бақайдгирӣ ва машварати академӣ;
  • Шуъбаи автоматикунонии низоми таълим ва тестӣ;
  • Шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон;
  • Шуъбаи сифати таълим ва мониторинги сифати таҳсилот.