Пажуҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавӣ

Саидмухторов А.А.

н.и.ҳ., Директор

Тел.: +992 228-91-92

E-mail: institeofdiplomacyandpolicy@gmail.com

Пажӯҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавӣ ҳамчун воҳиди сохтории Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон функсияҳои таълимӣ, таҳлилӣ ва тадқиқотӣ-илмиро дар самтҳои сиёсати дохилӣ ва байналмилалӣ, масъалаҳои дипломатия ва падидаҳои ҷаҳонишавӣ бо ба инобат гирифтани манфиатҳои миллӣ иҷро менамояд.

 

Мақсади асосии фаъолияти Пажӯҳишгоҳ пешбурди фаъолияти таълимӣ, таҳлилӣ, мустаҳкамнамоии таҳкурсии илмӣ ва тадқиқоти назарӣ-амалӣ мебошад.

Пажӯҳишгоҳ ҷиҳати расидан ба мақсади худ вазифаҳои зеринро амалӣ менамояд:

-    коркард, ҷамъоварӣ ва таҳияи маводи илмӣ оид ба падидаҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавӣ дар сатҳи муосири илмию техникӣ;

-   омӯзиш, таҳлил ва пешниҳоди хулоса оид ба падидаҳои сиёсӣ ва сиёсатшиносӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавӣ дар асоси методҳои илман асоснокшуда;

-     коркард ва таҳияи лоиҳаву барномаҳои илмӣ, тадқиқотӣ ва ҷамъиятӣ ё иштирок дар онҳо ҳамчун узви мустақил;

-    ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо мақомот ва муассисаҳои давлатӣ ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ;

-   таъмини ҳамкорӣ ва алоқаи илмӣ бо муҳаққиқон оид ба мавзӯъҳои илмӣ ва таъмини сифати баланди ҳифзи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар самти сиёсатшиносӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавӣ;

-   ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати дарёфти грант ва сарчашмаи маблағгузорӣ баҳри татбиқи лоиҳаву барномаҳои илмӣ, тадқиқотӣ ва таҳлилӣ;

-   таъмини назорат аз болои иҷрои саривақтӣ ва босифати корҳои илмию тадқиқотӣ тибқи мушаххасоти техникӣ ва барномаҳои тасдиқшуда;

-     ташкил, гузаронидан ва иштирок дар чорабиниҳои фарҳангӣ-сиёсӣ;

-   коркард ва таҳияи китобҳои дарсӣ, модулҳои таълимӣ ва дигар маводи чопӣ ҷиҳати баланд бардоштани фарҳанги сиёсии ҷомеаи шаҳрвандӣ;

-   иштирок ва пешбурди корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ;

-  ташкил ва гузаронидани семинар, конференсия, мизи мудаввар ва симпозиюмҳо вобаста ба мавзӯи самти фаъолияти худ;

-    ҳамкорӣ, дастгирӣ ва додани тавсия ба донишҷӯёну муҳаққиқони илмӣ оид ба корҳои илмии ба сиёсат, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавӣ алоқаманбуда.

 

Пажӯҳишгоҳ баҳри густариш додани муносибатҳои байналмилалӣ ва ҷалби захираҳои молиявӣ дар мувофиқа бо мақоми иҷроия бо муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ шартнома, созишнома ва меморандум баста метавонад.

 

Пажӯҳишгоҳ дар сохтори худ дорои марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ мебошад. Дар сохтори Пажӯҳишгоҳ чор марказ фаъолият мекунанд:

- Маркази омӯзиши масоили ҷаҳонишавӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ;

-     Маркази омӯзиши афкори иҷтимоӣ ва равандҳои сиёсӣ;

-     Маркази муқовимат бо терроризм ва ифротгароӣ;

-     Маркази пешгирии хушунати хонаводагӣ.