Кафедраи ҳуқуқи маданӣ ва иқтисодӣ яке аз воҳидҳои таълимӣ ва илмии факултети ҳуқуқшиносии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2013 дар заминаи Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Санаи 26 марти соли 2021 дар асоси Қарори Шурои олимони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мутобиқ намудани номгузории кафедраҳои идоракунии давлатӣ ва худидоракунӣ, таҳлили иқтисодӣ ва омор” таҳти рақами №9/10 номи кафедра ба идоракунии давлатӣ ва ҳуқуқи иқтисодӣ ва соли 2023 дар асоси Қарори Шурои олимони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кафедраи ҳуқуқи маданӣ ва иқтисодӣ иваз карда шуд. Дар назди кафедраи ҳуқуқи маданӣ ва иқтисодӣ се ихтисоси тахассусӣ, аз ҷумла ихтисоси 1-240103 – «Ҳуқуқи иқтисодӣ» барои донишҷӯёни зинаи бакалавр, ихтисоси 1-240103 – «Ҳуқуқи иқтисодӣ» барои магистрантон, 1-240103 – «Ҳуқуқи иқтисодӣ» барои маълумоти дуюм кушода шудааст. Фаъолияти кафедра ин ҷалби мутахассисони пуртаҷриба бо назардошти талаботҳои нави ҷамъиятӣ ва илми муосири ташаккулёбанда аз нав таҳия намудани мавзӯи рисолаҳои хатм ва корҳои курсӣ, инкишоф додани усули дар дарсҳои семинарӣ истифода намудани маводҳои айёнӣ ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ анҷом медиҳад. Кафедраи ҳуқуқи маданӣ ва иқтисодӣ аз рӯйи таҳқиқоти ҳуқуқӣ маданӣ, ҳуқуқи мурофиаи маданӣ, ҳуқуқи соҳибкорӣ, ҳуқуқӣ иқтисодӣ илмҳои ҳуқуқи хусусӣ равона шудааст. Дар самти илмӣ – тадқиқотӣ олимони кафедра ба таҳлилу тадқиқи илмӣ-амалии соҳаҳои ҳуқуқи маданӣ, ҳуқуқи оилавӣ ва ҳуқуқи иқтисодӣ машғул буда дар ин қисмати фаъолияти худ ба дастовардҳои назаррас ноил гаштаанд. Натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-тадқиқотии кафедра инъикоси худро дар монографияҳо, китобхои дарсӣ, мақолаҳои илмӣ, дастурҳои таълимӣ ва корҳои методӣ ёфтааст. Дар назди кафедра маҳфили илмии донишҷӯён таҳти унвони “Сивилистикаи муосир ва иқтисодиёт” амал мекунад. Мақсади ташкили маҳфил илмӣ дар назди кафедра ин ҷалб намудани донишҷӯён ба корҳои илмӣ – амалӣ ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос мебошад. Инчунин дар доираи маҳфил донишҷӯён имконият доранд масъалаҳои мубрам вобаста ба ҳуқуқи маданӣ ва иқтисодро мавриди омӯзиш қарор диҳанд. Дар кафедраи ҳуқуқи маданӣ ва иқтисодӣ дар умум 10 нафар омӯзгор аз ҷумла 1 доктори илм 3 номзади илм, 2 муаллими калон, 3 ассистент ва коргузор фаъолият менамоянд. Айни ҳол дар кафедраи ҳуқуқи маданӣ ва иқтисодӣ фанҳои зерин ба донишҷӯён омӯзонида мешаванд. 1. Ҳуқуқи маданӣ. 2. Ҳуқуқи иқтисодӣ. 3. Ҳуқуқи меҳнатӣ. 4. Ҳуқуқи соҳибкорӣ. 5. Ҳуқуқи соҳибкори ва тиҷорат. 6. Ҳуқуқи тиҷоратӣ. 7. Ҳуқуқи оилавӣ. 8. Ҳуқуқи замин. 9. Ҳуқуқи экологӣ. 10. Ҳуқуқи мурофиаи иқтисодӣ. 11. Ҳуқуқи бонкӣ. 12. Ҳуқуқи таъминоти иҷтимоӣ. 13. Ҳуқуқи мурофиаи маданӣ. 14. Масоили мубрами ҳуқуқи иқтисодӣ. Мавзуи илмӣ-тадқиқотии кафедра – «Рушди қонунгузории маданӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.
|
Олимзода Давлатмурод Абдулхайр
Мудири кафедраи ҳуқуқӣ маданӣ ва иқтисодӣ
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент
Тел:(+992) 224-17-86, 939377772
E-mail: davlat.olimov.1993@bk.ru