Бахши кор бо занон ва духтарон аз мудири бахш, 1 сармутахассиси бахш иборат мебошад: -сармутахассиси бахш - Ҷабборова Қиматгул Ниёзмадовна. САМТИ ФАЪОЛИЯТИ БАХШ Бахши кор бо занон ва духтарон яке аз воҳидҳои таркибии сохтори Муассисаи давлатии «Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳисоб рафта, фаъолияти худро бо мақсади ҳифз ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои духтарон ва бонувон, муҳайё сохтани шароитҳои баробар барои амалӣ гардидани ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, ба даст овардани баробарии гендерӣ, васеъ намудани доираи иштироки духтарон ва бонувон дар чорабиниҳои сиёсӣ, илмӣ, ҷамъиятӣ ва фарҳангӣ ба роҳ мондааст. Бахши кор бо занон ва духтарон фаъолияти худро дар заминаи қонунгузории ҷорӣ, Оинномаи Муассисаи давлатии «Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», Низомномаи раёсати корҳои тарбиявӣ, Низомномаи бахши кор бо занон ва духтарон ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд. Қонунҳо: Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа»; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо»; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зуроварӣ дар оила»; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар барои таълиму тарбияи кудак»; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кудак»; Кодекси Оилаи Ҷумҳури Тоҷикистон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030»; Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2023-2030»; Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023»; Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»; Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»; Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2021-2025»; Дар назди бахш «Маркази бонувони фаъол», ки дар он занони роҳбар ва бонувони фаъоли Академия аъзо ҳастанд, маҳфили доимамалкунадаи илмӣ-омӯзишии «Эъҷози сухан» барои донишҷӯдухтароне, ки маҳорати баланди суханварӣ доранд ва инчунин дарси «Лидерони сиёсӣ» барои тарбияи донишҷӯдухтарани сиёсатмадор амал мекунад. Дар назди факултетҳои Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни кормандону омӯзгорон Шурои занону бонувон ва миёни донишҷӯдухтарон Шурои духтарон таҳти сарпарастии бахши кор бо занон ва духтарон амал менамояд. Роҳбарони Шӯроҳо ҳамасола дар ҷаласаи умумӣ бо иштироки роҳбарияти Академия интихоб карда, давоми як соли ҳисоботӣ фаъолият менамоянд.
|
Бобоназарова Дилшода Эргашовна
Мудири бахши кор бо занон ва духтарон
тел: (+992) 988-535-459
Email:dilbobonazarova95@mail.ru