Раёсати корҳои тарбиявӣ

Шарипова Мавзуна Ғоибназаровна

Ҳуқуқшинос

Сардори раёсат

Тел.: +992 903308983

Eл-почта: Sh.mavzuna@mail.ru

Раёсати корҳои тарбиявӣ масъалаҳое, ки ба корҳои тарбиявӣ  алоқамандӣ дорад, дар фаъолияти худ ба роҳбарӣ гирифта, сохтори асосии танзимкунандаи муносибатҳо дар ин самт ба ҳисоб рафта, инчунин фаъолияти тамоми кураторон оид ба тарбияро назорат бурда роҳамоӣ менамояд.

Раёсати  корҳои тарбиявӣ ҳамчун сохтори таркибии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  буда, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон  «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Консепсияи милиӣ тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,  «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Оинномаи Академия ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи маориф ба роҳ монда, дар фаъолияти кории худ меъёрҳои амалкунандаи ҳуқуқӣ, фармоишҳо ва дастуру супоришҳои ректор ва ноиби ректор оид ба идеология, тарбия ва робита бо ҷомеаро дар фаъолияти кории худ амалӣ менамояд.

Раёсати корҳои тарбиявӣ дар тобеияти бевоситаи ноиби ректор оид ба идеология, тарбия ва робита бо ҷомеа қарор дошта, роҳбарӣ ва назорат аз болои фаъолияти раёсат шуъба ва бахшҳои раёсат, муовинони декан оид ба корҳои тарбиявӣ, Шурои кураторон, дарсҳои кураторӣ,  донишҷӯён  инчунин мундариҷаи корҳои тарбиявиро дар кафедраҳо, факултетҳо, хобгоҳ ва дигар сохторҳои дахлдори Академия амалӣ менамояд. 

Ҳадафҳои асосии раёсати корҳои тарбиявӣ роҳандозӣ намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандустию хештаншиносӣ, ноил шудан ба дастовардҳои нави илмӣ-таҳқиқотӣ, ҳал ва мусоидат намудан ба масъалаҳои вобаста ба корҳои тарбиявӣ, омода кардани кадрҳои бомаҳорат суханвару донишманд, ташкил намудани конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳо, дигар чорабиниҳои фарҳангӣ сиёси ва тарбиявӣ ба ҳисоб меравад.

Дар  сохтори раёсати корҳои тарбивии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зерсохторҳои зерин фаъолият намуда истодаанд:

1. Шуъбаи фарҳанг ва рушди истеъдодҳои ҷавон;

2. Бахши кор ба ҷавонон;

3) Бахши кор бо занон ва духтарон;

 

Ҳадаф ва вазифаҳои раёсати корҳои тарбивии  Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

  - иҷрои ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии самти тарбияро дар сохторҳои Академия назорат менамояд;

  - фармоишҳои ректори Академия, қарорҳои Шўрои олимон ва раёсати Академияро оид ба самарабахшии корҳои тарбиявӣ дар байни устодон, кормандон, донишҷўён ва магистрантон амалӣ менамояд;

  - рафти иҷрои қарорҳои Шўрои олимон ва раёсати Академияро, ки ба масъалаи тарбия алоқамандӣ дорад, дар тамоми сохтору зерсохторҳои Академия назорат менамояд;

  - фаъолияти шуъбаи фарҳанг ва рушди истеъдодҳои ҷавон, Шўрои кураторон, бахши кор ба занон ва духтарон, бахши кор ба ҷавонон, бахши хобгоҳ, кор бо донишҷўёни тибқи квотаи Президентӣ дохилшуда, Шӯрои кор бо занону духтарон, «Маркази бонувони фаъол» ва созмони донишҷӯён ҳамчунин самарабахшии фаъолияти онҳоро дар пешрафти корҳои тарбиявӣ таъмин менамояд;

  - фаъолияти тарбиявӣ, мазмун ва мундариҷаи корҳои тарбиявиро дар кафедраҳо, факултетҳо ва хобгоҳ зери назорати қатъӣ қарор медиҳанд;

  - барои баланд бардоштан ва такмили раванди корҳои тарбиявӣ ва самарабахшии онҳо мусоидат менамояд;

  - иҷрои саривақтии нақшаи корҳои тарбиявии зерсохторҳои қисми тарбия, факултетҳо ва кафедраҳои Академияро зери назорати доимӣ қарор медиҳанд.

  - ҷиҳати ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои сиёсӣ ва фарҳангию маърифатӣ дар Академия бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишазхудкунии донишҷӯён ва ташаккул додани ҳисси худшиносию ифтихори миллии онҳо дар ҳамоҳангӣ бо зерсохторҳои худ мусоидат менамояд;

  - раёсатро сардор роҳбарӣ менамояд. Сардори раёсат дар асоси пешниҳоди ноиби ректор оид идеология, тарбия ва робита бо ҷомеа аз ҷониби ректор ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад;

  - раёсат бо мақсади ҷашн гирифтани санаҳои таърихӣ ва ҷалб намудани ҳайати профессорону омўзгорон ва донишҷӯёни Академия ба чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва варзишӣ нақша-чорабиниҳо таҳия намуда, иҷрои онро дар тамоми зерсохторҳои қисми тарбияи Академия зери назорати ҷиддӣ қарор медиҳад;

  - лоиҳаҳои фармоишҳои ректор, қарорҳои раёсат ва Шўрои олимон, ки ба фаъолияти тарбиявӣ алоқаманд мебошанд, омода менамояд;

  - бо муовинони деканҳо оид ба тарбия мунтазам машваратҳои корӣ баргузор намуда, ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти бавуҷудомада чораҳои зарурӣ меандешад;

  - фаъолияти кории муовинони деканҳо оид ба корҳои тарбияро таҳти назорат қарор медиҳад;

  - барои таъмин намудани донишҷўён бо хобгоҳ чораҳо меандешад.

  - аз натиҷаи баргузории соатҳои тарбиявӣ мунтаззам аз кураторони гурўҳҳои академӣ ҳисобот талаб намуда, муҳтавои онро дар шакли маълумот ба ноиби ректор оид ба идеология тарбия ва робита бо ҷомеа пешниҳод менамояд;

  - ба ҳуҷҷатҳои воридшаванда, ки ба фаъолияти корҳои тарбиявӣ алоқамандӣ доранд, мактуби ҷавобӣ омода менамояд;

  - тарғиби фаъолияти Академияро тавассути ВАО ва дигар воситаҳо ба роҳ мемонад;

  - ба раёсати Академия таклифу пешниҳодҳоро ҷиҳати дарёфти роҳи ҳалли масъалаҳои ҳалталаби ба фаъолияти тарбиявӣ алоқаманд пешниҳод менамояд;

  - ба Шӯрои олимони Академия ва барномаҳои дурнамои корҳои тарбиявиро пешниҳод мекунад;

  - ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешида, дар дарсҳои тарбиявии гурўҳҳои академӣ омўзиши пайвастаи онро ба роҳ монда, иҷрои онро зери назорат қарор медиҳад.

 - иҷрои қоидаҳои тартиботи дохилӣ барои донишҷўён ва магистрантонро назорат менамояд;

  - риояи «Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагон ва донишҷўёни муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ»-ро таъмин менамояд;

  - баҳри инкишофи худшиносии миллӣ, шаъну шарафи шаҳрвандӣ ва ифтихори ватандории донишҷўён чораҳои зарурӣ  меандешад.