Файзалиев Ҷурахон Ҷумахонович
Мудири кафедраи психология ва сотсиологияи идоракунӣ
Тел: 10-904-96-96
Кафедраи психология ва сотсиологияи идоракунии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 дар асоси сохтори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Кафедраи мазкур яке аз марказҳои муҳими илмию таълимӣ дар сохтори Академия буда, фаъолияти он дар пояи илми психология ва сотсиологияи идоракунӣ сурат мегирад ва ҳалли мушкилоти зиёдеро ба зимма дорад.
Самти асосии фаъолияти кафедра тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳаи идоракунии давлатӣ, гузаронидани таҳқиқоти илмӣ рӯи мавзӯи бунёдии «Масъалаҳои иҷтимоӣ-психологии идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар шароити тағйирёбандаи Тоҷикистон» мақолаю дастурҳо ва барномаҳои таълимӣ таҳия ва таълиф мегардад. Вобаста ба равияи кафедра ва масъалаҳои муҳими дархӯрди ҷомеаи демократӣ дар асоси нақшаи кории кафедра мизи мудаввар ва семинару конфронсҳои илмӣ сурат мегирад. Кафедра нафақат бо фаъолияти илмӣ инчунин бо таълимӣ низ машѓул мебошанд. Ҳайати устодону олимони ботаҷрибаи кафедра дар гурӯҳҳои бакалавр, таҳсилоти фосилавӣ, магистратура, маълумоти дуюм ва курсҳои бозомӯзии такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, истифода аз усулҳои муосири таълим машғулиятҳо мегузаронанд.
Фаъолияти ҳайати устодони кафедра оид ба дониш, маҳорат ва малакаҳои касбӣ дар доираи фаъолияти идоракунии давлатӣ амалӣ мегардад.
Ҳадафи кафедра таҳияи технологияҳои махсуси таълим, сохтори муайяни таъминоти методии тамоми раванди таълим буда, барои тайёр кардани мутахассисоне ҷаҳд мекунад, ки бо донишу малакаҳои зарурии соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ мусаллаҳ буда, технологияҳои муосири идоракуниро хуб донанд. Инчунин дорои сатҳи баланди фарҳангӣ, малакаи коркард ва қабули қарорҳое, ки фаъолияти самараноки мақомотро таъмин месозад, мусоидат намудан ба рушди кадрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини раванди таълим бо барномаҳои касбӣ мансуб дониста мешавад.
Вазифаҳои асосии кафедра:
- Дар донишҷӯён ташаккул додани маҳоратҳои касбӣ, масъулиятнокӣ, ҷаҳонбинӣ, хештаншиносӣ, ҳуввияти миллӣ, ташаккули фарҳанги муосир, тафаккури созанда ва омода намудани мутахассисони касбии соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ дар ҳама зинаҳои идоракунӣ.
- Коркарди барномаҳои таълимии мувофиқ ба самтҳои идоракунии давлатӣ, таъмини усулҳои инноватсионӣ, сифати баланд дар ҷараёни таълим бо назардошти дастовардҳои муосири илмӣ ва амалӣ.
- Таҳлили мониторинги системаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ барои ошкор намудани проблемаҳои соҳаи идоракунии давлатӣ дар ҷумҳурӣ ва ташаккули дурнамои таҳқиқоти илмӣ-амалии он.
- Фаъолияти таълимӣ, илмӣ – методӣ ва илмӣ бо мақсади тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ бо истифода аз дастовардҳои илми муосир ва амалияи пешқадам мебошад.
Кафедра вазифаи худро аз он иборат медонад, ки мутахассисони ҷавон ва хизматчии давлатиро то ба дараҷаи инсони бомаърифат қодир ба ҷаҳонфаҳмию ҷаҳондарккунии мустақилона дар шароити ҷаҳонишавии замони муосир бирасонад. Аз ҳамин нигоҳ, кафедра барои мунтаззам васеъ гардонидани доираи ҷаҳонбинии хизматчиёни давлатӣ, рушд додани тафаккури мантиқӣ – назариявӣ ва баланд бардоштани сатҳи зеҳнии онҳо мекӯшад.
Устодони кафедра дар доираи касби худ дар курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос оид ба психологияи сарварӣ, стресс дар фаъолияти хизматчиёни давлатӣ, психологияи муошират, психологияи идоракунӣ ва сотсиологияи идоракунӣ, таърихи идоракунии давлатӣ, таърихи дипломатияи тоҷик, робитаи мақомоти давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, Татбиқи сиёсати гендерӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Этикаи хизмати давлатӣ ва чандин масъалаҳои мансуб бо ҷомеаи муосир лексияҳо мехонанд.
Дар раванди таълим кафедра ба маҷмӯи вазифаҳое, ки хизматчии давлатӣ дар ҷои кори худ ба ҷо меорад, такя намуда, дар баробари ин омӯзиши улуми инсонӣ ва ҷомеашиносиро ҳамчун маҳаки таълиму тарбияи маънавии хизматчиёни давлатӣ ба асос мегирад.
Фанҳои кафедра ба хизматчиёни давлатӣ ва магистрони Академия бо дарназардошти истифодаи амалии донишҳои азбаркарда дар фаъолияти амалӣ таълим дода мешаванд.
Тазаккур бояд дод, ки кафедра ҷавонони лаёқатманд ва дорои унвонҳои илмиро тарбия менамояд. Дар оянда базаи илмии кафедраро аз рӯи мутахассисони арзандаи соҳаи психология ва сотсиологияи идоракунӣ пурра менамояд.
Айни замон дар кафедраи психология ва сотсиологияи идоркунӣ фанҳои зерин омӯзонида мешаванд:
- Психологияи идоракунӣ;
- Педагогика ва психологияи мактаби олӣ;
- Сотсиологияи идоракунӣ;
- Сотсиология;
- Этика ва эстетика.
Дар назди кафедра маҳфили «Сарвари ҷавон» ва семинари илмии кафедра амал мекунад. Маҳфил ва семинари мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши донишҷуён мунтазам баргузор мегарданд.
Дар кафедра 20 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 3 нафар профессор, 1 нафар номзади илм, 9 нафар дотсент, 3 нафар муаллими калон, 4 нафар ассистент фаъолият намуда истодаанд.