|
Ғафорова Тахмина Сатторовна
номзади илмҳои филологӣ, дотсент
Мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ
Тел.: (+992) 907-85-44-11
E-mail: gafaritahmina90@gmaol.com
Кафедраи забонҳои хориҷӣ аз зерсохторҳои муҳими факултети дипломатия ва сиёсати Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҷиҳати омода намудани мутахассисони забондон (забонҳои англисӣ, русӣ, фаронсавӣ ва арабӣ) дар зинаҳои бакалавр, магистратура ва докторантура (PhD) ва тарҷумаи маводи лозимаи сохторҳои дигарро ба роҳ мемонад. Ҳамчунин, кафедра имтиҳони минимум (забони англисӣ) дар зинаи докторантура (PhD), ҳамчун ҳуҷҷати асосӣ барои пешниҳод ба Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба зимма дорад.
Кафедраи забонҳои хориҷии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоиш ва дастурҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Академия, фармоишҳои ректор, супоришҳои ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, ноиби ректор оид ба таълим, ноиби ректор оид ба масъалаҳои идеология ва тарбия ва садорати факултет ба роҳ мемонад.
Кафедраи забонҳои хориҷии Академия дар тобеияти бевоситаи садорати факултет қарор дошта, роҳбарӣ ва назорат аз фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва тарбиявии устодон, омӯзгорон ва донишҷӯёнро дар амал татбиқ менамояд.
Ҳадафҳои асосии кафедраи забонҳои хориҷии Академия роҳандозӣ намудани донишҳои забонӣ, омода кардани мутахассисони забондон ва кадрҳои забондони ҷавони сохторҳо, иштироки омӯзгорон ва донишҷӯён дар олимпиадаҳои забонҳои хориҷӣ, иштирок намудан дар мизҳои мудаввар, семинарҳо. конференсияҳо ва симпозиумҳои дохиливу хориҷӣ ва муаррифии арзишҳои миллӣ дар хориҷи кишвар маҳсуб меёбанд.
Бо мақсади омода намудани кадрҳои забондон дар назди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ бо Фармоиши ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 – уми сентябри соли 2022, № 2/8 таъсис дода шудааст.
Ҳадаф ва вазифаҳои кафедраи забонҳои хориҷии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- баланд бардоштани донишҳои забонии (забонҳои англисӣ, русӣ, фаронсавӣ ва арабӣ) донишҷӯён, магистрантон, докторантони (PhD) ва кадрҳои ҷавони Академия;
- баррасӣ намудани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар зинаҳои бакалавр, магистратура ва докторантураи Академия аз рўи ихтисос дар гурӯҳҳои хориҷӣ;
- пешниҳод намудани омӯзгорони кафедра барои иштирок ва суханронӣ дар семинарҳо, конференсияҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ;
- танзим намудани иҷрои нақшаҳои таълимӣ (силлабус, нақшаи инфиродӣ, барномаи таълимӣ, саволномаҳо) ва корҳои илмӣ-тадқиқотии профессорони омӯзгорони кафедра;
- баррасӣ ва пешниҳод намудани маводи илмӣ (мақолаҳои илмӣ ва монографияҳо) ва таълимӣ (китобҳои дарсӣ, дастури таълимӣ ва ғайра) барои таҳия ва нашр;
- ҷалб намудани донишҷӯёни забондон ба озмун ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ;
- танзим намудани имтиҳони минимум (забони англисӣ) дар зинаи докторантура (PhD);
- назорат намудани дарсҳои омӯзгорони кафедра барои пешгирӣ аз дарсшиканӣ ва дарсивазкунӣ;
- пешниҳод намудани рисолаҳои илмии унвонҷӯёни (барои дарёфти дараҷи номзадӣ ва доктори илм) кафедраҳо барои ҳимоя дар мувофиқа бо Раёсати илм ва инноватсияи Академия;
- мусоидат ва назорат дар ташкил ва гузаронидани семинарҳо, конференсияҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳои илмии Академия дар мувофиқа бо садорати факултет;
- пешниҳод кадрҳои илмии кафедра барои ишғоли вазифаҳои соҳавӣ (муаллими калон, дотсент ва профессор);
- пешниҳод намудани масъалаҳои таълимӣ ва илмии кафедра ба шурои олимони факултет;
- назорат аз болои фаъолияти таълимиву илмии омӯзгорони кафедра;
- пешниҳод намудани омӯзгорони фаъоли кафедра барои ҳавасмандгардонӣ ба Раёсати Академия;
- омода кардани ҳисоботҳои таълимиву илмӣ ба Раёсати Академия.