Бегзода Зайнулло Файзулло
Сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ
Тел.: (+992) 918-92-91-00; 224-45-36
E-mail:
Таҳсилот ва ихтисос:
- 2011 - 2016 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, ихтисос ҳуқуқшинос.
Фаъолияти илмӣ-педагогӣ:
- 2016 - 2017 Мутахассиси Сарраёсати қонунгузории Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе;
- 2017 - 2023 Корманди Суди шаҳри Ҳисор;
- 2023 - (01.11) Сармутахассиси шуъбаи таҳрир ва табъу нашри Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе;
- 2023 - 2024 Муовини сардори раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва корҳои махсуси Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
- 2024 - Сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе.
ШУЪБАИ ТАЪМИНОТИ ҲУҚУҚИИ АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ҳамчун воҳиди сохтори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Академия, Низомномаи шуъба, Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатии кормандон ва устодони Академия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ мемонад.
Шуъба фаъолияти худро дар ҳамкорӣ ба раёсатҳо, шуъбаҳо ва дигар бахшҳои Академия ба роҳ мемонад.
Вазифаҳои шуъба:
- назорати иҷрои қонунҳоро дар соҳаи маориф таъмин менамояд.
- ба кормандону омӯзгорон, донишҷӯён ва шаҳрвандони корафтода оид ба масъалаҳои ба миёномада маслиҳатҳо медиҳад;
- мактубу аризаҳо ва дархосту шикоятҳои ба шуъба воридшударо саривақт дида баромада, ба муаллифон ҷавоб омода менамояд;
- таҳияи босифати муҳлатноки санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ҳуҷҷатҳои хизматии раёсат, шуъба, бахшҳои Академияро таъмин менамояд;
- баррасӣ, таҳрир ва барои имзо пешниҳод намудани лоиҳаи фармоишҳо, барномаҳои соҳаи таълим, қарорҳои Шӯрои олимон, маҷлиси назоратии назди ректор, маълумотнома, ҳисоботҳо, нақшаҳои корӣ, аризаю мактубҳои раёсат, шуъба ва бахшҳои Академияро таъмин менамояд.
Мувофиқи ҷадвали корӣ дар сохтори шуъба 3 нафар корманд фаъолият менамояд:
- - сардори шуъба;
- - сармутахассис - ҳуқуқшинос;
- - мутахассиси пешбар– ҳуқуқшинос.
Самтҳои асосии фаъолияти шуъба:
- шуъба дар доираи ваколатҳояш ба лоиҳаи фармоишҳо ва қарорҳои Академия имзо менамояд.
- аз рӯйи иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Шӯрои олимон, қарорҳои маҷлиси назоратии назди ректор ва фармоишҳои ректори Академия, ки ба зиммаи шуъба гузошта шудааст, назорат бурда, аз рафти иҷрои онҳо ба ректори Академия маълумотнома омода менамояд.
- фаъолияти худро дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва талаботи принсипи волоияти қонун дар соҳаи маориф ба амал мебарорад.
- мураттабсозии санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, қонунҳо, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои Академияро таъмин менамояд.
- риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», ва супоришҳои хизматиро зимни ба амал баровардани уҳдадориҳои мансабӣ таъмин менамояд.
- ҳимояи ҳуқуқ, озодӣ, шароитҳои иқтисодӣ-иҷтимоии кормандони раёсатҳо, шуъбаҳо ва Академияро таъмин мекунад.
- қабул, коркарди сари вақтии ҳуҷҷатҳо ва барои имзо омода намудани онҳоро таъмин менамояд.
- оид ба паҳлуҳои гуногуни ислоҳоти соҳаи маориф, ки аз мулоқоту суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору қонунҳои маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, силсилаи мақолаҳо таҳия менамояд.
- оид ба масъалаҳои дахлдори дар салоҳияташ буда мактубҳои дастурӣ ва ҳуҷҷатҳои дигарро интишор менамояд.