Маркази омўзиши «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон»

Амирбекзода Назира 

Директори маркази омӯзиши "Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон"

 Тел: (+992) 934-10-00-44;

 Email: nazira.amirbek73@gmail.com

Маркази омӯзиши “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон”

Маркази омӯзиши “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.02.2020, №1463 дар сохтори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, ҳамчун воҳиди сохтории Академия марҳилаҳои ташаккул ва рушди давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мавриди омӯзиши амиқ қарор дода, дар ин самт корҳои илмӣ – таҳқиқотиро  ба роҳ мемонад. Маркази омўзиши “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, Оинномаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомнома ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ мемонад.

Марказ дар муддати кутоҳ тавонист ба муассисаи пешоҳанги илмӣ-таҳқиқотии кишвар оид ба ҳаёт ва фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёбад.  То  имрӯз кормандони Марказ бо ҳамдастӣ бо  шарикони худ аз дигар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ-таҳқиқотии кишвар асри бунёдии “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон-масъалаҳои ташаккул ва рушд” дар 5 ҷилд,  китоби “Рӯзи Президент – нишони эҳтиром ба шоҳкориҳои Эмомалӣ Раҳмон” ба истиқболи “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, 4 китоби мақолаҳои дастҷамъӣ оид ба масъалаҳои мубрами ҳаёти ҷомеа,  китобҳои дарсӣ, воситаҳои таълимӣ ва модулҳои таълимӣ нашр намуданд. 

Самтҳои асосии фаъолияти Марказ

такмил ва татбиқи сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вусъат додани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ доир ба фарҳанг, иқтисод, идоракунии давлатӣ, иҷтимоӣ ва таҷрибаи сулҳофарӣ ва ташабусҳои созандаи ҷаҳонӣ вобаста ба обу иқлим;

таҳқиқи самтҳои муҳимтарини мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон ва ба даст овардани натиҷаҳои илмие, ки барои рушди идоракунии давлатӣ аҳамияти муҳим дошта, ба рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва маънавии ҷомеа мусоидат менамоянд;

таҳияи тавсияҳои илмӣ барои истифодаи натиҷаҳои таҳқиқотҳои илмӣ оид ба корнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон;

омӯзиш ва ҷамъбасти дастовардҳои илмии ҷаҳонӣ дар самти таҷрибаи сулҳофарии Эмомалӣ Раҳмон ва мусоидат ба истифодаи мукаммали онҳо;

таҳияи пешниҳодот, нақшаҳои дурнамо, консепсияҳо, барномаҳо оид ба рушди соҳаҳои идоракунии давлатӣ аз таҷрибаи бойи мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон;

тарбияи кадрҳои илмии дорои ихтисоси сиёсатшиносӣ, ҳуқуқшиносӣ, дипломатия, иқтисодчӣ, фарҳангшиносӣ ва барои дарёфти дараҷаҳои илмӣ;

гузаронидани курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ аз таҷрибаи мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон;

ташкил кардани фонди китобҳо ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки ба забони тоҷикӣ дар ҳудуди Тоҷикистон табъу нашр мегарданд ва нашрияҳое, ки новобаста аз ҷойи чопашон доир ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мебошанд;

такмили шаклҳои ташкил ва ҳамоҳангсозии таҳқиқоти илмӣ.

                                                    Вазифаҳои Марказ

- тибқи нақшаи тасдиқшуда таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ анҷом медиҳад;

- ҳамоҳангсозӣ ва муттаҳидгардонии фаъолияти муассиса ва марказҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба таҳқиқи масъалаҳои марбут ба фаъолияти Пешвои миллат таалуқ доранд;

- созмон додани фазои ягонаи иттилоотӣ дар мамлакат, роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон;

- фаъолияти худро дар асоси пешниҳодоти Шурои олимони Академия доир ба паҳлўҳои гуногуни мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон бо истифодаи дастовардҳои илмии ватанӣ ва ҷаҳонӣ ба роҳ мемонад;

- марказҳои илмиро дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва нақши Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамоҳанг сохта, ба муассисаҳои илмиву мактабҳои олӣ дар пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмӣ, тибқи равияҳои илмии Марказ ёрӣ мерасонад;

- шаклҳои гуногуни фаъолияти илмӣ - методии олимонро истифода ва тақвият медиҳад;

- оид ба масъалаҳои гуногуни илмии мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон мубоҳисаҳои илмӣ, конфронсҳо, машваратҳо, семинарҳо ва мизҳои мудаввар ташкил менамояд;

- маводро аз рӯи натиҷаҳои таҳқиқ ба нашр омода менамояд;

- лоиҳаҳои илмӣ – таҳқиқотиро вобаста ба мактаби бузурги давлатдории Эмомалӣ Раҳмон таҳия ва татбиқ менамояд;

- таблиғоти донишҳои илмиро ба роҳ монда, дар бораи таҳқиқотҳои Марказ ва натиҷаи онҳо иттилоот медиҳад.