ШУЪБАИ ҶАЛБИ ГРАНТҲО
Шуъбаи ҷалби грантҳо бо ҳадафи таҳия ва татбиқи барнома ва лоиҳаҳои сармоягузорӣ таъсис дода шуда, вазифаҳои асосии зеринро иҷро менамояд:
- пешниҳод ба роҳбарияти Академия оид ба масъалаҳои рушди боэътимоди ҳамкории дуҷониба бо муассисаҳои таълимии мамлакатҳои хориҷӣ, ҳамкорӣ бо ташкилотҳои хориҷӣ;
- талаб намудани ҳисобот аз Пажуҳишгоҳҳо ва кафедраҳои Академия ҷиҳати таҳияи лоиҳаҳои илмӣ-татқиқотӣ;
- талаб намудани маълумот оиди татбиқи лоиҳа ва ҳисоботи, семоҳа, нимсола ва солона аз масъулони лоиҳаҳое, ки дар заминаи Академия амалӣ мегарданд;
- пешниҳоди сохтани муҳити мувофиқ барои иҷрои вазифаҳои гузошташуда ва беҳтар намудани муҳити кории шӯъба, ҳамчунин таъмини он бо таҷҳизот ва ҷойҳои корӣ;
- дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии Академия ҷалб намудани кормандон ва устодон дар ҷалби грантҳои илмӣ-татқиқотии байналмилалӣ.