|
Бердизода Сиявуши Қосим
Сардори шуъбаи фарҳанг ва рушди истеъдодҳои ҷавон
Тел: (+992) 880-77-77-71
E-mail: siyavushberdizoda7@mail.ru
САМТИ ФАЪОЛИЯТИ ШУЪБАИ ФАРҲАНГ ВА РУШДИ ИСТЕЪДОДҲОИ ҶАВОН
Шуъбаи фарҳанг ва рушди истеъдодҳои ҷавон ҷузъи сохтории Муассисаи давлатии “Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” буда, ҳамҷун таблиғгари фарҳанги миллӣ, тарбияи эстетикӣ ва баланд бардоштани завқи маънавии донишҷӯён ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи маънавии ҷавонон, тарбия намудани ҷавонону наврасон дар руҳияи худшиносиву ватанпарварӣ, бедор намудани ҳисси меҳнатдӯстӣ дар замири донишҷӯён, ифтихор аз фарҳангу миллат, эҳтироми арзишҳои миллиро ба роҳ мондааст.
Шуъбаи фарҳанг ва рушди истеъдодҳои ҷавон фаъолияти худро дар асоси қонунҳои амалкунанда, Низомнома ва Оиномаву қарорҳои Шурои олимони Академия, Низомномаи раёсати корҳои тарбиявӣ, низомномаи Шуъбаи фарҳанг ва рушди истеъдодҳои ҷавон ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
Дар назди шуъбаи фарҳанг ва рушди истеъдодҳои ҷавон маҳфил-озмуни маърифати – фарҳангии доимамалкунандаи «Чеҳраҳои нодир» ташкил ва баргузор мегардад, ки барои дарёфти нафарони соҳибзавқу ҳунарманд, истеъдодҳои ҷавон, сарояндагон, ровиён, навозандагон, ҳаҷвнигорон, ансамбли рақсии гулдухтарон ва санъаткорони ҷадид мебошад.