Шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон

Маҷонов Хисрав Назирдинович

Сардори шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон

Тел: 98-843-74-44

 

1. Маълумоти умумӣ дар бораи шуъба. Шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон бо қарори Шурои олимони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2021, №2/11 таъсис дода шудааст.

Шуъбаи барои банақшагирӣ ва ташкили таҷрибаомӯзии донишҷӯён ва магистрантони ҳамаи ихтисосҳое масъул аст.

  1. Фаъолияти шуъба. Фаъолияти асосии шуъба, банақшагирӣ ва ташкили корҳои илмию методӣ оид ба гузаронидани таҷрибаомӯзии донишҷӯён ва магистрантони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба соҳаҳое, ки Академия омода намудааст, ба шумор меравад. Пешбурди фаъолияти шуъба дар асоси санадҳои меъёрӣ –ҳуқуқӣ аз қабил:
  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”;
  • Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ”;
  • Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Низомномаи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Қарори Шурои олимон ва дигар санадҳо ба роҳ монда шудааст.

3. Ҳадафи шуъба. Ташкил ва гузаронидани таҷрибаомӯзии донишҷӯён ва магистрантони Академия ва ҳамоҳанг сохтани таҷрибаи назариявӣ ба амалӣ мебошад .

4. Вазифаҳои асосии шуъба:

  • Банақшагирӣ ва ташкили корҳои илмию методӣ оид ба гузаронидани таҷрибаомӯзии донишҷӯён ва магистрантони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба соҳаҳои ихтисосие, ки Академия омода мекунад;
  • Санҷиши нақшаи таълимӣ дар ҳамаи ихтисосҳо (навъи таҷрибаомӯзӣ, андоза ва муҳлати таҷрибаомӯзӣ) дар мавриди мувофиқ будан ё набуданашон ба талаботи стандартҳои давлатии таълимӣ дар мактаби олӣ;
  • Ташкил ва гузаронидани семинарҳои дастуриву методӣ бо роҳбарни таҷрибаомӯзӣ оид ба масъалаҳои банақшагирӣ ва ташкили таҷрибаомӯзӣ;
  • Омода намудани васоити таълимию методӣ, дастурамалҳо, дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ оид ба таҷрибаомӯзии донишҷӯён ва магистрантони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Тайёр намудани бланкаҳо ва санадҳои ҳисобӣ оид ба таҷрибаомӯзии донишҷӯён ва магистрантони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Ташкил ва гузаронидани таҷрибаомӯзии донишҷӯён ва магистрантони АИДНПҶТ ва назорат аз болои ин чорабинӣ дар ҳамаи сохторҳои Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  •  Омода намудани шартномаҳо бо корхонаҳо ва муассисаҳои қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз шакли моликияташон;
  • Айни замон, дар шуъба барои донишҷӯёни зиннаҳои бакалавр, фосилавӣ, магистратура, (шуъбаи рӯзона ва фосилавӣ,) чунин шаклҳои таҷрибаомӯзӣ ба роҳ монда шудааст:
  • Таълимӣ;
  • Истеҳсолӣ;
  • Пешаздипломӣ.

Ҳамчунин, дар шуъбаи магистратура ва факултети таҳсилоти фосилавӣ ва таҳсилоти дуюми олии касбӣ таҳсилоти дуюм, шаклҳои зерини таҷрибаомӯзӣ роҳандозӣ шудаанд:

  • Илмӣ – педагогӣ;
  • Илмӣ – истеҳсолӣ;
  • Пешаздипломӣ.

5. Сохтор ва идоракунии шуъба

Тибқи ҷадвали воҳидҳои корӣ дар  сохтори шуъба 4 нафар кормандон фаъолият менамоянд:

1. Сардори шуъба

2. Сармутахассиси шуъба

3. Мутахассиси шуъба