|
Асоев Муфарраҳ Мазориддинович
номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент
Мудири кафедраи идораи давлатӣ ва иқтисоди миллӣ
Тел: (+992) 905-50-70-69
E-mail: mufarrakh@mail.ru
Кафедраи идораи давлатӣ ва иқтисоди миллӣ (Кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омор) бо қарори Шӯрои олимони Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли соли 2019, №1/5 таъсис дода шуда, ҳамзамон бо мақсади мутобиқ намудани ихтисосҳо ба квалификатсия тибқи қарори Шӯрои олимони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 марти соли 2021, №9/10 номи кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омор ба кафедраи идораи давлатӣ ва иқтисоди миллӣ иваз карда шуд. Кафедраи мазкур яке аз марказҳои муҳими илмию таълимӣ дар сохтори Академия буда, кулли фаъолияти он тибқи бунёди илмӣ дар самти идораи давлатӣ ва иқтисоди миллӣ сурат гирифта, инчунин оид ба ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ нигаронида шудааст.
- Фаъолияти ҳайати устодони кафедра
2. Тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи иқтисодиёт, гузаронидани таҳқиқоти илмӣ дар соҳаҳои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳияи мақолаю дастурҳо, инчунин барномаҳои таълимӣ ба шумор меравад. Вобаста ба равияи кафедра ва масъалаҳои муҳими бархӯрди ҷомеаи демократӣ мизи мудаввар ва семинару конфронсҳои илмӣ доир намудан. Кафедра дар баробари фаъолияти илмӣ, инчунин бо фаъолияти таълимӣ низ машғул мебошанд.
3. Ҳадафи кафедра
Ҳадафи кафедра омода намудани кадрҳои баландихтисоси ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ ва бо истифода аз технологияи муосир ва усулҳои фаъоли таълим, барои тайёр намудани мутахассисоне ҷаҳд мекунад, ки бо донишу малакаҳои зарурии соҳаи идоракунии давлатӣ ва иқтисодиёт мусаллаҳ буда, технологияҳои муосири идоракунӣ ва раванди иқтисодиро хуб донанд. Кадрҳои малакаи баланди тахассусӣ дар соҳаҳои иқтисодиётро таъмин месозад, инчунин мусоидат намудан ба рушди неруи захираҳои кадрии Ҷумҳурии Тоҷикистон заминагузор мебошад.
4. Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ ва таълимии кафедра
Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ ва таълимии кафедра ин Низоми идораи давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта дар ин самт корҳои илмию таҳқиқотиро дар мавзӯъҳои банақшагирифташуда, ҳамроҳи устодони ҳамкори асосӣ, унвонҷӯён, докторатҳо аз рӯи ихтисос (PhD) ва магистрон ҷалб карда шуда ба роҳ мондааст.
5. Айни замон дар кафедраи идораи давлатӣ ва иқтисоди миллӣ аз фанҳои зерин омўзонида мешаванд:
- Назарияи умуми омор
- Назарияи иқтисодиёти ҷаҳон
- Иқтисоди миллӣ
- Омор
- Иқтисодиёти иноватсионӣ
- Иқтисодиёти сабз
- Иқтисодиёти саноат
- Иқтисодиёти корхона
- Иқтисодиёти рақамӣ
- Иқтисоди минтақа
- Рушди устувор
- Бехатарии иқтисодӣ
- Иқтисодиёти бахши ҷамъиятӣ
- Иқтисодиёти ҷаҳон
- Идоракунии лоиҳаҳо
- Сиёсати давлатии иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Танзими давлатии иқтисодиёт
- Рушди иқтисодиёти минтақаҳои деҳот
- Таҳлили макроиқтисодиёт
- Таҳлили молиявӣ
- Таҳлили иқтисодӣ
- Таҳлили сармоягузорӣ
- Усулҳои тақиқотҳои иқтисодӣ
- Сиёсати савдои хориҷӣ ва назорати содиротӣ
- Стратегия ва барномаҳои давлатӣ
- Банақшагирии ва ояндабинии иқтисодӣ
- Банақшагирии стратегӣ
6. Дастовардҳои сохтор
Дар маҷмӯъ аз ҷониби устодони кафедра зиёда аз 100 мақолаҳо дар маҷаллаҳои тақризшавандаи КОА, мақолаҳо дар маҷаллаҳои сатҳи гуногун ба нашр расонидашуда, даҳҳо монография, васоити таълимию дастури таълимӣ ва якчанд китоби дарси аз ҷониби устодони кафедра ба татъ расонида шудааст.
7. Дар назди кафедра маҳфилҳои зерин амал мекунанд:
Дар назди кафедра маҳфили илмии донишҷӯён ба номи “Сарфакорон” дар асоси нақшаи маҳфилҳои илмӣ ва семинарҳои илмӣ доир мегардад.
8. Дар кафедра 18 нафар корманди асоси, аз он ҷумла 2 нафар доктори илм, 3 нафар номзади илм, 6 дотсенти кафедра, 3 нафар муаллими калон ва 5 нафар ассистент фаъолият мебаранд.
9. Мавзўи илмӣ – тадқиқотии кафедра барои давраи солҳои 2021-2025 Ташаккулӣ институти идоракунии давлатӣ ва рушди босуботи иқтисоди миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ба ҳиcоб меравад.