Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ

      

 

Ҳамидов Шоҳрух Бозорович

Директори донишкадаи такмили ихтисос

ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ

Тел: (+992) 372-28-92-81

E-mail: takmil-2020@mail.ru

 

 

 

Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ аз 29 феврали соли 2020, №1463 сохтори алоҳида ва мустақили Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати давлатӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ”, оинномаи муассисаи давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм ба роҳ мондааст.

Донишкада курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатиро барои ҳамаи категорияҳои хизмати давлатӣ ба роҳ мемонад. Курсҳо бо мақсади фарогирии донишҳои муосири назариявӣ ва амалӣ дар соҳаи фаъолияти касбии хизматчии давлатӣ тибқи талаботи тахассусӣ барои иҷрои босифат ва саривақтии вазифаҳои мансабӣ роҳандозӣ гардида, машғулиятҳо аз рӯйи барномаҳои “Асосҳои ҳуқуқии хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: вазъ ва дурнамо”, “Идеологияи миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Идоракунии ҳайат дар замони муосир”, Идоракунии давлатӣ дар замони муосир”, “Коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар мақомоти давлатӣ”, “Роҳҳои таъмини амнияти озуқаворӣ дар мамлакат”, “Худидоракунии  маҳаллӣ дар шароити муосир”, “Ҷанбаҳои гендерии таъмини ҳуқуқи инсон дар хизмати  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Сиёсати давлатӣ дар самти мубориза бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Сиёсати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Сиёсати давлатӣ оид ба саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ғайра  гузаронида мешаванд.

Донишкада дар мувофиқа бо Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои таълимиро аз рӯйи хусусияти зинаҳои таҳсил, давомнокии таҳсил ва категорияҳои мансабҳои давлатӣ бо дарназардошти таҷрибаи ҷаҳонии ташкили хизмати давлатӣ барои хизматчиёни давлатӣ таҳия намуда, аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад.

Ҳадафҳои асосии Донишкада ин такмили савияи донишҳои назариявӣ-амалӣ, касбият, маҳорат ва малакаи идоракунии хизматчиёни давлатӣ мебошад.

Инчунин дар сохтори Донишкада зерсохторҳои зерин фаъолият меамоянд:

       1). Шуъбаи таҳсилоти хизматчиёни давлатӣ

       2). Шуъбаи омодакунии касбии хизматчиёни давлатӣ.