|
Насурдинзода А.Н.
Сардори шуъбаи магистратура
Тел: +557555566
E-mail: @mail.ru
ШУЪБАИ МАГИСТРАТУРА
Шуъбаи магистратура соли 2009 ҳамчун бахш дар Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки танҳо хизматчиёни давлатиро дар асоси ҳамкорӣ бо Бунёди Ҳаннс Зайдели Ҷумҳурии Федералии Олмон ба муҳлати як сол ба таҳсил фаро мегирифт ва ба онҳо аз рӯи ихтисоси “1-260101-идораи давлатӣ” касби иқтисодчӣ-мененҷер дода мешуд. Бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 августи соли 2013 дар заминаи Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз 29 феврали соли 2020 №1463 Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.
Фаъолияти шуъбаи магистратура барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ба шумор рафта, ҷараёни таълиму тарбия дар шуъбаи таҳсили рӯзона аз рӯи низоми таҳсили кредитӣ ба роҳ монда шудааст. Низоми кредитӣ низоми аврӯпоии таҳсилот ба ҳисоб рафта, ин гуна шакли таълим дар тамоми мамлакатҳои ҷаҳон маъруф мебошад ва магистрант метавонад дар тамоми донишгоҳу академияҳои мамлакатҳои Аврупо аз рӯи ин низом таҳсил намояд ва дар ҳолати интиқол шудани он ба макотиби олии дигар давлат бе мамоният таҳсили худро идома диҳад.
Шуъбаи магистратура аз рўи 14 ихтисос амал намуда, донишҷӯён пас аз хатми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати ду сол ба таҳсил фаро мегирад. Аз ҷумла:
- 1-260101 – идораи давлатӣ;
- 1-980101 – амнияти иттилоотӣ;
- 1-230101 – муносибатҳои байналмилалӣ;
- 1-230106-0103 – сиёсат ва идораи давлатӣ;
- 1-230106-0301 – менеҷменти сиёсӣ;
- 1-260103 – идораи давлатӣ ва иқтисодиёт;
- 1-26020201 – менеҷменти молиявӣ;
- 1-26010101 – идораи мақомоти маҳаллӣ;
- 1-26020212 – идораи ҳайати кадрӣ;
- 1-240101 – ҳуқуқи байналмилалӣ.
-1-250103 – иқтисоди ҷаҳон;
-1-260102 – идораи давлатӣ ва ҳуқуқ;
-1-240103 – ҳуқуқи иқтисодӣ;
-1-260103-01 – танзими давлатии иқтисоди миллӣ
Дар шуъбаи магистратура айни замон 7 нафар кормандон фаъолият менамоянд. Аз ҷумла 1 нафар сардори шуъба, 3 нафар муовини сардори шуъба оид ба таълим, илм ва тарбия, 1 нафар мутахассис - пешбар, ва 2 нафар мутахасис-коргузор (дар ҳаҷми 0,5 воҳиди корӣ) фаъолият менамоянд.